Пайвандҳои дастрасӣ

Эрдуғон ба истеъфо меравад, агар халоҷои тилоияшро ёбанд


Бо нороҳатӣ аз иттиҳоми мухолифон, ки президенти Туркияро ба хушгузаронӣ айбдор мекунанд, Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълом дошт, агар раҳбари мухолифон халоҷои тилоии ӯро ёбад, истеъфо хоҳад дод.

Пас аз танқидҳои батакрори он ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҳоҷахонаҳои қасри нави худ халоҷо ё унитазҳои тилоӣ гузштааст, президенти Туркия ба мунаққидон пешниҳод кард, чунин халоҷоро пайдо кунанд. Вай гуфт, агар як дона ҳам унитази тилоӣ дар қасраш пайдо кунанд, вай аз мақмои раёсатҷумҳурии кишвар канор хоҳад рафт.

Пешниҳоди Эрдуғон мустақиман ба Камол Қиличдороғлу, раҳбари Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Туркия нигаронида шуд, ки дар ростои интихоботи порлумонии 7 июн президентро ба бероҳагӣ муттаҳам намуд.

“Ҷавонмардони Анкара, қасрҳо барои шумо сохта шуд, ҳавопаймоҳо харида, мошинҳои “Мерседес” ва халоҷоҳои тилоӣ. Ҳамин хел шумо аз ҳоҷатхона истифода мекунед”, -- гуфт Қиличдороғлу дар як раҳпаймоӣ дар шаҳри Измир, соҳиби баҳри Эгей.

Эрдуғон, ки пас аз бунёди қасри 1000-хона баъд аз пирӯзияш дар интихобот дар моҳи август, аз Қиличдороғлу хост, иддаои худро исбот кунад.

“Ман ӯро даъват мекунам. Марҳамат, биёяд ва ҳамаи қасрро гардад.. Ман ҳайрон хоҳам шуд, агар ӯ чунин халоҷоҳи тилоиро дар ҳоҷатхонаҳо пайдо кунад,” – гуфт Эрдуғон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии ТРТ рӯзи якшанбе ва афзуд: “Агар вай онро ёбад, ман аз раёсатҷумҳурӣ истеъфо медиҳам.”

Қасри раёсатҷумҳурии Туркия

Қасри раёсатҷумҳурии Туркия

Кохи раёсатҷумҳурӣ бо номи Оқсарой ё Қасри сафед дар яке аз баландиҳои ғарбии Анкара, пойтахти Туркия аз бисёр гӯшаҳои ин шаҳр дида мешавад. Эрдуғон дар моҳи октябри соли 2014 расман ба ин қаср кӯчид. Бо вуҷуди он ки додгоҳ ба қатъи сохтмони ин қаср ҳукм кардааст, бунёди қисматҳое аз он идома дорад. Сиёсатмадорон ва журналистони мухолифи давлат номи кохро тағйир дода “Қочоқ-сарой” мегӯянд, яъне “қасри дуздӣ”.

Вазири молияи Туркия Меҳмет Шимшек гуфтааст, барои бунёди қаср 615 миллион доллар харҷ шуда, барои соли 2015 боз 135 миллион доллари дигар пешбинӣ гаштааст.

Президентҳои пешини Туркия аз қасри нисбатан хоксоронаи куҳна истифода мекарданд, вале Эрдуғон бо бунёди ин қаср онро рамзи “Туркияи нав” номид ва талош дорад, барои ҷорӣ кардани низоми комили президентӣ ба қонуни асосии ин кишвар тағйиру иловаҳо ворид намояд.

Эрдуғон хостори ин аст, ки ҳизби ҳокими “Адолат ва Тараққӣ”, ки ӯ зиёда аз як даҳа пеш таъсис додааст, дар интихоботи 7 июн аксарияти қавиро ба даст орад, вале бино бар назарсанҷиҳои ахир дастрасӣ ба ин орзу барои ӯ ва ҳизбаш осон нахоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG