Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомот мегӯянд, қарор аст, дар нишасти қарибулвуқӯи гурӯҳҳои кории вазоратҳои кори Тоҷикистон ва Русия сарнавишти садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷике баррасӣ шавад, ки дари Русияро ба рӯи онҳо бастаанд.

Нишасти гурӯҳҳои кории вазоратҳои кори Тоҷикистон ва Русия рӯзи 27-уми май дар шаҳри Душанбе сурат мегирад ва мақомоти ду тараф, дар бораи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва ҳамингуна фаъолияти шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон гуфтӯгу мекунанд.

Моёншо Мамадбеков, сардори раёсати муҳоҷирати аҳолии вазорати меҳнат ва муҳоҷират рӯзи 12-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, иҷозаи бозгашт додан ба муҳоҷирон аз ҷумлаи мавзӯъҳои гуфтӯгу аст: «Дар ҳақиқат рӯзи 27-уми май ҷаласаи 10-уми гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Русия бар асоси Созишномаи байнидавлатии ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо аз соли 2014 баргузор мегардад ва дар ҷараёни он мушкилоте, ки имрӯзҳо муҳоҷирони мо доранд, баррасӣ мешавад.»

Бар асоси созишномаи соли 2014, Русия ба муҳоҷирони тоҷик иҷоза дод, ки дар муддати 15 рӯз бе сабти ном бимонанд ва барои се сол иҷозаи кор бигиранд. Дар вазорати кори Русия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, намояндагони вазорат ҳамроҳ бо мақомоти Хадамоти муҳоҷирати Русия дар нишаст ширкат мекунанд.

Ҷамшед Қуддусов.

Ҷамшед Қуддусов.

Ихроҷи садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ва аз ҳаққи сафар маҳрум шудани онҳо як мушкили ҷиддиест, ки солҳо ду тараф дар бораи он гуфтӯгу мекунанд. Бино ба гузоришҳо, то моҳи апрел зиёда аз 212 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ронда шудаанд, тахминан 100 ҳазор нафари дигар барои қонуншиканӣ ҳаққи ба Русия даромадан надоранд.

Илова бар ин ба гуфтаи Ҷамшед Қуддусов, мутахассиси соҳаи муҳоҷират аз Тоҷикистон, гузоришҳои таҳқиқношудае ҳаст, ки дар Русия тахминан 400 ҳазор нафар муҳоҷир агар аз он кишвар бароянд, дигар баргашта наметавонанд, зеро ягон қонунгузории соҳаи муҳоҷирати Русияро поймол кардаанд. Намунаи зиёде ҳаст, ки марди тоҷик барои коре ба ватанаш баргаштааст ва дигар наметавонад, ба назди зану фарзандаш ба Русия баргардад, зеро ӯро барои бо худ надоштани шиноснома ҷарима карда ва номашро ба феҳрасти муҳоҷирони қонуншикан шомил кардаанд. Ё беморе, ки илоҷи дармонаш дар Тоҷикистон нест ва ҷонаш дар хатар аст, барои қонуншикании маъмурӣ наметавонад ба Русия омада табобат кунад.

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон дар гузашта аз Русия хостаанд, муҳоҷирони рондашударо авф кунанд ва имкони бозгашту кор бидиҳанд. Албатта авфи саросарӣ сурат нагирифт, вале баъди гуфтӯгуҳои зиёд, дар ниҳоят тирамоҳи соли 2014 Тоҷикистону Русия гурӯҳҳои махсусе дар ниҳодҳои марбута таъсис доданд, ки баъди барассии парвандаҳои алоҳидаи муҳоҷирони маҳрумшуда аз ҳаққи бозгашт, мушкили онҳоро ҳал мекунанд. Моёншо Мамадбеков, сардори раёсати муҳоҷирати вазорати меҳнат ва муҳоҷират ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи кории вазорат аз тирамоҳи соли гузашта то ҳол ҳуҷҷатҳои бештар аз 1000 нафарро ба Русия фиристодаанд ва мушкили 300 нафарашон ҳал шудааст:

“Мо панҷ категорияи шаҳрвандонро ҷудо мекунем, онҳое, ки иҷозати кор доштанд, баъди омадан ба Тоҷикистон, даромаданашон ба Русия манъ шудааст, ё ин ки шахсоне ҳастанд, ки дар онҷо бизнес, хона ва ё мошин доштанд, гурӯҳи севвум шахсоне ҳастанд, ки оилаашон дар Русия аст, падар модар ва зану фарзандаш дар Русия аст ва худаш аз ҳаққи сафар маҳрум шудааст. Гурӯҳи чаҳорум шахсони маъюб ҳастанд, ки барои табобат мехоҳанд ба Русия бираванд. Панҷум, донишҷӯҳо ҳастанд, ки дар Русия таҳсил мекунанд ва қонунгузориро дар онҷо вайрон карданд ва ба ватан омаданд ва баргаштани онҳо ба Русия манъ шуд. Ҳамин гуна одамон агар ба мо муроҷиат кунанд, мо ҳуҷҷатҳояшонро тахт карда ба тарафи Русия мефиристем.”

Ба ақидаи мутахассисони соҳа, аз нишасти гурӯҳҳои кории набояд умедвор шуд, ки Русия тамоми муҳоҷирони тоҷикро афв мекунад ва ин кор шуданӣ ҳам нест. Ҷамшед Қуддусов, мутахассиси соҳа дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Масъалаи афви муҳоҷирон аз соли 2002-ум аз ҷониби Тоҷикистон мунтазам пешниҳод мешавад, аммо Федератсияи Русия барои ин ба ягон шакл омода нест ва онҳо худашон мегӯянд, ки қонунҳои моро риоят кунед, халос. Барои ҳалли масъалаи роҳ додани шахсоне, ки қонуншиканиҳои ночиз кардаанд, аз ҷониби Тоҷикистон ва Русия механизми ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад. Масалан агар сабаб насупоридани ҷарима бошад, ҷарима пардохта шавад ва ин иттилоъ дар хазинаи иттилооти Русия тағйир дода шавад, ки ин одам қарздор нест. Ман медонам, ки дар ин самт Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистону Русия ҳамкории зич доранд, вале ба фикри ман ҳамкориро дар ин замина васеътар кардан даркор.”

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи 2-уми апрел зимни сафараш ба Душанбе гуфт, ки Тоҷикистону Русия азм доранд, муҳоҷиронро аз соя бароваранд, то касе натавонад, онҳоро истисмор кунад. Беадолатие ки нисбат ба муҳоҷирони тоҷик зиёд мешавад. Таври маълум дар Русия бештар аз 1 миллион нафар аз муҳоҷирон аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва баъди қабули қонунҳои нави муҳоҷират зиндагиашон сахттар шудааст.

Шодмон, яке аз ин муҳоҷирон дар шабакаи Одноклассники ба Радиои Озодӣ навишт, “муҳоҷирон азоби сахт доранд. Дар урфият мегӯянд: «Сабр кун аз ғӯра ҳалво мепазад. Аммо қонунҳои нави Русия ғӯраҳои муҳоҷиронро сармозада кард. Мо худ замоне кӯдак будем, ягон мушкилӣ меомад, падар модар мегуфтем. Имрӯз мо муҳоҷирон ҳам падарем ва ҳам модар ва ҳам мушкилӣ дорем.”

Яке дигари онҳо бо номи Зиёвуддин чунин навишт: “Ман шахсан 19-уми феврал аз Тоҷикистон омадам ба Маскав. Ва бо азобҳои ҷаҳаннамӣ 6-ум май соҳиби патент шудам. Бо куллӣ 28 ҳазор рубл сарф кардам. Пас аз ин ҳар моҳ 4000 рубл налог ва 700 рубл ба қайди шиноснома маблағ месупорам. Азоби дастраскунии патент баробари ҷонканист.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG