Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

​Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо истиқбол аз ташаббуси парлумони вилояти Маскав ҷиҳати афви муҳоҷирон изҳори умед кард, ки ин ибтикор дар вилоятҳои дигари Русия низ пуштибонӣ пайдо хоҳад кард.

Дар Думаи вилояти Маскави Русия тарҳи санадеро таҳия кардаанд, ки алакай дар матбуот “қонуни афви муҳоҷирон” ном гирифтааст. Ҳадаф аз ин санад таҳияи шароит барои қонунӣ гардондани будубоши беш аз 300 000 муҳоҷирест, ки имрӯз дар ин вилоят ба таври ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекунанд.

Николай Черкасов, муовини раиси кумитаи ҳокимияти давлатӣ ва амнияти минтақавии Думаи вилояти Маскав гуфт, "имрӯз масъалаи бардоштани ташаббуси қонунгузорӣ ҷиҳати амалӣ кардани афви муҳоҷирон пеш омадааст." Ба гуфтаи Черкасов, садҳо ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ дар вилояти Маскав "дар чорчӯби қонунҳои мавҷуда, ҳатто агар хеле инро бихоҳанд ҳам, ҷисман наметавонанд худро сабти ном кунанд. Онҳо бояд қаламрави Русияро тарк кунанд ва агар ягон қонуншиканӣ карда бошанд, дар он сурат барои 5-7 сол ҳаққи вуруд ба қаламрави Русияро аз даст медиҳанд."

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 30 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сафорат аз ин ташаббус истиқбол мекунад. Ӯ гуфт, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти моҳи июлаш бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар Уфа масъалаи ироаи сабукиҳо ба муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла афви муҳоҷирони ихроҷшударо матраҳ карда буд.

Имомуддин Сатторов

Имомуддин Сатторов

"Ҳамин тавр, сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов низ дар сатҳҳои мухталиф – дар Думаи давлатӣ, Шӯрои федеросиюн ва ниҳодҳои дигари давлатии кишвари иқомат борҳо масъалаи афви муҳоҷиронро бардоштааст. Чунки шумори муҳоҷирони тоҷике, ки ҳаққи вуруд ба Русияро аз даст додаанд, қариб ба 300 000 нафар мерасад ва аксари онҳо барои қонуншиканиҳои хеле хурде резае аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд," -- афзуд Эгамзод.

Черкасов, ки рӯзи 28 октябр дар як мизигирди пиромуни масоили муҳоҷират ташкилдодаи Думаи вилоятӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ин афви муҳоҷирон дар чорчӯби Консепсии нави сиёсати муҳоҷирати вилояти Маскав амалӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, консепсияи вилоятӣ мутобиқи консепсияи федеролии Русия таҳия мешавад, вале бо дарназардошти шароити вилояти Маскав ва бояд шароитеро ба вуҷуд биорад, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ имконӣ қонунӣ гардондани будубоши худ дар қаламрави вилоятро ба даст биоранд.

Александра Сапа, вакили дигари Думаи вилояти Маскав гуфт, “мо ҳоло мебинем, ки шумори муҳоҷирон меафзояд, нигаронии диаспораҳо низ боло меравад, чунки ҳуқуқи муҳоҷирон ҳамчунон поймол мешавад. Вақте ки онҳо ба таври расмӣ сабти ном нашудаанд, маълум аст, ки корфармоён метавонанд маоши онҳоро надиҳанд, бо манзили муносиб таъмин накунанд, аз табобати онҳо сарфи назар кунанд. Яъне ин мушкилот мисли кӯҳест, ки торафт ҷамъ мешаваду ҷамъ мешавад. Ба назари ман, дар чунин шароит танҳо таҳияи чунин як консепсияи ягона метавонад ин мушкилро аз байн барад.”

Ба ҳисоби ФМС- Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, дар ҳоли ҳозир 148 000 муҳоҷир аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум шудаанд. Ба гуфтаи Алексей Сичёв, муовини раҳбари ФМС дар вилояти Маскав, танҳо аз аввали соли равон аз ин вилоят ҳудуди 34 000 муҳоҷирро ихроҷ кардаанд.

Вилояти Маскав баъди шаҳри Маскав дувумин макони бузурги кору зиндагии муҳоҷирон аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ба шумор меравад. Танҳо дар шаҳру вилояти Маскав, бино ба ҳисобҳо, то 300 000 муҳоҷир аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар ҳудуди 1 миллион нафар баровард мешавад ва бино ба оморҳо, қариб 300 000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд.

Ҳоло тибқи қонунҳои муҳоҷирати Русия, муҳоҷир ҳатто барои ду қонуншикании маъмурӣ, аз ҷумла ҳатто барои напардохтани пули телефон ё ҷарима барои бо суръати баланд рондани мошин, метавонад аз қаламрави ин кишвар берун карда шавад ваё, агар аллакай ба зодгоҳи худ баргашта бошад, дар ғайбаш аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум шавад. Бисёриҳо баъди бозгашт ба Русия танҳо ҳангоми гузаштан аз хатти марзи ин кишвар мефаҳманд, ки дар “рӯйхати сиёҳ”-анд ва ноилоҷ маҷбур мешаванд, хароҷоти бузурги пули роҳ дар гарданашон бо ҳамон ҳавопаймо ба зодгоҳи худ баргарданд.

Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия моҳи июн дар мулоқот бо Андрей Исаев, муовини раиси Думаи давлатӣ ва раиси фирқаи ҳизби ҳокими “Единая Россия” пешниҳод кард, ки Маскав имкони қонунӣ гардондани тамоми муҳоҷирони тоҷик аз тариқи эълони як афви муҳоҷирон, аз ҷумла барои онҳоеро, ки дар қаламрави ин кишвар ягон ҷиноят содир накардаанд, баррасӣ кунад. Оқои Сатторов гуфт, мақоми қонунӣ ба даст овардани муҳоҷирон ба нафъи ҳарду кишвар аст, чунки имкон медиҳад, то ин қишри бузург аз бахши соягии иқтисоди Русия берун оварда шуда, ҳифзи иҷтимоиву ҳуқуқии онҳо боло бурда шавад ва аз фасод дар бозори муҳоҷират ҷилавгирӣ шавад.

ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия - дар моҳи июн, дар пайи ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё пайвастани Қирғизистон эълон кард, ки то 267 000 муҳоҷири қирғизро аз “рӯйхати сиёҳ”-аш хат мезанад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG