Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номаи эътирозии "Радиои қазоқ" ба вазири иттилоот


30 корманди "Радиои қазоқ", ки дар бахши алмаатоии радио кор мекунанд, ба вазири иттилоот ва иртиботи Қазоқистон Даурен Абаев мактуб навиштанд. Дар мактуб рӯзноманигорон аз эҳтимоли баста шудани бахши алмаатоии радио изҳори норизоӣ кардаанд.

"Дар ҳоли ҳозир бахши алмаатоиро, ки ин ҷо 14 рӯзноманигор кор мекунад, хатари басташавӣ таҳдид дорад. Аз замоне, ки радиои 95-сола ба "дорухона" табдил шудааст, се сол гузашт. Намешавад нодида гирифт, ки дар эфири ҳаррӯзаи "Радиои қазоқ" вақти бештарро барномаҳои таблиғотӣ мегиранд. Чаҳор барномаи ҳаррӯза танҳо як доруро таблиғ мекунад", - омадааст дар мактуб.

Муаллифони нома ба вазир мегӯянд, агар бахши алмаатоӣ бо баҳонаи камбуди маблағ баста шавад, пас масрафҳои дигаре ҳаст, ки метавон аз онҳо шуруъ кард. Рӯзноманигорон навиштаанд, дар заминаи бахши алмаатоии "Радиои қазоқ" имкон дорад, ки расонаи мустақилеро бо имкониятҳои муосир таъсис дод. Зери мактубе, ки ба унвонии вазири иттилоот ва иртибот навишта шудааст, 30 рӯзноманигор имзо гузоштааст. То кунун аз вазорат посухе нарасидааст.

XS
SM
MD
LG