Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мо ҳоҷатхона тоза мекунем, вале танфурӯшӣ намекунем"


Яке аз занҳои муҳоҷири қирғиз дар Русия. Акс аз видеои сомонаи "Русия барои ҳама"
Яке аз занҳои муҳоҷири қирғиз дар Русия. Акс аз видеои сомонаи "Русия барои ҳама"

Бархе аз занони муҳоҷири қирғиз дар як навори видеоӣ ба изҳороти Аристонбек Муҳаммадиулӣ, вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон посух додаанд. Муҳаммадиулӣ ду рӯзи пеш гуфта буд, ки бархе аз духтарону занони қирғиз дар Русия ба тоза кардани ҳоҷатхонаҳо машғуланд ва дидани ин вазъ онҳоро маъюс мекунад.

Аммо як зани муҳоҷири қирғиз дар навори видеое, ки 25 май аз сӯи торнамои "Русия барои ҳама" гузошта шуд, гуфтааст: "Бале, мумкин аст, мо ҳоҷатхона тоза мекунем. Ин меҳнати ҳалол аст. Мо-ку танфурӯшӣ намекунем. Бо меҳнати ҳалоли худ хонаводаамонро мехӯронем."

Вай дар идомаи суҳбаташ афзуда, ки онҳо аз ҳисоби меҳнати ҳалоли худ ҳатто ба иқтисоди Қирғизистон ҳам ёрӣ мекунанд ва ин ҷои шармандагӣ надорад. "Агар ин хел нигоҳ кунем, дар миёни муҳоҷирон занони қазоқ низ ҳастанд ва бархеи онҳо ҳоҷатхона тоза мекунанд. Ин кор ҷои шармандагӣ надорад," – афзудааст муҳоҷирзани қирғиз.

Аристонбек Муҳаммадиулӣ
Аристонбек Муҳаммадиулӣ

Дар ҳамин рӯз вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ҳам ба изҳороти вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон эътирози расмӣ кард. Ин ниҳод 25 май бо таслими ёддошташ ба фиристодаи сафорати Қазоқистон гуфт, изҳороти Муҳамадиулӣ вокунишҳои манфиро ба бор оварда, "ҷавобгӯи рӯҳияи ҳампаймонии ду ҳамсоя нест". Дар номаи эътирозии вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон шеваи изҳороти вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон "таҳқиромез" унвон шудааст.

Дар нота, инчунин, гуфта шудааст, вақтҳои охир аз сӯи Қазоқистон нисбат ба Қирғизистон "изҳороти ғаразнок" бештар садо медиҳад ва чунин баёнияҳо, аз ҷумла дар телевизионҳои давлатии Қазоқистон низ пахш мешаванд.

Аммо вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон бо нашри як нома гуфтааст, ки суханони Аристонбек Муҳамадиулӣ “таҳриф шудаанд”. Дар мактубе, ки имрӯз вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон нашр кард, омадааст, вазир Аристонбек Аристонбек Муҳамадиулӣ "барои он ки суханҳояш нодуруст дарк шудаанд, самимона узр мехоҳад". Дар ин мактуб зикр шудааст, ки бархе аз расонаҳо танҳо ду қисмати хурди суханронии вазирро нашр карданд ва дар натиҷа ҳарфҳои Муҳамадиулӣ "маънии дигар" гирифтанд.

Узрхоҳӣ, тавре дар нома омадааст, ба суханҳои вазир дар бораи муҳоҷирони меҳнатии Қирғизистон, ки дар Русия кор мекунанд, рабт дорад. "Мо бори дигар итминон медиҳем, ки вазир ба халқи қирғиз ҳамеша эҳтиром дорад ва суханҳои вай ба ранҷондани касе равона нашудаанд," - омадааст дар мактуб.

Рӯзи 23 майи соли ҷорӣ Аристонбек Муҳамадиулӣ, вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон, ҳангоми сӯҳбат дар бораи эҷодиёти Чингиз Айтматов, нависандаи маъруфи қирғиз, гуфт, ки аз дидани ҳамватанони Чингиз дар Русия ғамгин мешавад.

"Воқен, ҷойи пинҳон кардан нест ва таассуфовар аст, ки ҳар гоҳ ба Маскав ё дигар шаҳрҳо меравӣ, мебинӣ, ки ҳоҷатхонаҳоро духтарони ҷавон ва ҳамсояҳои мо пок мекунанд. Албатта, ин Шуморо маъюс мекунад. Магар ин духтар дар ин овони зебои зиндагӣ сазовори он аст, ки ҳоҷатхонаи ҷамъиятиро покиза кунад?" -- гуфтааст вазири қазоқ ва афзудааст, ки чун дар Қирғизистон ҷойи кор ва оянда нест, бисёре аз қирғизҳо маҷбур кишварашонро тарк кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, шуморе аз чеҳраҳои ҷамъиятии Қазоқистон барои баёнияи ҷанҷолии вазири фарҳанги кишварашон аз мардуми Қирғизистон узр пурсидаанд.

Аз ҷумла, Мухтор Тайжан - раиси як бунёди ҷамъиятӣ, Аян Шарифбоева, Аружан Саин - фаъолони маданӣ ва Ормон Шораев, раиси собиқи телевизиони КТК-и Қазоқистон бо нашри баёнияе гуфтаанд, ки изҳороти Аристонбек Муҳамадиулӣ дар бораи қирғизҳо хашми ҷомеа ва ҳукумати Қирғизистонро барангехт.

"Барои ин гуфтаҳои вазир мо аз мардуми Қирғизистон маъзарат мехоҳем. Чӣ кунем, ки вазирони бефарҳанг ҳам мешаванд," - афзудаанд онҳо.

XS
SM
MD
LG