Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, мавридҳои барнагардондани пули муҳоҷирон аз сӯи корфармоёни рус афзуда, бад даҳҳо миллион рубл расидааст.

То чӣ ҳад бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия бештар буруз мекунад, ҳамон андоза мавридҳои сӯистифода аз меҳнати муҳоҷирон ва саркашӣ аз пардохти маоши онҳо низ афзунтар мешавад. Бахше аз муҳоҷирон мубориза дар баробари кордиҳандаҳои русро кори беҳуда мешуморанд ва бо дасти холӣ ба хона бармегарданд. Аммо бархеи дигар талош мекунанд, ки пулҳои худро бо ёрии ниҳодҳои расмӣ баргардонанд, ки теъдодашон чандон зиёд нест.

Шералӣ Деҳқонов, муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ки 200 ҳазор рубл пули кори худро аз Иванов Алексей Владимирович - раҳбари яке аз ширкатҳои сохтмонии Маскав гирифта натавонистааст ва ҳар вақте дар бораи ин пул бо ӯ сӯҳбат мекунад, ба таҳдиду таҳқир дучор мешавад. Ҳоло ин кордиҳанда таҳдид кардааст, ки агар Шералӣ бо ҳамкоронаш ба додситонӣ муроҷиат кунанд, нисфи пулро ба додситонӣ дода, ҳамаи корро ба нафъаш ҳал хоҳад кард.

Гурӯҳи сохтмонии Шералӣ Деҳқонов аз 13 нафар иборат аст ва онҳо натавонистаанд дар давоми соли 2014, дар маҷмуъ, 1 миллиону 900 ҳазор рубл музди кори худро бигиранд. "Баъд аз хеле давутози мо кордиҳанда танҳо 520 ҳазор рублро пардохт кард. Мо эҳсос кардем, ки дигар ба ваъдаҳои Иванов умед баста намешавад ва аз вай пуле рӯёнда намешавад ба ин хотир аз намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав кумак хостем,"--мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Баъд аз муроҷиатҳои хаттӣ ва телефонии паёпайи ин намояндагӣ 550 ҳазор рубли дигарро ширкат пардохт кардаст, аммо барои пардохти 830 ҳазор рубли боқимонда ширкат бӯҳрони молӣ дар Русияро баҳона пеш меорад ва ба эҳтимоли зиёд онро пардохт карданӣ нест. Шералӣ ва гурӯҳи сохтмонии вай дар Русия танҳо намунае аз ҳазорон нафари нокому ноумед аст, ки ба мушкили гирифтани дастмузди худ аз кордиҳандагони Русия дучор шудаанд.

Иброҳим Аҳмадӣ

Иброҳим Аҳмадӣ

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав, ҳарфҳои Шералӣ Деҳқоновро тасдиқ карда афзуд, бар асоси муроҷиати шаҳрвандон дар соли 2014 онҳо бештар аз 23 миллион рубл дастмузди пардохтнашударо аз кордиҳандагон ба муҳоҷирони тоҷик баргардондаанд. Барои бозгардонидани ин маблағҳо ҳатто даъво то ба додситониҳо расидааст. "Вале, муттаассифона, то ҳол даҳҳо миллион рубли дигари пардохтнашуда боқӣ мондааст ва музокирот бо ширкатҳову корхонаҳо идома дорад,"-- гуфт ӯ.

Оқои Аҳмадӣ мегӯяд, солҳои пеш шаҳрвандони Тоҷикистон маъмулан дар поёни сол аз нагирифтани дастмузди худ шикоят мекарданд ва дастмузди пардохтнашуда камтар аз 20 миллион рублро ташкил медод, вале дар давоми соли 2014 ин гуна муроҷиат дар давоми сол низ мушоҳида шудааст. Ин раванд ба душвориҳои иқтисодӣ дар Русия ва мушкилоти молии ин кишвар рабт дода мешавад. Ба вижа баъд аз поин рафтани арзиши рубли русӣ нархи масолеҳи бинокорӣ боло рафтааст ва ширкатҳову корхонаҳое, ки пули муҳоҷиронро намедиҳанд, ба мушкили молӣ гирифтор шудаанд.

Иброҳим Аҳмадӣ мегӯяд, ба ин сабаб дар соли 2015 аз ҳоло шикоят ва муроҷиатҳо зиёд аст. Масалан, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 6 миллион рубл ба муҳоҷирон баргардонда шудааст. Тозатарин намуна ин аст, ки дар давоми як ҳафтаи охир бо дахолати намояндагии муҳоҷирати Тоҷикистон кордиҳандагон маҷбур шудаанд, 1 миллиону 232 ҳазор рубл қарзи худро ба муҳоҷирони кории тоҷик пардохт кунанд.

Раванди бозгардони пулҳо аз чанд марҳила иборат аст. Дар оғоз гуфтугӯҳои телефонӣ, сипас музокира бо кордиҳанда ва навиштани номаҳои расмӣ. Вале агар ин тадбирҳо натиҷа надиҳанд, дар он сурат санадҳои зарурӣ ҷамъоварӣ ва ба додситонӣ фиристода мешаванд.

Дар ин кор созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ низ ба муҳоҷирон ёрӣ мерасонанд. Наталя Кротова, корманди Маркази ҳифзи ҳуқуқ дар Перм ба муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тоҷикон кумак кардааст. Ӯ аз як шаҳрванди Узбакистон бо номи Амирбек мисол меорад ва мегӯяд, вақте ки маркази онҳо ҳуҷҷатҳоро ба додгоҳ бурд ва бояд вай ба додгоҳ ҳозир мешуд, Амирбек гуфтааст, ба додгоҳ намеравад, танҳо пулашро ба вай баргардонанд, кифоят мекунад. Баъдтар хабар расидааст, ки Амирбек "ба ватани худ фирор" кардааст. Сабаби фирор таҳдиду фишор ва зери шиканҷа гирифтани муҳоҷири корӣ аз тарафи дӯстону наздикони кордиҳанда арзёбӣ мешавад.

Ҳамдулло Давлатшоев, сокини ноҳияи Қумсангир ду сол пеш ба Русия муҳоҷират кардааст. Ӯ мегӯяд, ки 80 ҳазор рубл дастмузди худро натавонистааст аз Павел Хлибов, кордиҳандаи як ширкати сохтмонӣ бигирад. Ҳамдулло барои кумак ба ҷое муроҷиат накардааст ва то ҳол умед дорад, ки Хлибов пули вайро пардохт мекунад.

Аммо Хлибов ба зангҳои телефонии вай ҷавоб намедиҳад. Агар ҷавоб ҳам диҳад, гӯё Ҳамдуллоро намешиносад ё фаромӯш кардааст. Ҳоло Ҳамдулло ва дӯстонаш корҳои муваққатӣ мекунанд. Як ҳафта кор меёбанд ва як ҳафтаи дигар бекор мемонанд. Барои гузарони рӯзи худ аз ҳар кас кор мепурсанд. Чанд муддат аст, ки ба хонаҳояшон дар Тоҷикистон кумаки кофӣ карда наметавонанд.

Павел Хлибов, корфармои Ҳамдулло ба занги барояш ғайриинтизори Радиои Озодӣ ҷавоб дод ва бидуни ихтиёр билофосила изҳор дошт, ки бо беҳтар шудани вазъи молии корхона пули муҳоҷиронро пардохт мекунад. Аз лаҳни сӯҳбат маълум буд, ки сархуш аст ва гӯё ба раҳбари худ дар бораи вазъи молии корхонааш гузориш медод. Ӯ шикоят кард, ки арзиши рубли русӣ хеле поин рафтааст, илова бар ин нархи масолеҳи сохтмонӣ гарон шудааст ва ширкати сохтмонӣ дар вазъи душвор қарор доранд. Ба суоли мо дар ин бора, ки оё вай ба беҳтар шудани вазъ бовар дорад, ҷавобе нагуфт ва баъд аз каме сукут телефонро хомӯш кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG