Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳоҷирон интиқоли пулро аз Русия 2 маротиба кам кардаанд


Бинои Бонки марказии Русия.

Бинои Бонки марказии Русия.

Бонки марказии Русия иттилоъ дод, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли пули шахсони инфиродӣ аз Русия ба хориҷ, аз ҷумла ба кишварҳои пасошӯравӣ, қариб ду маротиба коҳиш ёфтааст.

Бонки марказии Русия бо нашри омори расмӣ таҳти унвони “Трансграничные переводы, осуществленные через системы денежных переводов в 2015 году“ хабар дод, ки дар семоҳаи аввали соли 2015 интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои хориҷӣ назар ба моҳҳои январ-марти соли 2014 қариб ду маротиба кам шудааст. Гузориши Бонки марказии Русия бар пояи ҳисоботи фақат ширкатҳои пулфирист, аз ҷумла Anelik, BLIZKO, Contact, InterExpress, ЮНИСТРИМ, Вестерн Юнион, Колибри, Золотая корона, ЛИДЕР, Почта России таҳия шудааст.

Бино ба ин гузориш, ки рӯзи 27 май дар сомонаи расмии Бонки марказии Русия нашр шудааст, дар се моҳи аввали сол аз Русия ба хориҷ ба маблағи 2 миллиарду 129 миллион доллар пул фиристодаанд, ки аз ин маблағ 348 миллионаш ба кишварҳои хориҷаи дур ва 1 миллиарду 781 миллионаш ба кишварҳои пасошӯравии узви СНГ – Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ – рафтааст. Дар се моҳи аввали соли 2014 аз Русия ба хориҷ дар маҷмӯъ 3 миллиарду 934 миллион доллар таҳвил шуда буд. Аз ҷумла 3 миллиарду 364 миллион доллар – танҳо ба кишварҳои СНГ.

Бино ба омори расмии Бонки марказии Русия, агар дар оғози соли 2014 як муҳоҷир, ба ҳисоби миёна, дар як навбат аз Русия ба кишвари зодгоҳаш 400 доллар мефиристод, имсол ин рақам низ башиддат коҳиш ёфта, ҳамагӣ 278 долларро ташкил додааст.

Дар соли 2014 аз Русия ба хориҷ танҳо ба сурати инфиродӣ, яъне аз сӯи шахсони алоҳида, 20,8 миллиард доллар таҳвил шуда буд. Аз ин маблағ 18,2 миллиард доллараш ба кишварҳои СНГ рафта буд. Ин, албатта, хеле камтар аз мутаносибан 23,5 миллиард (ба тамоми дунё) ва 20,8 миллиард доллар (ба кишварҳои СНГ) “ҳосил”-и рекордиест, ки шахсони алоҳида дар соли 2013 аз Русия ба кишварҳои худ фиристодаанд.

Аммо натиҷаҳои расмии семоҳаи аввал нишон медиҳад, ки имсол ҳаҷми таҳвили пул аз Русия бо як шиддати боз ҳам бештар кам хоҳад шуд.

Далер Шоҳназаров, як соҳибкори тоҷик, ки дар шаҳри Сургут дар шимоли минтақаи Сибири Русия кору зиндагӣ мекунад, рӯзи 29 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, худи ӯ ҳам имсол ба андозае, ки соли гузашта ба Тоҷикистон пул мефиристод, фиристода наметавонад: “Худи ман, ки инҷо хонаю дар дорам, мисли як сол пеш пул роҳӣ карда наметавонам. Чӣ расад ба онҳое ки бояд пули иҷораи хона диҳанду ҳазору як харҷи дигар доранд. Баъд, албатта, кам мешавад пулфиристӣ. Пеш барои фиристодани пул дар бонкҳо мерафтем, навбат меистодем. Ҳозир касе нест. Ҳар вақте бонк биравӣ, холист. Сабаби якумаш ин аст, ки мардум наомада истодааст. Дувум сабаб: Онҳое ҳам ки меоянд, ҷои кор намеёбанд.”

Пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ аз Русия як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ, бахусус дар Тоҷикистон, ба шумор меравад. Ҳарсол аз Русия ба Тоҷикистон асосан тавассути аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири корӣ, ки ҳар сол барои дарёфти рӯзӣ худро ба бозори он кишвар мезананд, то 4 миллиард доллар пул меояд. Ин маблағ баробари қариб нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ва 30 дарсад бештар аз буҷаи солонаи ин фақиртарин кишвари Шӯравии собиқ аст.

Семоҳаи аввал, албатта, ҳанӯз авҷи мавсими кори мардикорони тоҷик ва пулфиристии онҳо аз Русия нест. Аммо муқоисаи рақамҳои имсола бо солҳои қаблӣ нишон медиҳад, ки зоҳиран пули муҳоҷирон имсол наметавонад баробари 4,1 миллиард доллар “ҳосил”-и рекордии соли 2013 ва ҳатто ҳамсанги 3,9 миллиарди соли гузашта шавад.

Бонки миллии Тоҷикистон қаблан гузориш дода буд, ки дар 4 моҳи аввали соли 2015 ба таври инфиродӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба маблағи баробари 615,6 миллион доллар пул интиқол дода шудааст. Ин назар ба 4 моҳи аввали соли қаблӣ 318,6 миллион доллар ё 34 дарсад камтар аст.

Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия.

Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия.

Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия дар як ҳафтаи қабл дар нишасти хабариаш шадидатар шудани тартиби равуо ва кору иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро аз ҷумлаи омилҳои коҳиши пули муҳоҷирон ном бурда буд. Иқтисодшиносон дар ин замина ба таъсири манфии пасрафти иқтисодӣ дар Русия, дар як соли охир то 50 дарсад қурбашро аз даст додани рубли русӣ дар муқобили доллар ва пайомадҳои таҳримоти зидди Маскав ҷорикардаи Ғарб ба вазъи корёбии муҳоҷирони хориҷӣ ва сатҳи даромади онҳо дар Русия низ таъкид мекунанд.

Омили дигар, бино ба ҳисоби мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ба 276 000 расидани шумори шаҳрвандони тоҷикест, ки ба далелҳои мухталиф, ҳатто барои қонуншиканиҳои хурду резае, чун напардохтани пули ҷаримаи пулиси роҳ ё пули газу телефон, аз ҳаққи вуруд ва кору зиндагӣ дар Русия маҳрум шудаанд. Имсол ба ҳар сурат, аз Тоҷикистон 16 дарсад мардуми камтар барои мардикорӣ ба Русия рафтаанд.

Бонки марказии Русия қурби як доллар дар муқобили рубли русӣ барои муомилаҳои молии рӯзи 29 майро 52,29 рубл муқаррар кардааст. Як сол пеш як доллар 34 рубл буд, яъне 50 дарсад камтар аз имрӯз.

Далер Шоҳназаров, ҳамсӯҳбати мо аз шаҳри Сургут мегӯяд, бо онки қурби доллар хесту маоши муҳоҷирон ҳамон монд, харҷи онҳо имсол бамаротиб афзудааст, ки ин ҳам сатҳи даромадашонро хеле камтар ва мардикорӣ дар Русияро қариб беҳуда мекунад. Ӯ аз ҷумла як тағои худашро мисол овард: “Ӯ 30 000 рубл маош мегирад. Аз ин 6700 рублашро барои патент ва 2000 барои сабти ном медиҳад. Боз 9 000 ба андозу сандуқи нафақа месупорад. Дар ниҳоят ӯ ба дасташ ягон 12 000 рубл (муодили 240 доллар) мегирад. Аз ин пул боз чандеашро барои шикаму пӯшокаш сарф мекунад. Баъд ӯ аз куҷо ба хонааш пул равон кунад?”

Аҳли назар ва ниҳодҳои байналмилалии молӣ низ эҳтимоли башиддат кам шудани ҳаҷми интиқоли пул аз сӯи муҳоҷирон аз Русияро пешбинӣ мекарданд. Аз ҷумла Сандуқи байналмилалии пул як моҳ пеш гузориш дод, ки имсол таҳвили пули муҳоҷирони тоҷик 30 дарсад кам хоҳад шуд. Агар ин пешбинӣ дуруст барояд, дар соли 2015 аз Русия ба Тоҷикистон ҳадди аксар 2,8 миллиард доллар пул ворид хоҳад шуд, ки назар ба соли қаблӣ 1,2 миллиард доллар камтар аст.

Ин ба маъноест ки иҷрои хеле аз нақшаҳои ин муҳоҷирон ва наздикони онҳо ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар ба қафо хоҳад зад. Дастикам то замоне ки вазъ дар бозори кори Русия дигарбора ба як ҳолати оддӣ баргардад ва муҳоҷирони тоҷик битавонанд рекорди 4-миллиардии соли 2013-ро такрор кунанд.

XS
SM
MD
LG