Пайвандҳои дастрасӣ

ВКД: "Назарзода зинда аст ва иҳота шудааст"


Генерал Абдуҳалим Назарзода, муовири вазири дифои Тоҷикистон.

Генерал Абдуҳалим Назарзода, муовири вазири дифои Тоҷикистон.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, генерал Абдуҳалим Назарзода−собиқ муовини вазири мудофиа дар муҳосира қарор дорад, аммо макони аниқи будубоши ӯ то ба ҳол муайян нашудааст.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 13 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кулли роҳҳо бурунрафт аз дараи Ромит зери назорати нерӯҳои қарор доранд ва ин ҳалқа рӯз то рӯз маҳдуд мешавад: “Ҳоло ин гурӯҳро (Абдуҳалим Назарзода) нерӯҳо дар иҳота қарор додаанд. Ҳамаи роҳҳои бурнрафт аз ин мавзеъ зери назорати шадид қарор дорад. Аммо чун дараи Ромит хеле калон аст, бинобар ин ҳоло макони аниқи будубоши ин даста муайян нест.”

Амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар дараи Ромит алайҳи генерал Назарзода ва ҳамроҳонаш аз даҳ рӯз ба ин тараф идома дорад. Натиҷаи охирини амалиёт то ба ҳол ба мо дастрас шуд, ин боздошти панҷ нафар аз ҳамраҳони генерал Назарзода бо панҷ автомати Калашников аст.

Ин дар ҳолест, ки хабаргузории русии "ТАСС" бо такя ба манобеи худ иттилоъ додааст, ки макони будубоши генерал Абдулҳалим Назарзода муайян шудааст. Хабаргузории русии ТАСС рӯзи 13 сентябр бо такя ба манобеи худ, ки аз ҷараёни ин амалиёт огоҳанд, ин хабарро пахш кардааст. Ба иттилои манбаи ТАСС, хабари кушта шудани генерал Назарзодаро на ҳаммаслакони боздоштшудаи ӯ ва на маълумотҳои кашшофӣ тасдиқ накардаанд.

Амалиёти зидди гурӯҳи генерал Назарзода рӯзи 4 сентябр шурӯъ шуд. Субҳи барвақт афроди силоҳбадаст ба Шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Ваҳдат ҳамла карда, баъдан дар Душанбе дар гардиши фурудгоҳ бо ходимони милиса даргир шуданд. Дар натиҷа, 9 корманди ҳифзи ҳуқуқ кушта шуд.

Бинобар иттилои мақомоти қудратӣ, генерал Назарзода аз се қисми низомӣ, ки бинобар ваколатҳои мансабиаш ба онҳо дастрасӣ дошт, аслиҳаву муҳимоти зиёди ҷангиро гирифта, дар се мошини боркашони КАМАЗ ба сӯи дараи Ромит фирор кардааст.

Аз 4 то 12 сентябр дар натиҷаи амалиёти зидди афроди марбут ба генерал Назарзода, беш аз 120 нафар дастгир ва дасти кам 20 нафар кушта шуданд. Мақомот мегӯянд, ки сокинони маҳаллӣ дар дастгир кардани силоҳбадастон кӯмак мекунанд.

Бо як амри президент Эмомалӣ Раҳмон, генерал Абдуҳалим Назарзода рӯзи 4 сентябр барои "содир кардани ҷиноят" аз мақоми муовини вазири дифоъ барканор шуд, аммо рутбаи генералиаш ҳанӯз боқист.

Алайҳи генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини барканоршудаи вазири дифоъ ва полковник Ҷунайдулоҳ Умаров (Эшони Ҷунайдуллоҳ) барои ташкили гурӯҳи террористӣ ва хиёнат бо моддаҳои 305 - “хиёнат ба ватан”, 307 (2) - “ташкили иттиҳоди экстремистӣ”, 309 -“тахрибкорӣ” ва 179 - “терроризм”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Мақомот ҳамчунин ӯро дар касбу азхудкунии объектҳои зиёди тиҷоратӣ айбдор мекунанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8 сентябр тасдиқ кард, ки Ҷунайдулло Умаров, полковники вазорати дифоъ низ бо Абдуҳалим Назарзода дар ташкили ҳамлаи рӯзи 4 сентябр даст дошта, ҳамроҳи ӯ ба дараи Ромит фирор кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG