Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Русия алайҳи як зиндонии тоҷик, ки ба иддаои мақомоти тафтишот ҳамутоқҳояшро "барои гароиш ба дини ислом ва пайвастан ба "Давлати исломӣ" ташвиқ кардааст", парвандаи ҷиноӣ боз намуданд. Ин зиндонии тоҷик Дилшод Ризвонови 38-сола будааст, ки 12 соли охири умрашро дар маҳбаси вилояти Свердловски Русия сипарӣ кардааст.

Дар сӯҳбат бо зиндониҳои дигар иддао кардааст, ки ислом дини асосӣ аст ва динҳои дигар ҳеҷ аҳамият надоранд.

Ба қавли масъулони зиндон, тобистони имсол мӯҳлати ҷазои Дилшод бояд ба итмом мерасид, аммо муфаттишон дубора алайҳи бо моддаи 280-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне "даъвати оммавӣ барои анҷом додани фаъолияти экстремистӣ" айб эълон кардаанд.

Александр Левченко, масъули хадамоти матбуоти Идораи зиндонҳои Русия дар вилояти Свердловск, рӯзи 9 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар сӯҳбат бо зиндониҳои дигар иддао кардааст, ки ислом дини асосӣ аст ва динҳои дигар ҳеҷ аҳамият надоранд. Қонунгузории мо дар масъалаи ифротгароӣ хеле сахт шудааст ва барои ҳамин ӯ дубора дар курсии айбдорӣ нишаст."

Дилшод Ризвонов қаблан бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва соли 2004 равонаи зиндон гардид. Александр Левченко мегӯяд, муҳлати ҳабси пешинаи Дилшод ба итмом расидааст ва ҳоло ӯ ба ҳайси гумонбар дар боздошт нигоҳ дошта мешавад. Муфаттишон парвандаи ин тоҷики зиндониро ба итмом расонда, ба Додгоҳи ноҳияи Нижний Тагил супурдаанд ва рӯзи 24 октябр мурофиаи нахустин баргузор хоҳад шуд.

Дар ҷустуҷӯи Умедҷон дар кӯчаҳои Маскав

Турсуной Зиёева, сокини ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, се моҳ боз дар хиёбонҳои пойтахти Русия бо акси ҳамсараш дар даст нишони ӯро меҷӯяд.

Аммо Александр Соколов, ҳомии ҳуқуқи инсон дар минтақаи Урал, мегӯяд, бори дувум аст, ки тоҷиконро дар маҳбасҳои ин вилоят бо айни чунин иттиҳом дубора зиндон мекунанд. Соколов мегӯяд, дар поёни соли гузашта як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро низ дар зиндони ИК-5-и минтақаи Нижний Тагил бо чунин иттиҳом айбдор карда буданд. "Соли гузашта як шаҳрванди Тоҷикистонро бо номи Илҳом Авазов, ки мурофиаш дар утоқи кории роҳбари зиндон гузашт, бо моддаи экстремизм гунаҳкор дониста, ба 1,5 соли дигар маҳкум карданд. Ҳоло он ки муҳлати адои ҷазои ӯ бояд ба поён мерасид", - гуфт ӯ.

Ин ҳомии ҳуқуқи инсон афзуд, решаи ин парвандаҳо ба як дархости муфаттишон аз зиндониёни ИК-5 бармегардад: "Қаблан муфаттишон аз онҳое, ки муҳлати адои ҷазояшон қариб ба поён мерасид, хостаанд, аз кору рафтори ҳамутоқҳояшон ба тафтишот хабаркашӣ кунанд. Аммо тоҷикҳо ин дархости муфаттишонро рад карданд ва муфаттиш гуфтааст, ки бароятон “проблема “ эҷод хоҳад шуд. Ва инак “проблема” дар шакли парвандаи нав ба сари инҳо бор карда мешавад."

Дархости кумаки Илҳом Авазов аз ҳомиёни ҳуқуқ

Дархости кумаки Илҳом Авазов аз ҳомиёни ҳуқуқ

Соколов мегӯяд, аз қазияи Авазов замоне, огоҳ шуданд, ки ӯро додгоҳи зинаи аввал маҳкум карда буд ва танҳо дар зинаҳои истинофӣ ба ӯ кумак кардаанд. “Ҳоло мехоҳем аз оғоз ба Дилшод Ризвонов кумаки ҳуқуқӣ расонем, аммо маблағи грантие, ки доштем тамом шуд. Аз ин рӯ, аз сафорат ва ҷамъиятҳои тоҷикон кумаки молиявӣ дархост кардем, то ба Дилшод кумаки ҳуқуқӣ расонем", - гуфт ӯ.

Ба қавли ин ҳомии ҳуқуқ, сунъӣ будани парвандаҳо бармало аст, чунки ҳамаи шоҳидон аз шумори зиндониёни дигар ва коргарони зиндон ҳастанд, ки ҳамагӣ вобастаи садорати зиндон ва зери фишор ҳастанд.
Александр Левченко, масъули хадамоти матбуоти зиндонҳои Русия дар Свердловск, гуфт, дар зиндонҳои ин вилоят 2500 шаҳрванди хориҷӣ адои ҷазо мекунанд, ки бештари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Вай гуфт, "мо дар дохили зиндон хонаҳои ибодат, аз ҷумла масҷид дорем. Дар муқоиса бо ибодатгоҳҳои адёни дигар масҷид серистифода аст ва мусулмонон, хусусан тоҷикҳо фаризаҳои диниро иҷро мекунанд."

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG