Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикон қаҳрамонҳои миллӣ доранд?


Акс аз саҳифаи Масъудҷон Ғафурӣ дар Фейсбук

Акс аз саҳифаи Масъудҷон Ғафурӣ дар Фейсбук

Соҳибназарони тоҷик таблиғи қаҳрамонҳои миллӣ ба хотири ташаккули эҳсоси ифтихор ва ватандӯстии мардумро муҳим медонанд ва мегӯянд, намунаҳои барҷаста барои пайравӣ бояд бошанд.

Масъудҷон Ғафурӣ, як муҳаққиқи ҷавони тоҷик дар шабакаи Фейбсук таҳти унвони “Фарзандони бузурги халқи тоҷик” исми 75 шахсияти таърихиро нашр кардааст. Рӯйхати Масъудҷон Ғафурӣ аз Тураҷ – подшоҳи Ориёнвиҷ, ки баъдан Тӯрон ном гирифт, оғоз ёфта, ҳамчунин шахсиятҳое, чун шоҳ Виштосп, Зардушт, Томирис, Шерак, шоҳ Хушнавоз - асосгузори Хуталон, Спитамен, Вахшунвар – подшоҳи эфталиён, Рухшона – ҳамсари тоҷики Искандари Мақдунӣ, лашкаркаш Баҳроми Чӯбина, Абӯмуслими Хуросонӣ, Муқаннаъ, Яҳё Бармакӣ, Маҳмуди Торобӣ, аз адибону донишмандон Ибни Сино, Носири Хисрав, Рӯдакӣ, Берунӣ, Форобӣ, Имом Ал-Бухорӣ, Баҳовуддини Нақшбанд, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомӣ, Бедил, Яъқуби Чархӣ, Аҳмади Дониш ва аз шахсиятҳои як садаи охир Шириншо Шотемур, Айнӣ, Ғафуров, Бачаи Саққо, Аҳмадшоҳи Масъуд ва Саид Абдуллоҳи Нуриро дар бар мегирад.

https://www.facebook.com/masudjon.khalikov/posts/1650679841845413

Масъудҷон Ғафурӣ рӯзи 12 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз нашри ин рӯйхат ҳадафи хосе надошт, фақат: “Шояд ҳамон ҳиссиёте, ки кас мехоҳад худро муаррифӣ созад ва бо қаҳрамонони хеш бифахрад. Шояд ҳамин бошад.” Ба ақидаи ҳамсӯҳбати мо, донистани қаҳрамонҳояш ба мардум як эҳсоси сарбаландии бештар ва намунаҳое барои ибрат ва пайравӣ медиҳад. Ӯ мегӯяд, таблиғи қаҳрамонҳо ба хотири ташаккули ҳисси ватандӯстии мардум дар Ғарб, барои мисол, хеле зиёд мушоҳида мешавад ва хуб аст, ки айни кор дар Тоҷикистон ҳам анҷом шавад: “Хеле хуб мешуд, агар ин тавассути телевизионҳо ба роҳ монда шавад, вале ба он андоза ки дар Ғарб аст, мо ҳанӯз фарсахҳо дурем.”

Рӯйхати нашркардаи Масъудҷон Ғафурӣ дар Фейсбук баҳси гармеро ба бор овардааст. Аксар аз ин ташаббус тарафдорӣ мекунанд ва мегӯянд, ки он барои тарбияи рӯҳияи ватандӯстии мардум муҳим аст. Аммо гурӯҳи дигар нашри чунин рӯйхатҳоро идомаи гузаштагароии мардуми тоҷик, бахусус зиёиёнаш меноманд, яъне:

Гирди номи падар чӣ мегардӣ,

Падари хеш шав, агар мардӣ.

Қодири Рустам

Қодири Рустам

Аммо адиби тоҷик Қодири Рустам таблиғи қаҳрамонҳои миллиро бавижа дар шароити Тоҷикистони имрӯза, ки мардумаш ба далели мушкилоти зиндагӣ ва азоби муҳоҷират як андоза эҳсоси ҳақирӣ мекунанд, аз чанд зовия зарур мешуморад: “Албатта, зарур аст. Аввалан, эҳсоси худшиноси мардумро боло мебарад. Баъдан, як навъ раҳнамост барои насли ҷавон. Ба ин восита мо метавонем таърихамонро хубтар биомӯзем. Ба ин восита ба насли ҷавонамон намунаҳои ибрат нишон бидиҳем. Бубинед, ҳатто вақте дар як мусобиқа варзишгари тоҷик пирӯз шавад, парчами Тоҷикистонро мебардоранду гимнашро менавозанд ва ин дар дили мардум чӣ қадар эҳсоси ғурур ва ифтихорро ҷойгир мекунад.”

Талошҳои қаҳрамонсозӣ дар Тоҷикистон аз замони Шӯравӣ ба ин тараф ҳамеша идома дошт, вале чӣ дар он даврон ва чӣ дар аҳди истиқлолаш, ба ақидаи нозирони умур, рангу оҳанги ошкори сиёсиву идеологӣ дошт. Дар замони Шӯравӣ таблиғи заҳмати сахт дар саҳрову корхонаҳо зиёд таблиғ мешуд ва ҳатто ба ин манзур унвони ифтихорие бо номи “Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ” ҳам сохта буданд. Бахши дигари қаҳрамонсозии он айём қаҳрамонтарошӣ аз раҳбарони давлати Шӯравӣ – Владимир Ленин, баъди ӯ – Иосиф Сталин ва ҳар раҳбари дигари баъди онҳо буд.

Дар замони истиқлол, ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати мо, ҷои Ленинро Исмоили Сомонӣ гирифт ва дар солҳои охир таблиғи хидматҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба мадди аввал омадааст. Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дар қатори Садриддин Айнӣ, Шириншо Шотемур, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва Нусратулло Махсум яке аз 6 “Қаҳрамони Тоҷикистон” мебошад. Дар ин авохир пешниҳодҳое ҳам баланд мешаванд, ки ба ӯ унвони "Пешвои миллат" дода шавад.

Қодири Рустам аммо мегӯяд, додани оҳанги сиёсӣ ба таблиғи қаҳрамонҳо обрӯи ин ташаббусро хурд мекунад. Ӯ мегӯяд, бахусус дар қаҳрамон сохтан аз руҷули сиёсӣ бояд эҳтиёт кард: “Бояд ба ходимони сиёсӣ танҳо баъди тай шудани давраи раёсаташон баҳогузорӣ кард. Ин як. Сониян, набояд қаҳрамони як гурӯҳи сиёсӣ ё як минтақаро ҳамчун қаҳрамони саросарӣ таҳмил шавад. Бахусус дар Тоҷикистони кунунӣ, ки мардум ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо шудааст. Вале мо имрӯз шахсиятҳое, ки барои ҳамаи гурӯҳҳо ҳамчун шахсиятҳои намунаи ибрат мақбул дошад, хеле кам дорем. Онҳое ҳам, ки доштем, дидем ки обрӯи дар тӯли солиён бо сӯзан ҷамъкардаи худро, дар як они воҳид бо панҷшоха ба бод доданд.”

Айни мушкил байни мардумони ҳамсоя дар минтақа ҳам вуҷуд дорад, ки қаҳрамони як халқро халқи дигар баръакс шахсияти барои таърихаш манфӣ мешуморад. Барои мисол, шахсияти Амир Темур дар Узбакистон зиёд таблиғ мешавад, вале назарҳо нисбат ба нақши таърихии ӯ дар кишварҳои дигар асосан манфист.

Қодири Рустам мегӯяд, дар ҳар сурат таблиғи қаҳрамонҳо ба маъное нест, ки мардуми тоҷик боз ҳам ба гузаштагароӣ дода шавад ва аз имрӯзаш фориғбол бимонад. “Нигоҳи мардум бояд ҳамеша ба сӯи имрӯзу фардояш бошад, на ба қафо. Мутаассифона, мо имрӯз мисли гузаштагонам шахсиятҳои зиёдеву ҷои зиёде барои ифтихор надорем,” – мегӯяд ин адиби тоҷик.

Масъудҷон Ғафурӣ вале мӯътақид аст, ки дар ҷомиаи имрӯза ҳам метавон агар қаҳрамон ҳам не, шахсиятҳои намунаи ибрат пайдо кард. Ӯ мегӯяд, ҳоло дар бораи яке аз чунин намунаҳо - Ҳоҷӣ Мирзо, як рӯҳонии маъруфи муқими Кӯлоб - китоб менависад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG