Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чандин хонавода дар маҳаллаи Ховарон инак чанд моҳ боз дар як бинои сохтмонаш нотамом ба сар мебаранд. Ин бино на об дорад, на ташноб ва на барқ...

Орзуи доштани хонаи барҳавову нав дар бинои замонавӣ хонаводаи Гулиноз Бердиеваро дар сохтумони ниматамом ва беобу барқ маскун кард. Хонум Гулиноз мегӯяд, 2 сол пеш манзили якҳуҷрагии худро, ки дар он бо панҷ фарзандаш зиндагӣ мекард, фурӯхта ва дар яке аз сохтмонҳои воқеъ дар маҳаллаи 194- и шаҳраки Ховарон дар канори шарқии Душанбе пул гузошт. Аммо бино бар тӯл кашидани сохтмони ин баландошёна, ки ба гуфтаи мусоҳиби мо, бояд ҳанӯз соли гузашта ба истифода дода мешуд, ночор ба ин бинои ниматамом кӯч баст.

Гулиноз Бердиева мегӯяд: "Вақте манзиламонро фурӯхтем ва пулро дар сохмон гузоштем, дар иҷора зиндагӣ мекардем. Аммо дидем, ки дигар маблағи иҷора баланд рафт ва то 1000 сомонӣ расид, ночор шудем, ба хонаи нав омадем. Чор моҳ ба ин сӯ дар як шароити ногувор ба сар мебарем, на об дорему на ташноб. Аз поён ба 5 ошёна аз кашидани об дастам баромадааст. Вале дигар илоҷ надорем.”

Ниматамом мондани ин бинои баландошёна на танҳо ба саломатии худи Гулиноз, балки ба гуфтаи вай, ба бахти фарзандонаш низ зомин шудааст. Маҳз ин мушкил, нақшаи издивоҷи писарашро дар Душанбе ба ҳам зад ва ӯ ночор дар Русия ҳамсари доғистонӣ гирифт ва истиқомат дар муҷоҳиратро ихтиёр кард. Гулиноз Бердиева мегӯяд, агар медонист, ки бар ивази 36 ҳазор доллар хонаи барҳаво не, балки дарди сар мехарад, ҳаргиз манзили якҳуҷраияшро намефурӯхт.

Ба мисли хонаводаи Гулиноз Бердиева, беш аз даҳ оила дар бинои нотамоми маҳаллаи 194 - и шаҳраки Ховарон зиндагӣ мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин бино ҳанӯз бо шабакаи обу ташноб пайваст нест, симҳои барқ дар дохили даромадгоҳҳо луч буда, вахимтар аз ҳама, ҷойгоҳи лифт мисли “ғор” кушода аст.

Шаҳноза Олимова, сокини дигари ин бино, ки соҳиби се фарзанди хурдсол аст, мегӯяд, аз тарсе ки мабодо бо фарзандонаш фалокате рух надиҳад, онҳоро бо навбат ба поёни бино барои шустани дасту рӯй ва қазои ҳоҷат мефарорад: ”Дар поёни ҳавлӣ сохмончиён барои худ ҳоҷатхона сохтаанд, ҳамаи мо аз он истифода мебарем. Саҳар дар он ҷо навбати зиёд мешавад. Фарзанди калониям ҳар субҳ ба мактаб дер мекунад. Ман аз тарс, ки кудакҳоям ба даромадгоҳи сарҳуй набароянд, бадаста онҳоро мефарорам ва мебарорам. Ин ҳолат хеле хастакунанда аст.”

"Лифт"-и бино

"Лифт"-и бино

Шаҳноза гуфт, шавҳари омӯзгораш базӯр маблағи ин хонаи якҳуҷрагиро ҷамъ кард ва боз як миқдор маблағи дигарро қарз гирифтааст. Ба гуфтаи Шаҳноза, онҳо барои зиндагӣ дар хонаи иҷора дигар имкон надоштанд ва аз ҳамин рӯ, бо вуҷуди хатарҳои зиёд 5 моҳ инҷониб зиндагӣ дар хонаи нотамомро ихтиёр кардаанд.

Ҳайдаршо Саидов, яке аз дигар соҳибхонаҳо, ки чандин соли худро дар Русия сипарӣ кардаву бо сад орзу мехост бо 4 фарзандаш дар баландошёнаи замонавӣ дар шаҳри Душанбе ба сар барад, акнун розӣ аст, ин манзилро бо нархи арзонтар фурӯшад. Ӯ мегӯяд: “Ман барои ин манзил 37 500 доллар гузоштам. Нахӯрдаву напӯшида дар муҳоҷират ин маблағро ҷамъ кардам. Ягон ҷойи рафтан дигар надорем, вале зиндагӣ дар чунин шароите, ки на об дораду на барқ ва на ҳоҷатхонаву ҳаммом воқеан ҳам тоқатфарсо аст.”

Мушкили сокинони ин бинои нотамом дар ҳолест, ки дар пайи бӯҳрони молиявӣ ва пасту баланд шудани қурби доллар шумори зиёди ширкатҳои сохтмонӣ натавонистанд, сари вақт ваъдаи сохтани хонаҳоро иҷро кунанд. Сокиноне, ки интизор доштанд, пас аз соле дар хонаҳои комилан омода зиндагии тоза оғоз мекунанд, ҳоло маҷбуранд, дар ин нимасохтмонҳо ба сар баранд. Шикоятҳои батакрор аз сохтмони ниматамом ва фирори раҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ аз муштариён онҳоро маҷбур кардааст, ки ба ҳамин зиндагии нима дар хонаҳои нима тан бидиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG