Пайвандҳои дастрасӣ

"Вақте ҷасади Умаралиро нишон доданд, рӯяш сиёҳ шуда буд"


Акси Умаралӣ Назаров

Акси Умаралӣ Назаров

Волидони Умаралӣ мегӯянд, бо ташхиси тиббӣ-додгоҳии ҷасади фарзандашон, ки мегӯяд, гӯё аз вируси шадиди респираторӣ фавтидааст, розӣ нестанд ва ташхиси дубора хоҳанд гузаронд.

Ҷониби ҳимояи парвандаи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров мегӯяд, ки муоинаи мустақили тиббӣ-додгоҳӣ анҷом хоҳанд дод.

Дар як сӯҳбати видеоӣ аз Санкт Петербург Рустам Назаров ва Зарина Юнусова - падару модари ин кӯдак ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бо натиҷаҳои аввали муоинаи тиббӣ-додгоҳӣ комилан розӣ нестанд. Дар натиҷаҳои муоина гуфта мешавад, ки гӯё кӯдак аз бемории шадиди распираторӣ ё роҳҳои нафаскашӣ даргузаштааст.

Вале Рустам Назаров мегӯяд, вай баъд аз дидани ҷасад кӯдакро нашинохтааст ва ҳатто шак дорад, ин ҷасад фарзанди вай бошад. “Бори аввал, вақте бо тағоям рафта ҷасадро дидем, рӯяшро то сари сина боз карданд. Ҳамон вақт гуфтам, ки ин бачаи ман нест. Тағоям ҳам омад ва гуфт, ки ин Умаралӣ нест. Бинӣ, лаб ва чашмонаш сиёҳ шуда буд.”

Падари Умаралӣ мегӯяд, баъд аз як ҳафтаи ин ҳодиса ҳамроҳи модараш низ ба диданиҷ асад арфтаанд. “Модарам ҳам кӯдакаро нашинохт. Дасти тарафи росташ низ то оринҷ сиёҳ шуда буд. Пушти сари ҷасадро нишон надоданд. Лекин аз пушти сар то гардан бурида буданд. Мегӯянд, ки пушти сарашро кушодаанд. Ҳамин хел то зери ноф чок кардаанд. То ҳол ба мо намегӯянд, ки сабаби асосии марги ӯ чӣ аст. Гоҳ мегӯянд, ки аз бемории роҳи нафаскашӣ мурд, гоҳ мегӯянд, ки заҳролуд шудааст ва гоҳ мегӯянд, аз хунукӣ мурдааст. Лекин то ҳол ҷавоби дақиқ надодаанд, ки сабаби марги Умаралӣ чӣ буд?”

Рустам мегӯяд, дар ҳама ҷо овоза кардаанд, ки гӯё онҳо дар таҳхона зиндагӣ мекунанд ва шароити зисти муносибро барои нигоҳубини кӯдак надоранд. Вале ӯ ин овозаҳо бофта медонад ва мегӯяд, хонаводаи онҳо дар табақаи якум дар хонаи дуҳуҷраӣ дар шароити муносиб зиндагӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин дар ҳар бозпурсие, ки бо падару модар ва наздикони кӯдак сурат гирифтааст, то ҳол шароити номуносиби зистро сабаб нишон дода, дар марги Умаралӣ худи падару модарашро гунаҳкор мекардаанд.

Аз сӯи дигар, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ падару модари кӯдак изҳори норизоятӣ карданд, ки бидуни иҷозаи онҳо ҷасади фарзандашонро боз кардаанд ва “ҳар кореро, ки мехостаанд, бо ин ҷасад кардаанд”. Ҳоло Рустам ва Зарина аз консулгарии фахрии Тоҷикистон кумак хостаанд, то барои анҷоми муоинаи тибби додгоҳии дувум ба онҳо ёрӣ намояд.

Назар Мирзода, консули фахрии сафорати Тоҷикистон дар Санкт-Петербург мегӯяд, ҳар кумаки мумкин ва лозимро дар ихтиёри хонаводаи кӯдак мегузорад ва аз рӯзҳои аввал консулгарӣ бо ҷониби ҳимоя ҳамкорӣ мекунад. Ҷониби ҳимоя бо хулосаҳои муоинаи тиббӣ-додгоҳии аввал, ки дар яке аз бемористонҳои шаҳри Санкт-Петербург анҷом гирифтааст, комилан розӣ нест. Назари Мирзода мегӯяд, бо нигоҳи одӣ пай мебарӣ, ки ин кӯдак аз беморӣ нафавтидааст ва он чӣ ки бемории шадиди распираториро сабаби марг эълон карданд, воқеият надорад.

Оқои Мирзода мегӯяд, бояд дар ин парванда Надежда Степанова, раҳбари бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳияи Адмиралтийск ва Юрий Березин, раҳбари ШКД-и ноҳияи мазкур низ мавриди пурсиш қарор бигиранд ва дар сурати мавҷуд будани унсурҳои ҷиноят дар рафторашон бояд ба муҷозот кашонда шаванд.

Шоми 28 октябр дар Кумитаи тафтишотии шаҳри Санкт-Петербург бо дархости консулгарии фахрии Тоҷикистон дар ҳузури вакили мудофеъ ва модаркалони кӯдак чанд корманди пулис ва хадамоти федеролии муҳоҷиратро бозпурсӣ кардаанд ва мушоҳида шудааст, ки нишондодҳои онҳо ба якдигар дуруст намеояд. Ҳоло Кумитаи тафтишоти шаҳри Санкт-Петербург иҷозаи гирифтани ҷасади кӯдакро содир кардааст. Вале Назари Мирзода мегӯяд, онҳо омода ҳастанд, ки аз ҳисоби худ барои исботи ҳақиқат дар Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон ё кишвари дигар муоинаи дувуми тиббиро анҷом диҳанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, қазияи марги Умаралиро пайгирӣ доранд ва сухангӯи Кремл рӯзи 28 октябр эълон кард, ки раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин низ аз ҳодиса огоҳ будааст. Ҳоло дар робита ба марги ин тифли панҷмоҳаи тоҷик, ки дар Тоҷикистону Русия ва берун аз он вокунишҳои мухталифро ба бор овард, аз рӯи моддаи 109-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне "аз беэҳтиётӣ ба марг расондан парванда боз шуда, тафтиш идома дорад.

Умаралӣ Назаров рӯзи 13 октябри соли ҷорӣ, баъд аз боздошти модараш Зарина Юнусова – шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми нақзи муқаррароти муҳоҷират, дар идораи пулис даргузашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG