Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати ҳабси Муҳаммадсобир Файзовро дар Русия дароз карданд


Муҳаммадсобир Файзов. Акс аз Додгоҳи Басманнии Маскав
Муҳаммадсобир Файзов. Акс аз Додгоҳи Басманнии Маскав

Додгоҳе дар Русия муҳлати ҳабси Муҳаммадсобир Файзов, шаҳрванди Тоҷикистон ва яке аз гумонбарони ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"-ро се моҳи дигар дароз кард.

Қарори Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав рӯзи 16-уми май содир шуд.

Бар асоси он Муҳаммадсобир Файзов, ки ба "амали террористӣ" муттаҳам аст, то 22-юми августи имсол дар ҳабс хоҳад монд. Ӯ рӯзи панҷшанбе завлона ба даст дар толори мурофиа дида шуд.

Муҳаммадсобир Файзови 19-соларо рӯзи 23-юми марти имсол дар Русия дастгир карда, бори аввал ба Додгоҳи ноҳияи Басманни бо аробача ва либоси тиббӣ оварда буданд. Пеш аз он дар шуъбаи эҳё буд ва бозпурсияш дар он ҷо гузашт. Ҳангоми амалиёти боздошт як чашмаш осеб дидааст.

Сайрам Файзова, модари Муҳаммадсобир Файзов, моҳи марти имсол ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеч бовараш намеояд, ки фарзандаш ҳамлаи террористӣ анҷом додааст. "Писарам шахси мазҳабӣ набуд, намозро ҳам соз намехонд, қазо мекард," -- нақл карда буд ӯ.

Дар аксу наворҳояш дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте"-и русӣ Муҳаммадсобир Файзов гоҳе бо риш ва дар бархе маврид бидуни риш ҷавони шод ва коргари хуб тасвир ёфтааст.

Аз миёни аксу наворҳои гузоштаи ӯ саҳнаҳое аз кораш бо муштариҳои рус, маҳалли кор, мошинсаворӣ ва наворҳои кӯтоҳ бо мусиқӣ низ дида мешаванд. Баъзе аз расонаҳои Русия нигоштанд, ки ӯ ба варзиш ҳам рағбат дошт ва дар толори варзишии War Pro дар Иваново дар дарсҳои кикбоксинг ширкат кардааст.

Ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав дар шаби 22-юми марти имсол сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд.

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале баъзе аз мансабдорони Русия ангушти иттиҳомро ба тарафи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ҳодиса инкор кард.

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав то кунун сездаҳ нафарро ба гумони даст доштан дар ҳамла ба “Крокус Сити” ба ҳабс гирифт. Дувоздаҳ нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон. Чанд шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ба зидди қарори додгоҳ шикоят карда, худро расман бегуноҳ донистанд.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, пас аз ҳамла санҷишу боздошт ва ихроҷ афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо дар Русия тағйир ёфтааст. Ҷониби Русия санҷиши муҳоҷиронро муваққатӣ ва чораи пешгирӣ аз терроризм номид. Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хостааст, бе зарурат ба Русия нараванд.

XS
SM
MD
LG