Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баъзе аз муҳоҷирони кории тоҷик имсол ба далели мушкили сабтином ва дарёфти иҷозаи кор дар Русия аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, барои анҷоми ин корҳо пул надоранд.

Дар мавсими баҳории соли ҷорӣ муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бештар аз 20 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2014 низ шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия 300 ҳазор нафар кам шуда буд ва то ҳол раванди кам шудани шумораи муҳоҷирони корӣ дар Русия идома дорад.

Абдулҳаким, сокини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, дар охири тирамоҳи соли гузашта аз вилояти Свердлови Русия ба ватан баргашт. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то кунун қасди ба Русия рафтанро надорад, "чаро ки агар равем кор намеёбем, қарздор мешавем. Ба ҳамин хотир дигар нарафтем".

Абдулҳаким аз ҷумлаи даҳҳо ҳазор нафарест, ки дигар аз муҳоҷирати корӣ ба Русия фоидае дар зиндагии худ намебинанд. Бино ба маълумоти тақрибии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав, дар давоми камтар аз се моҳи соли ҷорӣ ба Русия бештар аз 117 ҳазору 863 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ворид шудаанд. Вале дар ҳамин давраи соли 2014 ин рақам 155 ҳазору 733 наҳфарро ташкил додааст, ки тақрибан 38 ҳазор нафар камтар мебошад.

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, коҳиши шумораи муҳоҷирони кории тоҷик ва умуман муҳоҷирони хориҷӣ ба Русия ба чанд омил иртибот дорад: "Дар давоми ду соли охир бештар аз 40 тағйироту илова ба қонунгузории федеролии Русия дар соҳаи муҳоҷират ворид карда шуд. Албатта, ин тағйирот ба раванди муҳоҷират, ба раванди қонунӣ кардани будубош ва фаъолияти муҳоҷирони хориҷӣ бетаъсир намемонад. Дувум, боз боло рафтани андоз аз даромади шахсони воқеӣ, сабаби дигар бӯҳрони молӣ ва сабаби дигари асосӣ поин рафтани арзиши рубл дар баробари доллар мебошад."

Таҳлилгарон мегӯянд, ки чунин тағйиру иловаҳо дар қонунҳои муҳоҷиратии Русия ҳадафҳои муайяни худро дошт. Русия дар айни авҷи бӯҳрони моливу иқтисодӣ бояд аз роҳе маҳрумиятҳои молияш аз таҳримҳои Ғарбро ҷуброн мекард.

Масалан, бо бекор кардани патентҳое, ки дар охири соли 2014 барои соли 2015 фурӯхта шуда буд, танҳо дар моҳи январ ва танҳо дар Маскав 72 миллион доллар даромади “расмӣ” гирифт, яъне дар Маскав 800 ҳазор патенти муҳоҷирони хориҷӣ, аз ҷумла патенти муҳоҷирони кории тоҷик ботил эълон шуд. Агар дар Маскав ҳар патент 4 ҳазору 500 рубл арзиш дошта бошад, дар он сурат маблағи умумии он фақат дар Маскав ба бештар аз 72 миллион доллар баробар мешавад. Илова бар ин, муҳоҷирон барои супурдани имтиҳони забону таърих ва гирифтани гувоҳномаи тиббӣ маблағ пардохт мекунанд.

Музаффар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик, ҷорӣ кардани қонунҳои нави муҳоҷиратро мушкили муҳоҷират намедонад, балки назари дигар дорад: “Ин мушкилот нест, балки шартҳои нав аст, ки бояд муҳоҷирати кории шаҳрвандони мо ба Русия камтар ё маҳдуд шавад. Суоле пеш меояд, ки чаро бояд кам шавад? Якум, ин бештар ба вазъияти бӯҳронии иқтисоди худи Русия вобаста аст. Дувум, ҳоло худи Русия сари калобаашро гум кардааст, чунки аз минтақаҳои ноороми Украина фирориёни зиёд ба Русия омадаанд.”

Ба гуфтаи Олимов, Русия бояд бесару садо дар навбати аввал дар чунин шароит ин фирориёнро бо кор таъмин кунад. Гузашта аз ин, Русия бар асоси ваъдаҳояш ба муҳоҷирони кории Қирғизистон бояд акнун баъзе имтиёзҳо қоил шавад, зеро ин кишвар аз 8 майи соли ҷорӣ ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё даромадааст. Ба ин далел Русия барои муҳоҷирони кории Тоҷикистон ва Узбакистон ин аҳромҳои фишорро истифода хоҳад кард, ки он бештар оҳанги сисёсӣ дорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG