Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Л. Кимёгарова: Падари маро тӯҳмат кушт (ВИДЕО ва 16 АКС)


Борис Кимёгаров бо Бимбулат Ватаев ва Ҳошим Гадоев - иҷрокунандагони нақшҳои Рустаму Сӯҳроб

Борис Кимёгаров бо Бимбулат Ватаев ва Ҳошим Гадоев - иҷрокунандагони нақшҳои Рустаму Сӯҳроб

Духтари коргардони маъруфи синамои тоҷик Борис Кимёгаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи филмҳои падараш бар пояи достонҳои "Шоҳнома", муттаҳам шудани ӯ ба "аз худ кардани пул" дар поёни умраш қисса кард.

Агар умр вафо мекард, коргардони маъруфтарини “Тоҷикфилм” Борис Кимёгаров имсол 95-сола мешуд. Муаллифи маъруфтарин филмномаҳо аз рӯи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ соли 1979 дар 59-солагӣ даргузашт. Зиндагии ӯ дар баробари парвозҳои баланду шӯҳрати нотакрор, бахусус дар солҳои охири зиндагиаш пурчолиш ва то ҷое фоҷеабор будааст.

Аз рӯи қиссаҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар маҷмӯъ дар фосилаи солҳои 1961 то 1976 Борис Кимёгаров чаҳор филми бадеӣ бардоштааст, ки инқилобе дар санъати филмсозии Тоҷикистони шӯравӣ арзёбӣ мешаванд. Инҳо: “Ливои оҳангар” (“Пламя кузнеца”), “Достони Рустам” (“Сказание о Рустаме”), “Рустам ва Сӯҳроб” (“Рустам и Сухроб”) ва “Достони Сиёвуш” (“Сказание о Сиявуше”).

Борис Кимёгаров

Борис Кимёгаров

Дар баробари шӯҳрати зиёд ва исми мондагор дар таърихи синамои миллии тоҷик, заҳматҳои коргардон бар сари ин филмномаҳо барояш сарнавиштсоз шуданд. Дар соли 1976 бо шикояти гурӯҳи кормандони “Тоҷикфилм” масъулини филм дар азхудкунии маблағҳо муттаҳам ва дасти кам ду нафар маҳкум ба зиндон шуданд. Кимёгаровро мунаққидон барои нодидагирии арзишҳои миллӣ, такя ба забони русӣ ва ҷалби ҳунарпешаҳои ғайритоҷик танқид мекарданд.

Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Тел-Авиви Исроил фарзанди ягонаи Борис Кимёгаров – Лилия Кимёгарова (то соли 1990 - коргардони филмҳои мустанад дар “Тоҷикфилм”) дар бораи гирудорҳои падараш нақл кард.

Озодӣ: Чӣ тавр падаратон ба қароре омаданд, ки бояд аз рӯи “Шоҳнома” филм бардоранд?

Лилия Кимёгарова: Дар студияи “Тоҷикфилм” аз солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон як сенарие ба қалами муаллифони маъруф он давр Евгений Помешиков ва Николай Рожков монда буд. Ин филмро бо исми “Ливои оҳангар” бояд режиссёри маъруф Сергей Юткевич бояд наворбардорӣ мекард. Падарам бо матни он шинос шуд, барояш хеле писанд омад ва ӯ ҳамингуна ба “Шоҳнома”-бардорӣ шурӯъ кард. Дар ин филмномаҳо маъруфтарин ҳунарпешаҳои шӯравии Тоҷикистон – Муҳаммадҷон Қосимов, Гурминҷ Завқибеков, Дилбар Қосимова, Марат Орипов нақш бозӣ кардаанд. Чанд соли баъд падарам як сенаристи маъруфи дигар – Григорий Колтуновро даъват кард ва аз ӯ хост, ки идомаи қиссаҳои “Шоҳнома”-ро дар бораи саргузаштҳои Рустаму Сӯҳроб ва Сиёвуш иншо кунад. Дар Маскав, дар назди режиссери маъруф Юрий Любимов падарам ҳунарпешаи хеле зебову баландқомат Бимбулат Ватаевро дид ва маҳз ӯро барои иҷрои нақши Рустам даъват кард. Ин қарор дуруст буд, чунки Ватаев нақши паҳлавони шӯҳратёрро хеле хуб ва бошаҳомат иҷро кард. Ҳамчунин ҳунарпешаҳо аз Ӯзбакистону Гурҷистон ҳам буданд. Аз миёни актёрҳои дохилӣ Сайраму Майрам Исоеваҳо, Ҳошим Гадоев, дигар аъзои ҳамешагии тими падарам ҳам нақш бозӣ карданд. Дар филм оҳангсози озарӣ Ориф Меликов, рассоми тоҷик Шавкат Абдусаломов ва дигар шахсиятҳои боистеъдоду ҳунарманд кор кардаанд. Ин филм ба падарам маъруфияти зиёд овард, ҷоиза гирифт.

Озодӣ: Аз сӯи дигар, маҳз ҳамин мавзӯъ, яъне ҷалби ҳунарпешаҳои ғайритоҷик баъдан мояи интиқод ва норизоияти адабиётшиносону мунаққидони ҳунарӣ шуд. Мегуфтанд, чӣ тавр мешавад, ки як паҳлавони тоҷик – Рустамро як осетин бибозаду Таҳминаро як ҳунарпешаи ӯзбакистонӣ (Светлана Норбоева)? Ин масъаларо дар анҷумани синамогарони тоҷик ҳам дар соли 1976 аз минбари баланд матраҳ карда буданд.

Лилия Кимёгарова: Ба фикри ман, Бибо Ватаев нақши Рустамро хеле хуб иҷро кардааст. Бале, падарамро аз ин ҷиҳат зиёд интиқод кардаанд. Вале маводи бадеии пешниҳодшуда, қаҳрамонҳои интихобшуда ҳам чунон воқеӣ ва шоиста бозӣ кардаанд, ки ба назар мерасад, баъдан онҳое, ки ин филмро қабул мекарданд, бо интихоби коргардон розӣ шуданд.

Озодӣ: Ҳоло мехоҳам ба мавзӯе рӯ биёрем, ки баъди 10 соли марги падар шумо дар мустанади “Хотираҳо”-и худ ҳам дар бораи падар ба он ишорае кардаед. Маълум мешавад, ки падари шумо ва масъулини филмро дар қонуншиканиҳои молӣ айбдор кардаанд. Ин чӣ моҷарое буд, ки кор то додситониву суду зиндон рафта буд?

Лилия Кимёгарова: Ҳарчанд ман намехоҳад дар бораи ин хотираҳои бад фикр кунаму танҳо дар ёди чизҳои хуб бошам, вале воқеият ин шуд, ки ҳамин моҷароҳо баъдан дар вазъи саломатии падар ва зиндагии баъдии ӯ таъсиргузор шуд. Ин як марҳилаи хеле баде дар зиндагии хонаводаи мо буд. Ҳама чиз аз он ҷо шурӯъ шуд, ки дар як ҷаласаи ҳизби марказии коммунистии Тоҷикистон касе гуфтааст, ки ба ҳангоми бардоштани филмҳои “Достони Рустам” ва “Рустаму Сӯҳроб” пулҳои калон, яъне 1 миллион рубл обу лой шудааст. Ин пули хеле калон буд ва бисёриҳо бовар карданд, ки Кимёгаров ин пулҳоро ба кисаи худ задааст. Дар киностудия тафтиш сар шуд ва ин тафтишҳо чанд сол давом кард. Директори филм ва режиссёри дуюм зиндонӣ шуданд, онҳо муддати дароз паси панҷара буданд. Ман он рӯзро низ хуб дар ёд дорам, ки падари маро ба бозпурсӣ бо паспорташ даъват карданд. Он рӯз ӯро ҳам зиндонӣ карданд. Вай бемории қанд дошт ва тамоми рӯз дар зиндон ҳолаш хеле буд шуд. ба шарофати дӯсти хеле хуби мо Давлат Худоназаров, ки шоми он рӯз дар бораи аҳволи падарам ба Мирзо Турсунзода хабар дод, падарам озод шуд. Вай кӯмаки асосиро кард ва ба афроди зарурӣ занг заду падарамро озод карданд. Аммо тафтиш тамом нашуд ва ҳатто баъд, вақте падарам бо наворбардории филми “Человек меняет кожу” (“Одам пӯсташро иваз мекунад”) машғул буд, омада, тафтиш мекарданд, савол медоданд. Ин вазъ ба кори тамоми киностудияи “Тоҷикфилм” таъсир гузошт. Бояд гуфт, ин зиндагӣ аст, одамҳо ба якдигар рашк мекунанд, шӯҳрати падарам ва филмҳои ӯ бисёриҳоро ором намегузошт. Зиндагӣ ҳамин аст.

Озодӣ: Падари шумо баъди се соли ин моҷароҳо гузаштанд. Сабаби маргашон чӣ буд?

Лилия Кимёгарова: Падарамро ҷарроҳӣ карданд ва ӯ ба доруи мадҳушкунанда – наркоз тоб оварда натавонист. Вале ман чунин фикр мекунам, ки ин як кори махсус ташкилшуда буд. Ин ҷарроҳии баъди варами кӯррӯда (апендитсит) буд, ки дар як касалхонаи Душанбе анҷом шуд.

Озодӣ: Вале вақте ҳамин моҷарои марбут ба сарфи пулҳоро дар хона баррасӣ мекардед, падаратон худро бегуноҳ мегуфт?

Лилия Кимёгарова: Ин масъала ҳатто баррасӣ ҳам нашудааст, чунки падарам одами бисёр поквиҷдону ростқавл буд. Падарам барои идея кор мекард. Кино бошад, маънои зиндагии хонаводаи мо буд. Вай ба ҷуз кинову филмҳояш дар бораи чизҳои дигар фикр ҳам намекард. Ҳама дар хонаи мо тобеи ҳамин муҳит будем. Модарам пурра хизмати падарамро ба ҷо меовард, дар баробари корҳои дигар, сенарияҳои филмҳояшро худаш чоп мекард. Мутаассифона, модарам зуд даргузашт ва ҳамин чиз ҳам ба ҳолати рӯҳии падарам таъсири амиқ гузошт ва марги ӯро наздиктар кард.

Филми Лилия Кимёгарова “Хроника памяти” (с. 1989) дар бораи солҳои охири умри падараш қисса мекунад:

Озодӣ: Шумо ёд доред, ки падаратон дар бораи филмҳояш чӣ мегуфт? Аз корҳояш розӣ буд? Кадомашро бештар дӯст медошт? Ба танқидҳо чӣ вокуниш мекард?

Лилия Кимёгарова: Ҳар филм барояш азиз буд. Бояд гӯям, ки падарам бисёр одам нозук буд, танқидро ба сахтӣ қабул мекард, барои ҳар як лаҳзаи эҷодкардаи худ дар филм шодӣ мекард. Вақте сенарияи коргардонии худро менавишт, тамоми хонаи мо дар ҳамон рӯҳия зиндагӣ мекард. Вақте аз рӯи “Шоҳнома” филм мебардошт, тамоми хонаи мо пур аз акси ҳунарпешаҳо, лаҳзаҳои филм буд, вай дар ҳамин муҳити “Шоҳнома”-ву Фирдавсӣ нафас мекашид.

Филмҳои Борис Кимёгаров то имрӯз ифтихори кинои тоҷик дониста мешаванд

Озодӣ: Шумову духтаратон Анна охири соли 1990 Тоҷикистонро тарк кардед. Падаратон, агар зинда мебуд, аз Тоҷикистон берун мешуд?

Лилия Кимёгарова: На, ҳеҷ гоҳ.

Озодӣ: Чаро шумо Тоҷикистонро тарк кардед?

Лилия Кимёгарова: Вақте бори аввал садои тир шунида шуд, ман гуфтам, ки дар чунин шароит танҳо бо як фарзандам зиндагӣ карда наметавонам. Ман хеле тарсидам. Дар Тоҷикистон ҷавониҳои ман гузаштааст ва хеле зиёд онҷоро ёд мекунам. Хонам ман дар Тоҷикистон буд, падару модар, бибиву бобои ман он ҷо зиндагӣ мекарданд. Дӯстони зиёди ман он ҷо монданд, мутаассифона, баъзеашон аллакай ин ҷаҳонро падруд гуфтанд. Яке аз дӯстони хуби ман Муқаддама Ашрафӣ, ҳамсари Камол Айнӣ буд, ки ӯ ҳам даргузашт. Дӯсти дигари ман профессори маъруфи тиб София Ҳакимова мебошад.

Озодӣ: Дар Тел-Авив зиндагиатон чӣ хел мегузарад?

Лилия Кимёгарова: Зиндагии мо хеле хуб аст. Духтари ман мактабро дар ин ҷо тамом кард, баъд дар артиш ду сол хизмат кард. Баъдан донишгоҳи Баройлоеи Исроилро хатм карда, ҳоло дар як ширкати хеле мӯътабар кор мекунад. Оиладор аст, як писару як духтар дорад. Ман давоми 15 сол дар мактаб дарс додам ва ҳоло дар нафақа ҳастам. Ҳоло набераҳоямро тарбия мекунам.

Озодӣ: Набераҳоятон медонанд, ки бобокалонашон кӣ буд?

Лилия Кимёгарова: Мила ҳанӯз хурд аст, вале Лиам, ки калонтар аст, бале, медонад, ки бобокалони ӯ як инсони номӣ ва шоиста буд. ​

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG