Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бораи фирори генерал Абдуҳалим Назарзода чандин фарзия матраҳ мешавад: аз талоши пешгирии боздошти эҳтимолӣ, то кӯшиши таббадулоти давлатӣ.

Дар бораи фирори генерал Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон, ки баъди ду даргирӣ рӯ ба сӯи дараи Ромит овард, чандин фарзия матраҳ мешавад: аз талоши пешгирии боздошти эҳтимолӣ, то кӯшиши таббадулоти давлатӣ. Ҳоҷӣ Ҳалим ё Ҳалим Назарзода, генерали вазорати дифои Тоҷикистон субҳи рӯзи 4 сентябр ҳамроҳ бо гурӯҳи мусаллаҳаш бо ходимони вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар гардиши фурудгоҳи Душанбе ва баъдан шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Ваҳдат вориди даргирӣ шуд ва баъди ҳуҷуми нерӯҳои ҳукуматӣ ба сӯи дараи Ромит фирор кард.

Шоми ҳамон рӯз бо фармони раисҷумҳур, “бо сабаби содир кардани ҷиноят” аз вазифа озод карда шуд. Бо гузашти як ҳафта аз ин таҳаввулот, ин савол дар фазои кишвар чарх мезанад, ки ин ҳама чӣ маънӣ дорад ва Назарзода бо ин ҳуҷум чӣ пайғом дод ва чаро ба кӯҳу пушта фирор кард? Нафарони огоҳ ва низомиёни собиқ мегӯянд, фирори Назарзода ба кӯҳу пуштаҳо чизе “беш аз як саркашии кӯчаки низомӣ” нест ва ба амнияти кишвар дар кулл таҳдиде надорад. Аммо ҳамсӯҳбатони мо, ки худи шахси Назарзодаро аз наздик мешиносанд, мегӯянд генерали фирорӣ, бо назардошти мақому мансаб ва боигарие, ки дошт, тани танҳо наметавонист ба “муқовимат зидди нерӯҳои давлат ҷуръат кунад”.

Чаро “аввалин кабутари сулҳ” алайҳи давлат исён кард?

Саиданвар Камолов, собиқ раиси Кумитаи амнияти миллӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 9 сентябр гуфт, Назарзода тани танҳо наметавонист даст ба исён занад. Вай мегӯяд: “Пас аз таҳлили далелҳои шайъие, ки дар даст ҳаст ва аз таҷрибаи муфаттишии худам мегӯям, ки ба эҳтимоли зиёд, дӯстон ва ҳамаслакони собиқ ӯро мутақоид сохтаанд, ки “ту оғоз кун, мо ҳама омода ҳастему аз қафои ту мехезем”. Чунки як нафар тани танҳо ҳеҷ вақт ин хел ҷуръат намекунад ва ба ин роҳ ҳам намеравад”, гуфт ӯ.

Ҷаноби Камолов афзуд, чандест ӯ машғули навиштани китобе дар мавриди таҷрибаи сулҳи тоҷикон аст ва ба ин хотир як моҳ қабл бо худи Назарзода мулоқот карда буд. Аммо Камолов мегӯяд Ҳоҷи Ҳалим бо

Саиданвар Камолов. Акс аз Би-би-си

Саиданвар Камолов. Акс аз Би-би-си

амалкарди охираш кулли гуфтаҳои болобаландашро дар марвиди сулҳу осоиштагӣ мисли коҳ ба бод дод ва ӯ низ ин порчаи китобро яксӯ гузоштааст. Вай ин мулоқотро чунин ба ёд овард: “Ман бо ҳамин шахс мулоқот доштам, тақрибан як моҳ пеш. Гуфтам, ки ту “аввалин кабутари сулҳ” будӣ, роҳбарии нахустин баталйони 25−и аз ҳисоби собиқ размандагони ИНОТ бударо ба ӯҳда доштӣ. Ӯ дар ин сӯҳбат дар марвиди сулҳу осоиштагӣ ин қадар гапҳои болобаланде зад...

Мегуфт, касе набояд ин амнияту осоиштагии моро халалдор кунад. Аммо ҳоло мефаҳмам, ки гап дигару кор дигар будааст. Маълум мешавад, инҳо ҳамон кинаву адовате, ки доштанд, аз дилашон берун накардаанд. Ман мефаҳмам, ки ҷомеа бекамбудӣ намешавад, аммо ин маънои онро надорад, ки силоҳ гирифта ба сари миллати худ тир кушоӣ!? ”, гуфт ӯ. Қазияи исён ва фирори генерал Назардодаро беш аз ҳама ин шабу рӯз матбуот ва дигар расонаҳои Русия пӯшиш медиҳанд. Фарзияҳои гуногун ва рангобаранг низ бештар аз даҳони коршиносони Русия садо медиҳад.

Яке амалкарди Назарзодаро “кӯшиши бебарори табаддулоти давлатӣ” ва дигарӣ онро “исёни генерали норозӣ аз сиёсатҳои охири ҳукумат” арзёбӣ мекунад. Аммо ҳамсӯҳбатони мо аз шумори низомиёни пешин, ки ӯро мешинохтанд, мегӯянд, бо ҳар қасде, ки генерал Назарзода худро ба домани кӯҳҳои дараи Ромит наандохта бошад, поёни қазия аз қабл маълум аст, ки бо нобудӣ ва ё бо боздошти ӯ анҷом меёбад. Нуралишоҳ Назаров, генерали мустаъфӣ ва собиқ муовини раҳбари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд дараи Ромит бо релефи бисёр мураккаби хуб барои гузаронидани амалиёти низомӣ ноқулай аст, аммо бо ин вуҷуд дер ё зуд нерӯҳои давлатӣ Назарзодаро боздошт мекунанд.

Вай гуфт: “Ман таҷрибаи гузаронидани амалиёт дар Ромитро дорам ва медонам, ки ёфтани як гурӯҳи хурд дар ин дара кори душвор аст. Аммо

Нуралишо Назаров

Нуралишо Назаров

нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамаи роҳҳои бурунрафт аз ин дараро назорат мекунанд ва Назарзода ҳеҷ кор карда наметавонад ва ман боварӣ дорам, ки албатта ӯро дастгир мекунанд”. Ҷаноби Назаров афзуд, ки ӯ то ба ҳол ҳайрон аст, чаро генерал Назарзода фикри ояндаи фарзандонаш, молу сарват ва мансабашро накарду якбора даст ба чунин кори хунине зад? “Агар ӯ зинда боздошт шавад, дақиқан ба ин савол танҳо худи ӯ ҷавоб дода метавонад,” – гуфт Нуралишоҳ Назаров. Абдуҳалим Назарзода маъруф бо исми “Ҳоҷӣ Ҳалим” аз фармондеҳони собиқ ИНОТ буд, ки баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ дар соли 1997 ба Тоҷикистон омад.

Ҳамон сол бо пешниҳоди Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари собиқи ИНОТ командири баталйони 25 таъин шуда, рутбаи полковникӣ гирифт. Аз соли 2003 то 2005 шунавандаи Академияи ҳарбии Фрунзеи Маскав будааст.То таъйин шуданаш ба вазифаи муовини вазири мудофиа дар мақоми сардори Раёсати Хадамоти қӯшун ва бехатарии вазорати мудофиа кор мекард. Аз 18-уми январи 2014 муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон таъин шуда буд.

Субҳи рӯзи 4 сентябр ӯ ҳамроҳ бо гурӯҳаш бо нерӯҳои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар гардиши фурудгоҳи Душанбе даргир шуда бо ҳамин ба сӯи дараи Ромит фирор кард. Шоми ҳамон рӯз бо фармони раисҷумҳур “бо сабаби содир кардани ҷиноят” аз вазифа озод карда шуд. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки акнун даргирӣ ва фирори генерал ба он рабт дода мешавад, ҳама гуна пайванд ва ҳамкориро бо Назарзода рад мекунад ва мегӯяд, Ҳоҷӣ Ҳалим баъди шомил шудан ба ҳукумат аз ҲНИТ берун шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG