Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷамшед Алиев: Вақте ҷасади Салоҳиддинро дидам, сараш набуд


Иля Горячев дар додгоҳ

Иля Горячев дар додгоҳ

Писари аммаи Салоҳиддин Азизов, ки дар рӯзи қатли ӯ дар Русия мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта буд, дар мурофиаи Иля Горячев - раҳбари гурӯҳи қавмгарои БОРН шоҳидӣ додааст.

Ҷамшед Алиев, як сокини Тоҷикистон, дар мурофиаи парвандаи Иля Горячев -- раҳбари "Созмони ҷангии миллатгароёни рус" ё БОРН дар мавриди қатли Салоҳиддин Азизов дар ҳафт соли пеш дар Русия шоҳидӣ додааст. Алиев аз наздикони Салоҳиддин аст, ки ним соат баъди қатли ӯ дар рустои Жабкино, дар ҳошияи Маскав, мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта, аммо бо ёрии як сокини бознишастаи маҳаллӣ аз чанги онҳо халос хӯрдааст.

Иштироки Ҷамшед Алиев ба ҳайси шоҳид дар парвандаи Иля Горячев дар ҳолест, ки ҳоло қатли Салоҳиддин Азизов ба ӯ рабт дода мешавад. Ду ҳафта пеш Никита Тихонов, аз раҳбарони БОРН гуфта буд, онҳо ин қатлро бо амри Иля Горячев анҷом додаанд ва ӯ аз мақомоти болоии Русия барои иҷрои чунин қатлҳои пурсарусадо дастур мегирифт.

Мурофиаи Иля Горячев, мулаққаб ба "Студент", рӯзи 2 июни соли ҷорӣ дар додгоҳи Маскав шурӯъ шуд ва шоҳидии Ҷамшед Алиев низ ду ҳафта пеш сурат гирифта ва аммо матни баромадаш тоза ба дасти расонаҳо расидааст.

Тобути Салоҳиддин Азизов

Тобути Салоҳиддин Азизов

Ҷамшед Алиев ҳангоми баромадаш дар додгоҳи Маскав гуфтааст, ӯ низ 6 декабри соли 2008, ҳамон рӯзе, ки Салоҳиддин Азизов кушта шуд, ҳангоми бозгашт аз ҷойи кораш тавассути рустои Жабкино мавриди ҳамла қарор гирифтааст. "Ман ним соат дертар аз Салоҳиддин аз кор баромада ба хона мерафтам ва ӯ низ аз ҳамин Жабкино гузаштааст," -- гуфтааст ӯ.

Матни баромади Ҷамшед Алиевро додгоҳи Маскав расонаӣ кард ва дар он гуфта мешавад, афроди ношинос аз туфангчаи пневматикӣ ба сӯи ӯ тир андохта, вале вақте ба ҳадаф намерасанд, таъқибаш мекунанд. "Аммо аз пеш як марди бознишастаи маҳаллӣ баромад ва маро ҳимоят кард. Онҳо баъд аз он аз баҳри ман гузаштанд," -- нақл кардааст Алиев.

Ба қавли писари аммаи Салоҳиддин Азизов, он афрод дар тан либоси сиёҳ дошта, тамоми рӯяшонро пӯшонда будаанд ва ба гуфтаи ӯ,"хеле қадбаланд ва нерӯманд низ будаанд".

Ба ин саволи вакили мудофеъ, ки оё Ҷамшед Алиев шахсан шоҳиди қатли Салоҳиддин Азизов буд ё не ва аз куҷо медонист, ҳамон афроде, ки Салоҳиддинро куштаанд ба ӯ низ ҳамла кардаанд? ҷавоб гуфтааст, "дар дасти ҳамлаварон як халта буд ва ба назари ман, дар он сари Салоҳиддинро гирифта буданд. Чунки вақте ҷасадро ёфта, дидам, сараш набуд."

Ҷамшед ҳанӯз ҳафт соли пеш, дар моҳи декабри соли 2008, вақте тобути Салоҳиддинро ба Тоҷикистон оварданд, дар фурудгоҳи Душанбе ба хабарнигори Радиои Озодӣ воқеаро чунин нақл карда буд: "Ду нафар сӯи ман тир парронданд. Ба замин афтодам ва вақте мехостам аз он ҷо бигурезам, маро доштанд ва мехостанд, ки латту кӯб кунанд, аммо як мӯйсафеди рус маро наҷот дод. Як соат пештар аз тирпарронӣ сӯи ман, Салоҳиддинро кушта будаанд. Мехостанд, маро ҳам бикушанд."

Муҳаббатшоҳ Азизов

Муҳаббатшоҳ Азизов

Ҳарчанд солҳо аз куштори ваҳшиёнаи муҳоҷири ҷавони тоҷик мегузарад, аммо хонаводаи ӯ бо шурӯи ин мурофиаи додгоҳӣ фоҷиаи 7 сол пешро дубора дар мағзи ҷони худ эҳсос мекунанд. Чаҳор фарзанди дигари хонаводаи Азизовҳо ҳоло дар Русия муҳоҷиранд ва сарнавишти онҳо падари оила Муҳаббатшоҳ Азизовро ором намегузорад.

Ӯ гуфт, борҳо аз писаронаш даъват кардааст, ки дигар ба Русия нараванд, аммо бачаҳояш ҳарфашро қабул накарданд. "Оила ба пул ниёз дорад ва пул ҳоло танҳо дар Русия аст," - гуфтаанд онҳо.

Муҳаббатшоҳ Азизов мегӯяд, хеле дилаш мехост, дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат кунад ва қотилони писарашро аз наздик бубинад, вале мушкилоти молӣ монеи сафараш ба Маскав шудааст. Ин буд, ки ба гуфтаи ӯ бародари Салоҳиддин ва писари аммааш дар ин мурофиа ширкат карда, шоҳидӣ додаанд.

Иля Горячев охирин нафар аз 9 узви мушаххасшудаи гурӯҳи БОРН аст, ки парвандааш ба додгоҳ расид. Ӯ ба таъсиси созмони ифротӣ, гурӯҳи мусаллаҳ ва ширкат дар ҳамлаҳои ин гурӯҳ, қатли беш аз ду нафар дар заминаи адовати миллию ақидатӣ, харидорӣ ва ҳифзи ғайриқонунии силоҳ айбдор мешавад. Дар сурати ба гарданаш дайн шудани ин иттиҳомот, Горячев низ метавонад барои умрбод зиндонӣ шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG