Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи сешанбе сафари зоирони тоҷик шурӯъ шуд ва ширкати ҳавоии “Сомон-эйр” 185 нафарро аз Душанбе ба Ҷидда интиқол дод.

Соли ҷорӣ бори нахуст бо ташаббуси Кумитаи дини вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон зоирон бо либосҳои вижаи хоси Тоҷикистон маросими ҳаҷро адо мекунанд.

ҲАҶ БО ЛИБОСИ ВИЖА. MADE IN TAJIKISTAN

Ин либосҳои вижа ё юниформро ширкати дӯзандагии “Ёқут-2000” дӯхтааст. Ононе, ки субҳи рӯзи сешанбе ба гусели зоирин баромаданд, шоҳиди он буданд, ки дар борхалтаҳои яксони онҳо парчами Тоҷикистон зада шудааст.

Гузашта аз ин, дар либоси мардон ва кунҷи рӯймоли занон низ парчами Тоҷикистон ҷо дода шудааст. Барои ин сару либоси вижа ҳар зиёраткунанда бештар аз 50 доллар пардохт кардааст. То ҳол Туркия низ зоирини худро бо либосҳои вижаи кишвари худ ба ҳаҷ мефиристад ва дар миёни анбӯҳи зиёди одамон пайдо кардани шаҳрвандони кишвар соддатар хоҳад буд. Ба иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон, соли равон барои адои маросими ҳаҷ 5 ҳазору 500 нафар аз Тоҷикистон сабти ном шудаанд.

МАҲДУДИЯТҲО ДАР АДОИ ҲАҶҶ

Вале нуктаи дигар ин аст, ки солҳои ахир ҳамаи хоҳишмандони зиёрати Қаъба наметавонанд ин хости худро бароварда созанд. Масалан, афроди болотар аз сини 80 ва ҷавонони поинтар аз 18 сола бино ба муқаррароти ҷоришуда ин имконро надоранд. Солҳои пеш ширкатҳои хусусии сайёҳӣ асноди довталабонро таҳия ва заминаи адои маросими ҳаҷро фароҳам меоварданд. Вале дар Тоҷикистон ба чунин хулоса расиданд, ки бояд бо ин кор танҳо як ниҳоди ҳукуматӣ машғул шавад ва ҳоло ин корро Кумитаи дини вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон анҷом медиҳад. Ширкатҳои хусусии сайёҳӣ аз ҳаққи таҳияи заминаҳои сафари ҳаҷ ва бурдани зоирон ба Арабистони Саудӣ маҳрум шудаанд.

Бо назардошти чунин равиш, коршиносон мегӯянд, Кумитаи дин ба унвони таҳиякунандаи аслии заминаҳои сафари ҳаҷ дар ин кор рақибе надорад, то дар рақобат бо якдигар, ширкатҳо битавонанд хадамоти беҳтаре ба зоирин пешкаш кунанд.

Сайфулло Расул-аз ширкати “Тоҷиктуризм” мегӯяд, соли гузашта довталабон зиёд буданд ва аз меъёри пешбинишуда ё лимит берун монданд. Ба ин далел “Тоҷикитуризм” бо дархости онҳо хост зоиринро аз ҳисоби ба истилоҳ лимити Қазоқистон ба ҳаҷ фиристад. Вале ҷониби Тоҷикистон ба онҳо ҳавопаймо надод ва ҳатто ҳавопаймои кишвари дигарро дар фурудгоҳ қабул накард. Акнун 11 моҳ аст ширкати “Тоҷиктуризм” дар Алмаато талош дорад аз ширкатҳои қазоқӣ пули зоирини нокомро ба соҳибонашон баргардонад. Сайфулло Расул дар сӯҳбат бо мо чунин гуфт:

Сайфулло Расул: Соли гузашта ба мо шиносҳо муроҷиат карданд ва гуфтанд, ки тибқи саҳмия ба онҳо ҷой нарасидааст. Хоҳиш карданд, ки агар имкон бошад, аз роҳҳои дигар онҳоро ба ҳаҷ фиристем. Мо чанд сол шуд бо ин кор машғул мешудем. Ҳоҷиҳоро бурда меовардем. Соли гузашта, ки соли даҳум буд, мо ба ширкатҳои Қазоқистон муроҷиат кардем. Барои чанд нафар виза дуруст кардем. Рости гап визаҳояшон ҳам каме дертар шуда буд. Дигар сабабҳоро ҳам пеш оварданд, ки иҷозат нест.

Суол: Иҷозат аз тарафи кӣ нашуд?

Сайфулло Расул: Ба мо гуфтанд, ки ширкатҳо ҳуқуқи бурдани ҳоҷиҳоро надоранд. Ба мо самолёт надоданд. Самолёт монеъ шуд. Ба ҳамин хотир зоирон натавонистанд сафари ҳаҷ кунанд. Ҳоло даҳ-ёздаҳ моҳ мешавад, ки барои баргардонидани пули ҳамин зоирон дар ҳамин ҷо дар мусофират азоб кашида гаштаем. Ҳоло кӯшиши мо ҳамин аст, ки ҳамин маблағеро, ки мардум барои ҳаҷ супурдаанд, то ҳади имкон онро гирифта ба соҳибонашон баргардонем.

Суол: Ин маблағҳо дар дасти ширкати шумо аз соли гузашта мондаанд?

Сайфулло Расул: Бале, соли гузашта ба хотири визаву ба хотири меҳмонхонаву Маккаву Мадинаву барои хӯрокашону барои ҳамин. Хайр, акнун зоирон нарафтанд. Ин возеҳ аст. Барои ҳамин акнун талаб мекунанд, ки ман, ки нарафтам, ба ҳар роҳ маблағи маро пайдо карда ба ман расон. Фикр мекунам, ки агар ширкатҳои сайёҳӣ ҳам бо фиристодани зоирон ба ҳаҷ машғул мешуданд, хеле хубтару шояд арзонтару нағзтар мебурданд. Барои он, ки ҳар ширкат кӯшиш мекард, ки хубтар ба ҳоҷиён хидмат кунад, ки соли оянда довталабон барои он ширкат зиёдтар шаванд. Ба истилоҳ конкуренсия ё рақобат бояд вуҷуд дошта бошад. Ҳоло, ки конкуренсия нест, ҳамин хел як миқдор рафта истодаанд, ҳар қадаре, ки саҳмия ҳаст. Ҳар коре, ки конкуренсия дорад, он кор хубтар мешавад, шароити хуб муҳайё мекунанд.

ҲАДАФ АЗ ЗЕРИ КОНТРОЛ ДАРОВАРДАНИ МАРОСИМИ ҲАҶ ЧИСТ?

Мусоҳиби дигари мо Саидумар Ҳусайнӣ-таҳлилгари умури мазҳабӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, бо зери контрол даровардани маросими ҳаҷ ҳукумат ду ҳадафро дунбол мекунад:

Саидумар Ҳусайнӣ: Яке манфиати молӣ ё пулӣ ва дигарӣ монеа гузоштан. Вақте, ки ҳукумат инро монополияи худ сохтааст ва ба ҷуз аз Кумитаи дини назди ҳукумат касе дигар ҳаққи бурдан ва овардани зоирини хонаи худоро надорад, ин бад-он маъност, ки ин ба тиҷорати бисёр бузург табдил шудааст, то ин доираҳо ба нафъи худ истифода баранд ва нагузоранд ҳар ширкати хусусӣ ё афроди ғайриҳукуматӣ аз он истифода баранд. Ба ҳамин хотир дар ин роҳ монеа карданд, то ки дар дасти худашон бошад. Аз тарафи дигар, ҳукумат бо ин кор ҳар тавре, ки хоҳад, ҳамон тавр рафтор мекунад. Як миқдор монеаро вазнинтар мекунанд, ки шумораи зоирин камтар шавад. Мебинем, ки ҳар сол шарту шурути монеагузорӣ зиёд мешавад. Дар ин солҳои ахир ба ғайр аз он пуле, ки 3 ё 3-ним ҳазор муайян шудааст ё чанд, ба ғайр аз он мо шунидем, ки пораҳои зиёде ҳам масъулини зирабт барои анҷоми ҳамин кор дарёфт мекунанд. Ҳатто як рӯз нафаре ба мо муроҷиат мекард, ки пулҳои бонку ҳамаи шарту шуруту русумоташро супоридагӣ ҳастам ва бояд имрӯз дар рӯйхат номи ман ҳам бошад. Мегӯянд, барои он, ки номи туро дар рӯйхат дохил кунем, бояд чанд миқдор пуле ба унвони пора дода шавад.

Суол: Фикр намекунед, ки агар ширкатҳои хусусии сайёҳӣ ҳам бо ин кор машғул шаванд, онҳо дар рақобат бо якдигар талош мекунанд, ки хадамоти беҳтаре ба зоирин пешкаш кунанд, то дар солҳои баъдӣ муштариёнашон бештар шаванд?

Саидумар Ҳусайнӣ: Агар ширкатҳоро мегузоштанд, бубинед чӣ мешуд, аввал ин, ки рақобат ба вуҷуд меомад ва ширкатҳо шояд нархи ҳаҷро камтар мекарданд, ки муштариёнашон зиёд шавад. Дар он сурат муштаринён бештар мешуданд. Вале ҳоло кор рафта истодааст, ки сафи зоирин кам карда шавад. Бо вуҷуди ин, он чизе, ки ҳоло ҳукумат ҳам ба ин хулоса омадааст, ки бояд ин корро дар инҳисори худ бигирад, сабабаш он буд, ки баъзе аз ширкатҳое, ки ба бурдану овардани ҳоҷиҳо машғул буданд, онҳо ҳаққу ҳуқуқи ҳоҷиёнро риоят намекарданд. Барои он, ки чаҳор танга дар дасти онҳо зиёдтар бимонад, барои ҳоҷиҳо хобгоҳҳои хуб намегирифтанд, дар Минову Арафот барояшон хаймаҳо дуруст намекарданд. Ба ҳамин сабаб ҳоҷиҳои мо як миқдор ба заҳматҳо дучор мешуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG