Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳоҷирони тоҷик ва ҷамъиятҳои тоҷикони Русия аз пешниҳоди афви муҳоҷирон, ки сафири Тоҷикистон дар Маскав Имомуддин Сатторов ба Думаи давлатии Русия пешниҳод кардааст, истиқбол мекунанд.

Сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Муҳиддин Сангинмуродов 26 сол ва зану як фарзанд дорад. Гузарони зиндагии ӯ аз ҳисоби муҳоҷират дар Русия ба даст меомад. Муҳиддин дар соли 2014 тайи 9 моҳ дар як толори зебоии шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба ҳайси пардозгари мӯй (стилист) кор кард ва ба гуфтаи худаш, пули хубе ба даст оварду ба Ватан баргашт:

“Моҳи ноябр ба хона баргаштам. Вале имсол вақте хостам, ки барои кор боз ба Русия биравам, фаҳмидам, ки номам дар рӯйхати сиёҳ”-и ФМС - Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – афтодааст. Гӯё барои онки ду ҳуҷҷати семоҳаи сабти ном (регистратсия)-и ман қалбакӣ будааст. Ҳоло дар як ҳолати муаллақ истодаам, ки инҷо барои худ коре пайдо кунам ё бо ягон роҳ ба Русия баргардам.”

Муҳиддин Сангинмуродов мегӯяд, хабари пешниҳоди афви муҳоҷирон ӯро бештар умедвор кардааст: “Хеле хуб мешавад, агар Русия муҳоҷирони моро афв кунад. Соли гузашта дар Русия 3 моҳ дарс ҳам хондам, ки малакаи касбиам беҳтар шавад, вале баста шудани роҳи бозгаштам ҳама нақшаҳои маро хароб кард. Ман бо касбе ки дорам, инҷо ҳам рӯзам мегузарад, вале дар Русия пули хубтар кор мекунам, албатта. Вале ҳазорон нафари дигаре ҳастанд, ки дар Тоҷикистон ягон ҷои кор пайдо карда наметавонанд. Онҳо чӣ кор кунанд?”

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов рӯзи 15 июн дар мулоқот бо Андрей Исаев, муовини раиси Думаи давлатӣ ва раиси фирқаи ҳизби ҳокими “Единая Россия” дар ин маҷлиси поёнии парлумони Русия пешниҳод кардааст, ки ҷониби Русия имкони қонунӣ гардондани муҳоҷирони тоҷик аз тариқи эълони як афви муҳоҷирон аз ҷумла барои онҳоеро, ки дар қаламрави ин кишвар ягон ҷиноят содир накардаанд, баррасӣ кунад.

Оқои Сатторов гуфтааст, мақоми қонунӣ ба даст овардани муҳоҷирон ба нафъи ҳарду кишвар аст, чунки имкон медиҳад, то ин қишри бузург аз бахши соягии иқтисоди Русия берун оварда шуда, ҳифзи иҷтимоиву ҳуқуқии онҳо боло бурда шавад ва аз фасод дар бозори муҳоҷират ҷилавгриӣ шавад. Имомуддин Сатторов ҳамчунин сабуктар кардани талабот аз муҳоҷирони тоҷик дар амри дарёфти патент дар Русияро пешниҳод кардааст. Аз ҷумла ӯ хостааст, то талабҳои имтиҳони забони русӣ, қонунгузорӣ ва таърихи Русия бозбинӣ шуда, ин ҳама танҳо аз он муҳоҷироне тақозо шавад, ки дар бахши хидматрасонӣ ба мардуми маҳаллӣ кор мекунанд.

ВИДЕОИ МУЛОҚОТИ САТТОРОВ ВА ИСАЕВ ИНҶОСТ:

Ҳизби “Единая Россия” аксарияти курсиҳо дар Думаи давлатиро дар даст дорад ва дар Тоҷикистон умедворанд, ки дар сурати назари мусбати вакилони он пешниҳоди афви муҳоҷирон метавонад дар сатҳи парлумони Русия матраҳ шавад.

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия, ки низ дар мулоқоти Сатторов бо Исаев ширкат дошт, рӯзи 17 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ роҷеъ ба вокуниши ҷониби Русия ба пешниҳоди сафири Тоҷикистон гуфт: “Андрей Исаев пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистонро муҳиму ҷолиб хонд ва гуфт, онҳоро бо намояндагони кумитаҳо ва фирқаҳои аҳзоби дигар дар парлумони Русия баррасӣ хоҳад кард. Ӯ афзуд, ҳарчанд пешниҳоди афв муҳим аст, вале мушкил аст ки танҳо бо назардошти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни афв қабул шавад.”

Пешниҳоди сафири Тоҷикистон дар бораи афви муҳоҷирон аз сӯи ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ мусбат истиқбол мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тотористони Русия, бино ба омори расмии ФМС, 15 000 шаҳрвандони Тоҷикистон ба сар мебаранд. Ҳикматулло Гадоев, раиси ҷамъияти тоҷикони Тотористон рӯзи 17 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ афви муҳоҷиронро як амали савоб номид ва гуфт, пешниҳоди афви муҳоҷирон бори гаронеро, ки манъи сафари даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик ба дӯши хонаводаҳои онҳо бор кардааст, сабук хоҳад кард:

“Ин, албатта, зарури зарур аст. Як афве бояд бошад, ки муҳоҷирони мо битавонанд баргарданд ба Русия барои як қути лоямут, хеле хуб мешавад. Бубинед, бисёри онҳое, ки ихроҷ ё берун карда шудаанд ваё дар “рӯйхати сиёҳ” афтодаанд, барои як қонуншиканиҳои хеле ночиз чунин сахт муҷозот шудаанд. Муҳоҷироне ҳастанд, ки барои набастани тасмаи мошин ва ҳатто барои нодуруст гузаштан аз роҳи пиёдагард аз Русия пеш карда шудаанд. Ҳол онки барои бисёрии онҳо мардикорӣ дар Русия манбаи ягонаи таъмини рӯзгорашон буд.”

Ҳоло тибқи қонунҳои муҳоҷирати Русия, муҳоҷир ҳатто барои ду қонуншикании маъмурӣ метавонад аз қаламрави ин кишвар берун карда шавад ваё, агар аллакай ба зодгоҳи худ баргашта бошад, дар ғайбаш аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум шавад. Бисёриҳо баъди бозгашт ба Русия танҳо ҳангоми гузаштан аз хатти марзи ин кишвар мефаҳманд, ки дар “рӯйхати сиёҳ”-анд ва ноилоҷ маҷбур мешаванд, хароҷоти бузурги пули роҳ дар гарданашон бо ҳамон ҳавопаймо ба зодгоҳи худ баргарданд.

Бино ба ҳисоби мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон, шумори шаҳрвандони тоҷике, ки ба далели ихроҷ (депортатсия), берун кардан (выдворение) ва афтодани исмашон дар “рӯйхати сиёҳ”-и ФМС аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум шудаанд, ба 276 000 нафар расидааст. Бар изофа, тақрибан 400 000 муҳоҷири дигари тоҷик, ба гуфтаи мақомоти Душанбе, дар гурӯҳи риск боқӣ мемонанд ва ҳар лаҳза барои хурдтарин қонуншиканӣ эҳтимоли ихроҷи онҳо аз ҳудуди Русия вуҷуд дорад.

Ҷамъи муҳоҷирони тоҷикро дар Русия аз 1 то 1,5 миллион нафар рақам мезананд. Ин мардум солона ба Тоҷикистон то 4 миллиард доллар пул мефиристанд, ки баробари қариб нисфи иқтисоди ин фақиртарин кишвари пасошӯравист. Аммо ба ҳисоби Сандуқи байналмилалии пул, имсол ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирони тоҷик метавонад то 30 фоиз кам шавад. Як омили ин бӯҳрони иқтисодии Русия аст ва омили дигараш 16 дарсад кам шудани шумори муҳоҷирон аз Тоҷикистон. Аз ҷумла аз ҳисоби онҳое, ки дар “рӯйхати сиёҳ”-и ФМС афтодаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG