Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки дар канори шоҳроҳҳои асосии кишвар дар ҳар панҷоҳ километр як ҳоҷатхона ва дар ҳар сад километр меҳмонхонаҳои хурд бунёд кунанд.

Сохтмони меҳмонхона ва насби ҳоҷатхонаҳо дар канори шоҳроҳҳои бузурги кишвар тибқи Барномаи давлатии рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон то соли 2017 сурат мегирад. ​Фаттоҳ Файзуллоев, раиси Анҷумани созмонҳои сайёҳии Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳоло ҳамроҳ бо намояндагони чанде аз ширкатҳои сайёҳӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд барои бунёди ин қабил иншоот макони муносиб меҷӯянд.

Чанд рӯз пеш ҳамроҳи як гурӯҳ сайёҳон ба Бадахшон рафтем. Аксари ошхонаҳо дар ҳолати ғайрисанитарӣ буданд. Аз хоҷатхонаҳои ин ошхонаҳо ҳоҷати гап задан ҳам нест.

Ба қавли Файзуллоев, "дар паҳлӯи шоҳроҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Кӯлоб дар масофаи ҳар панҷоҳ километр роҳ бояд як ҳоҷатхона бунёд кунем. Натанҳо барои сайёҳони хориҷӣ, балки ин чиз барои мусофирони худамон низ зарур аст. Инчунин, дар ҳар сад километр як меҳмонхона зарур аст, ки сайёҳон истода, шустушӯ кунанд, хоб раванд."

Файзуллоев афзуд, пас аз интихоби ҷойҳои муносиб бо ёрии мақомоти маҳаллӣ ва ширкатҳои ҷаҳонгардӣ, хоҷатхона ва меҳмонхонаҳои канори шоҳроҳҳо бунёд карда хоҳанд шуд.

"Сайёҳони араб ҳоҷатхона наёфтанд"

Ин тасмими мақомоти тоҷик дар ҳолест, ки баъзе аз сайёҳони хориҷӣ баъди сафар ба Тоҷикистон дар хотироташон аз набуди хоҷатхонаҳо дар канори ҷодаҳо шиква мекарданд. ​Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Кувайт, моҳи феврали соли равон дар як нишаст дар Душанбе гуфта буд, ки сайёҳони араб тӯли беш аз се соат, аз Душанбе то қалъаи Ҳулбук, маҷбур буданд, қазои ҳоҷат накунанд, зеро дар роҳ ягон ҳоҷатхона наёфтаанд.

Зубайдов, аз ҷумла гуфт, "меҳмонони араб ба хотири боздид аз қалъаи Ҳулбук ба Кӯлоб сафар кардаанд. Меҳмонон дар давоми ин сафар, ки рафту баргашти он беш аз 400 километр роҳро ташкил медиҳад, аз Душанбе то Кӯлоб дар роҳ ягон ҳоҷатхона наёфтанд, ки қазои ҳоҷат кунанд."

Ҳолати ғайрисанитарии ошхонаҳо

Назрулло Сарадбекпур, як роҳбалади тоҷик, мегӯяд, аз набуди шароити дурусти таомхӯрӣ ва ҳоҷатхонаҳои тамизшуда дар канори шоҳроҳҳои Тоҷикистон, сайёҳони хориҷӣ ранҷ мебаранд ва ин ҷаззобияти Тоҷикистонро ҳамчун кившари туристӣ коҳиш медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, "чанд рӯз пеш ҳамроҳи як гурӯҳ сайёҳони хориҷӣ ба ҳайси роҳбалад ба Бадахшон сафар доштем. Аксарияти ин ошхонаҳо дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доштанд. Ошхонаи "Бадашхон"-и Кӯлоб, ошхонахои "Хехик"-и Язгулом (дар сари роҳ), ошхонаи "Қалот"-и ноҳияи Рӯшон ва дигар ошхонаҳо аз оддитарин дараҷаи хидматрасонӣ ба сайёҳон бархӯрдор нестанд. Аз хоҷатхонаи ин ошхонаҳо ҳоҷати гап ҳам нест."

Як ҷаҳонгарди хориҷӣ дар роҳ ба сӯи Бадахшон.

Як ҷаҳонгарди хориҷӣ дар роҳ ба сӯи Бадахшон.

Ин роҳбалади тоҷик мегӯяд, аз 18 сайёҳи ҳамроҳаш 10 нафарашон аз ғизои ин гуна ошхонаҳо шикамдард шуданд ва ӯ аз Идораҳои беҳдоштии ин минтақаҳо даъват мекунад, то вазъи санитарии ин нуқтаҳоро назорат кунанд.

Зимнан, норасоии хоҷатхонаҳои поку тамизшударо дар Тоҷикистон танҳо сайёҳон эҳсос намекунанд. Дар бисёре аз аз иншооти маишӣ, аз ҷумла мактабҳо низ хонандагон ба ҳоҷатхонаҳои муҷаҳҳаз ва тамизшуда дастрасӣ надоштаанд.

"Дар 83%-и мактабҳо ҳоҷатхона нест"

Дар гузорише, ки ЮНИСЕФ ба нашр расонд, омадааст, дар 45 дарсади мактабҳо об нест ва дар 83 дарсади онҳо ҳоҷатхона ё мавҷуд нест ва агар бошад ҳам, вазъи хеле бад дорад.

Дар ин санад гуфта мешавад, дар 10 соли охир ЮНИСЕФ дар мактабҳои Тоҷикистон 348 ҳоҷатхона бунёд кардааст, ки масъулияти нигоҳубини он бар дӯши раҳбарияти мактабҳо ва мақомоти маҳаллӣ вогузор шудааст. Аммо мақомот дар нигоҳдории вазъи санитарии ин ҳоҷатхонаҳо саҳлангорӣ кардаанд ва бисёр вақт бинобар қатъ шудани интиқоли об, ин ҳоҷатхонаҳо аз кор монда, дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доранд.

Соли гузашта Лео Ҳеллер, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид, оид ба об ва санитария пас аз сафари 10-рӯзааш ба Тоҷикистон гуфта буд, танҳо 44 дарсади аҳолии кишвар ва он ҳам дар шаҳрҳо ба шабакаи мутамаркази "канализатсия" дастрасӣ доранд. Вай гуфта буд, пулҳои ихтисосдодаи давлати Тоҷикистон аз буҷаи кишвар барои ҳалли ин масъалаҳо ниҳоят ночиз аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG