Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдусамӣ аз Сурия баргашту дар Русия дармонд


Абдусамӣ баъди бозгашт аз Сурия
Абдусамӣ баъди бозгашт аз Сурия

Як ҷавони 24-солаи тоҷик, ки аз чанги “Давлати исломӣ” халос хӯрда, ба Маскав баргаштааст, ҳоло аз тарси таъқиби мақомот метарсад ба Тоҷикистон баргардад.

Абдусамӣ, як муҳоҷири ҷавони тоҷикро, ки 24 сол дорад, бо ваъдаи кор дар сохтмон аз Русия ба Туркия бурданд. Аммо ӯро дар ҷое ки бояд кор мекард, афроди силоҳбадаст пешвоз гирифтанд ва гуфтанд, ки ӯ алакай марзи Сурияро убур кардааст.

Абдусамӣ тавонист аз дасти онҳо фирор кунад ва ба Маскав баргардад. Вале ҳоло ӯ дар байни обу оташ мондааст: Аз як тараф, аз интиқоми онҳое метарсад, ки ӯро бо фиреб ба Сурия бурданд ва аз тарафи дигар, тарс дорад, ки вай ро дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод мекунанд. Абдусамӣ мегӯяд, дар Ватанаш ӯро ба узвият дар созмони террористӣ айбдор мекунанд.

Ҳамсари Абдусамӣ, ки бо хабарнигорон дар як тарабхонаи Осиёи Марказӣ дар Маскав сӯҳбат мекард, мегӯяд, шавҳараш ягон кори бад накардааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ бар инанд, ки Абдусамӣ бояд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунад. Ба ақидаи Баҳром Ҳамроев, раҳбари соззмони кӯмак ба муҳоҷирон бо номи “Помощь”, чунин муроҷиат метавонист як навъ преседенти ҳуқуқӣ барои ҳамаи онҳое мешуд, ки дар айни ҳолати Абдусамӣ қарор доранд.

Баҳром Ҳамроев мегӯяд: “Ман қазияи ин ҷавонро омӯхтам. Ӯро дар воқеъ фиреб додаанд. Гуфтаанд, ки коркунӣ мебаранд, вале дар асл ӯ дар маҳалли ҷанг афтодааст.”

Вале ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия мегӯянд, аксари он зодагони Осиёи Марказӣ, ки бо роҳи фиреб ё таҳдид ба дасти гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” афтодаанд, аз онҷо фирор карданд намехоҳанд, чунки метарсанд, ки дар Ватанашон онҳоро барои узвият дар созмони террористӣ зиндонӣ хоҳанд кард. Онҳое ки фирор мекунанд, маҷбуранд мисли Абдусамӣ пинҳон шаванд, чунки метарсанд, ки бегуноҳии худро дар кишварҳое, ба мисли Тоҷикистон, ки мақомоташ борҳо аз таҳдидҳои ношӣ аз ҷангҷӯёни баргашта ҳушдор додаанд, исбот карда наметавонанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, беш аз 600 нафар аз ин кишвар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Дар Тоҷикистон бар ин боваранд, ки аксари ин ҷангҷӯёни тоҷик ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ба сафи гурӯҳҳои тундрав ҷалб шудаанд. Душанбе соли гузашта барои он ҷангҷӯёне, ки ихтиёран ба Ватан бармегарданд, ваъдаи афв ҳам дод ва ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода, вазири дохилаи Тоҷикистон, то имрӯз ҳудуди 50 нафар бо истифода аз ин афв аз Сурияву Ироқ ба Тоҷикистон баргаштаанд ва ба ҳаёти осоишта идома медиҳанд.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундравест, ки қисматҳое аз қаламравҳои Сурияву Ироқро ишғол ва дар ин сарзаминҳо эълони ба ном “хилофат” кардааст. Дар моҳи май полковник Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН – воҳиди вижаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон низ аз пайвастани худ ба “Давлати исломӣ” хабар дод ва гуфт, ба нишони эътироз ба маҳдудиятҳои ҷоришуда дар мавриди пӯшидани либоси исломӣ даст ба чунин иқдом задааст.

Абдусамӣ мегӯяд, аслан қасди пайвастан ба «Давлати исломӣ» ё гурӯҳи дигарро надошт. Ӯ аз соли 2008 дар сохтмонҳои Маскав кор мекард ва ахиран ҳаққи иқомати муваққат дар Русияро ҳам ба даст овард. Дар прели соли 2014 бригадаи онҳо сохтмони манзиле дар ноҳияи Одинтсоворо анҷом доданд ва ӯ дар ҷустуҷӯи ҷои нави кор буд. Баъзе ҳамкорони собиқаш ба ӯ гуфтанд, ки дар Туркия “кори хуб” пайдо кардаанд ва ба ӯ ҳам пешниҳод доданд, ки ҳамроҳи онҳо биравад. Абдусамӣ баъди машварат бо ҳамсараш розӣ шуд, чунки дар байни онҳое, ки ӯро барои сафари Туркия ташвиқ мекарданд, як дӯсти мӯътамадаш бо номи шартии Раҳим ҳам буд. Абдусамӣ мегӯяд, ки ӯву Раҳим мсили бародар буданд, чунки Раҳимро низ модари Абдусамӣ ба воя расондааст.

Абдусамӣ ҳатто дар гӯшаи хаёлаш ҷо ҳам намекард, ки Раҳим битавонад вайро фиреб диҳад. Ҳоло бо гузашти ин ҳама ҳодисот ӯ ба ёд меорад, ки Раҳим ҳанӯз як сол қабл аз сафари Туркия хеле тағйир ёфта буд ва аз ҳама чиз норозӣ буд.

Абдусамӣ мегӯяд, онҳоро дар фурудгоҳи Истамбули Туркия як тоҷик пешвоз гирифт ва ба хонае бурд, ки чанд марди дигар низ онҷо мунтазир буданд. Як тоҷики дигар масъули таъмини онҳо бо маводи хӯрока буд. Ӯ мегӯяд, аксари мардон дар он хона дамбадарун буданд ва зоҳиран медонистанд, ки куҷо мераванд.

Баъди се рӯз ба 7 мард билети автобус доданд ва онҳо 18 соат роҳ рафтанд. Аз истгоҳи автобусҳо онҳо ба хонаи дигаре бурданд, ки 30 нафар онҷо буд, ва гуфтанд, ки мунтазир бошанд. Абдусамӣ мегӯяд, ин афрод аз кишварҳор мухталиф – Тоҷикистон, Узбакистон ва минтақаи Қафқози шимолии Русия буданд.

Абдусамӣ бо ҳомии ҳуқуқ Баҳром Ҳамроев
Абдусамӣ бо ҳомии ҳуқуқ Баҳром Ҳамроев

Соати сеи шаб марде омада, ба онҳо гуфт, боқимондаи роҳро пиёда бояд тай кард, чунки роҳ хеле ифлос аст. Абдусамӣ мегӯяд: “Ман чизеро пай набурдам. Танҳо вақте ки барои бурдани мо омаданд, сарфаҳм рафтам. Онҳо сокинони маҳаллӣ буданд ва дар даст ситлоҳ доштанд. Мо ягон 700-800 метр роҳ рафтем, ки ба мо гуфтанд, мо марзи Туркия бо Сурияро алакай гузаштем.”

Баъд онҳоро ба манзиле оварданд, ки онҳоҷо чадсад нафар ҷамъ шуда буд. Абдусамӣ мегӯяд, ин мардум аз Тоҷикистон, Узбакистон, Қафқоз, Туркия, Амрико, Индонезия, ҳамчунин арабҳои маҳаллӣ буданд. Ҳамкорони собиқи ӯ аз бригадаи сохтмонӣ, аз ҷумла Раҳим низ онҷо будааст.

Абдусамӣ мегӯяд, ҳаминҷо фаҳмид, ки ӯро бо фиреб барои ҷангидан ба Сурия овардаанд. Ӯгуфт, ки ба падари Раҳим дар Тоҷикистон ҳам занг зад, то писарашро баргардонад. Вай метарсид, ки агар бидуни Раҳим баргардад, ӯро шояд айбдор кунанд, ки на Раҳим, балки вай ҳамаро ба Сурия бурдааст. Вале Раҳим бо падараш сӯҳбат кардан нахост.

Абдусамӣ мехост, ҳаёташон дар он хонаро бо телефонаш ба навор бигирад, вале як миарди доғистонӣ инро дид. Баъди ин телефони Абдусамиро гирифта, худи ӯро барои 10 рӯз дар таҳхона ҳабс карданд. Баъди раҳоӣ ӯ шабона танҳо шиносномаашро бо худ гирифта, фирор кард.

Абдусамӣ мегӯяд, дар асл фирор аз урдугоҳҳои ҷангҷӯён чандон мушкил нест, вале дар пеши бисёриҳо асосан як девори равонӣ истодааст. Ба гуфтаи вай, бисёриҳо аз тарси инки мақомот дар Тоҷикистон онҳо зиндонӣ хоҳанд кард, барнамегарданд.

Абдусамӣ як илоҷ карда худро то Истамбул расонд. Онҷо ӯро ҳамсараш пешвоз гирифт ва онҳо ҳамроҳ ба Маскав баргаштанд. Дар ин байн падари Раҳим, тавре ҳам ки ӯ тарсашро дошт, ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат кард ва Абусамиро айбдор кард, ки писарашро бо фиреб ба Сурия бурдааст.

Абдусамӣ мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон чандин бор ба ӯ занг заданд ва хонаводаашро таҳти фишор қарор додаанд. Вақте бародари ӯ ба Тоҷикистон баргашт, пулис ӯро барои 4 рӯз дастгир карда, ба гуфтаи ӯ, шиканҷа додааст. Ӯ мегӯяд, модараш барои раҳоии бародари ӯ ба мақомот 3 000 доллар додааст.

Тасдиқи иддаоҳои Абдусамӣ аз манобеи дигар имкон надорад. Баҳром Ҳамроев ва ҳомиёни ҳуқуқ аз созмони “Мемориал” дар Маскав ба Абдусамӣ машварат додаанд, ки ба мақомот муроҷиат карда, номи худро аз иттиҳомоти ворида пок кунад. Ба гуфтаи Ҳамроев, танҳо дар як соли охир дастикам 10 зодаи Осиёи Марказӣ ба онҳо муроҷиат карда, гуфтаанд, ки онҳоро бо роҳи фиреб ба Ховари Миёна бурдаанд ва онҳо дар айни ҳолате афтоданд, ки Абдусамӣ қарор дорад. Баҳром Ҳамроев мегӯяд: “Агар Абдусамӣ ба мақомот муроҷиат кунад, ин як преседенти муҳим мешавад. Вале душвор аст пешгӯӣ кардан, ки чунин муроҷиат барои худи Абдусамӣ бо чӣ анҷом хоҳад ёфт?”

Ҳамсари Абдусамӣ пешниҳоди ҳомиёни ҳуқуқро қабул дорад ва мегӯяд, онҳо мехоҳанд масъаларо бо роҳҳои қонунӣ ҳал кунанд ва ба зиндагӣ идома диҳанд.

XS
SM
MD
LG