Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷири тоҷик ба ҷурми кумак ба "Ҷабҳат-ан-нусра" зиндонӣ шуд


Додгоҳи ҳарбии округи Приволский дар Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои фиристодани 534 рубли русӣ ба созмони "Ҷабҳат-ан-нусра" дар Сурия се сол зиндонӣ кард. Ин додгоҳ гуфт, Маҳмудлоиқ Назирови 27-сола ба ҷурми маблағгузории терроризм ва қасди пайвастан ба созмони террористӣ муҷрим шинохта шудааст.

Маҳмудлоиқ Назиров ҳафт сол боз дар Хабаровски Русия зиндагӣ доштааст. Бинобар маълумоти дар парвандаи ӯ зикршуда, Назиров соҳиби зану як фарзанд буда, аммо ҷойи кори собит надоштааст.

Валентина Глазева, ёвари додситони вилояти Хабаровски Русия, рӯзи 28 сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "тафтишот собит кард, Маҳмудлоиқ Назиров моҳи январи соли равон 534 рублу 5 тинро ба суратҳисоби як рақами телефон интиқол додааст. Ин рақам ба суратҳисобе пайваст буд, ки тавассути он ба созмони "Ҷабҳат-ан-нусра" кумакҳои молӣ фиристода мешуд".

Глазева афзуд, ин шаҳрванди Тоҷикистон аз маблағҳои шахсиаш ин пулро ҳамчун кумак ба гуруҳи террористии "Ҷабҳат-ан-нусра" фиристодааст. Ба таъкиди Валентина Глазева, шеваи фиристодани кумак ба созмони террористии “Ҷабҳат-ан-нусра” хеле моҳирона таҳия шуда, зери ниқоби хариди электронӣ сурат гирифтааст. "Ин пул гӯё барои хариди чизе фиристода шуд буд. Аммо тафтишот собит кард, ба рақами телефоние, ки соҳибаш барои тафтишот маълум нест ва ба он пул ворид шудааст, ба суратҳисобе тааллуқ дорад, ки ба “Ҷабҳат-ан-нусра” кумаки молиявӣ мерасонад. Интиқоли маблағ тавассути низоми интиқолҳои электронии Visa Wallet сурат гирифтааст", - афзуд Глазева.

Билети ҳавопаймо. Аз Маскав ба Туркия

Тафтишот собит кардааст, ки Маҳмудлоиқ Назиров, инчунин, ба қасди пайвастан ба созмони “Ҷабҳат-ан-нусра” билети ҳавопаймои Хабаровск-Маскавро банд кардааст ва аз он ҷо нияти рафтан ба Туркияро доштааст, ки бо Сурия ҳаммарз аст. Аммо ба гуфтаи Валентина Глазева, Назиров аз бепулӣ имкон наёфтааст “чиптаи банд кардаашро харида” худро то Сурия расонад.

“Назиров дар додгоҳ ба гуноҳи хеш иқрор шуд ва гуфт, ки воқеан ҳам нияти пайвастан ба созмони террористии дар Русия мамнӯи “Ҷабҳат-ан-нусра”-ро дошт”, - мегуяд Глазева.

Маҳмудлоиқ Назиров шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон ҳафт сол инҷониб дар вилояти Хабаровски Русия зиндагӣ доштааст. Бинобар маълумоти дар парвандаи ӯ зикршуда Назиров соҳиби зану як фарзанд буда, аммо ҷойи кори собит надоштааст. Харҷи зиндагии худ ва оилаашро аз ҳисоби ҳаммолӣ дар сохтмонҳои гуногун пайдо мекардааст.

Боздошти чор "сармоягузори" ДИИШ

Зиндонӣ шудани шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба ҷурми сармоягузории терроризм дар ҳолест, ки мақомоти интизомӣ соли 2015 нисбат ба 4 шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми расонидани кумаки молӣ ба гуруҳи хундхондаи “Давлати исломӣ” бо моддаи 401, банди 1 (зархаридӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ, парванда боз карда буданд. Он замон мақомоти Тоҷикистон аз маъмурияти ҳамёни электронии «QIWI Wallet» низ масдуд кардани суртаҳисобҳоеро дархост карда буданд, ки эҳтимол барои гурӯҳи “Давлати исломӣ” маблағ ҷамъоварӣ мекунанд. Тундравҳо ба ин васила аз ҷонибдоронашон дар Русия ва Тоҷикистон дархости кумаки молӣ мекарданд.

“Visa Wallet”, “Yandex Wallet” “QIWI Wallet” ва даҳҳои дигар ҳамёнҳои электронӣ ҳастанд, ки асосан барои харидҳои интернетӣ истифода мешаванд. Барои боз кардани суратҳисоб дар ин саҳифа танҳо рақами телефони ҳамроҳ кофӣ аст.

Зимнан созмони “Ҷабҳат-ан-нусра” дар Сурия, ки аз сӯи Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳо террористӣ эътироф шуда буд, ду моҳи қабл аз иваз шудани номи худ дарак дод. Ин созмон ҳоло аз исми “Ҷабҳат-ан-нусра” парҳез карда, худро бо номи “Ҷабҳату фатҳи Шом” муаррифӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG