Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон(КМИРТ) эълон дошт, ки мурооти қонунро дар интихоботи президентии моҳи ноябр таъмин мекунад.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИРТ рӯзи 3 сентябр дар дидор бо раҳбарони ҳамаи 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон ва бақия 11 ниҳоде, ки ҳуқуқи пешниҳод кардани номзадро доранд, гуфт, ягона чораи ҷилавгирӣ аз тақаллуб риояи бечунучарои қонуни интихобот аст.

Ҳамзамон вай ба ҷиддитарин хилофкории интихоботҳои гузашта ишора кард ва гуфт: “Овоздиҳии як нафар ба ҷои чанд нафар дар ҳақиқат масъалаи хеле ҷиддӣ шудааст. Ҳар дафъа пас аз интихоботҳо дар бораи ин қонуншиканӣ аз комиссияҳои интихоботӣ эрод гирифта мешавад. Мо бояд тамоми чораҳоро андешем, тамоми воситаҳоро истифода барем, ки мардум тибқи қонуни интихобот ширкат варзад. Як нафар ҳақ надорад ба ҷои аҳли оила ва ё каси дигар раъй диҳад. Талаботи қонун бояд риоя шавад.”



Ҷаноби Шоҳиён афзуд, ба хотири ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо ду соли ахир тамоми додрасҳои кишвар бо кӯмаки Шӯрои адлия дар ду марҳала дар мавриди омӯзиши арзу шикоятҳои интихоботӣ курси такмили ихтисосро гузаштаанд.




Аммо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ ба ин изҳороти раҳбари Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон вокуниши муҳтотона доштанд. Ҳарчанд бархе аз онҳо ба эҳтимоли як интихоботи мунсифона бовар доранд, аксари ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, ҳузур надоштани намояндагони аҳзоб дар шумориши раъйҳо ва таҳияи протоколи ниҳоӣ чизест хилофи шаффофияти интихобот.

Раҷаби Мирзо.

Раҷаби Мирзо.

Рӯзноманигор Раҷаби Мирзо, ки яке аз номзадҳо дар интихоботи миёндавраии моҳи май барои курсии парлумон аз ҳавзаи Восеъ буд, мегӯяд, агар шаффофият дар қонун набошад, таҷрибаи ҳамаи интихоботҳои Тоҷикистон собит кардаанд, ки на фақат ваъдаи раиси ниҳоди интихоботӣ, балки раҳбарони раддаи аввал “гапи хушку холӣ”-ст: “Агар онҳо воқеан ҳам мехоҳанд, ки интихоботи шаффофу озод ва бидуни тақаллуб баргузор шавад, бояд қонунҳои интихоботро ислоҳ кунанд. Сарнавишти интихоботҳо асосан дар қитъаҳои интихоботӣ ҳал мешавад, ки он ҷо аҳзоби сиёсӣ ва ё номзадҳои алоҳида намояндагони худро надоранд. Дар ин ҳол, бидуни шак, тақаллубҳо рух хоҳанд дод.”

Ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ борҳо пешниҳод кардаанд, ки ба хотири пешгирӣ аз хилофкориҳо ва таъмини шаффофияти интихобот ба қонуни он тағйиру иловаҳо ворид шавад.

Соли равон низ як ниҳоди вижае таҳти унвони Эътилоф барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президентии Тоҷикистон пешниҳодҳои худро ба парлумон ирсол намуд. Ин баста аз шомил кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба комиссияҳои интихоботӣ, аз 5 ба 2 дарсад кам кардани теъдоди имзоҳо барои пешбарии номзад, пур шудани протоколи шумориши раъй «бо худкори ранга», ворид кардани калимаи «протокол» ба қонун, се нусха будани он ва насб шуданаш дар даромадгоҳи қитъа иборат буд.

Аммо парлумон ин пешниҳодҳо ва ҳамчунин пешниҳоди ахирро, ки аз як нукта - шомил кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба комиссияҳои интихоботӣ буд, рад намуд.

Шикоятҳо аз аввалин хилофкориҳо

Дар мулоқоти раиси КМИРТ ва раҳбарони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз аввалин тақаллубкориҳо шикоят карданд. Онҳо аз ҷумла гуфтанд, ки дар навоҳӣ раҳбарони вилоятҳо аллакай ҳайати қитъаҳои интихоботиро бидуни мувофиқа бо Куммиссиюни марказӣ муайян карда, ба интихоботи президентӣ омодагӣ мебинанд.

Шодӣ Шабдолов, раиси ҳизби коммунистии Тоҷикистон

Шодӣ Шабдолов, раиси ҳизби коммунистии Тоҷикистон

Шодӣ Шабдолов, раиси ҳизби коммунист изҳор дошт, ки ҳамаи тақаллубкориҳо дар интихоботи қаблӣ бо дахолати бевоситаи мақомоти маҳаллӣ рух додаанд. Вай бо хитоб ба раиси Куммиссиюни марказии интихобот гуфт: “Шумо бо ягон телеграмма ба раисҷумҳур муроҷиат карда, хоҳиш кунед, ки огоҳинома фиристад. Дахолат накунанд ва дар сурати дахолат ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, то сабукдӯш шудан аз вазифа муҷозот мешаванд. Инро агар ба президент маълум кунед, ки фалон ҳукумат дахолат кард, ӯ фавран ӯро пеш мекунад. Ӯ намегузорад, ки барои худнамоӣ барои ӯ 99-у аз даҳ чанд дарсад овоз гиранд. Ӯ ба ин эҳтиёҷ ҳам надорад.”

Ба таъкиди ҷаноби Шабдолов, ин аввалин фишорҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ аст, ки дар пешорӯи интихоботи президентӣ сурат мегирад.

Муҳаммадалии Ҳайит, намояндаи ҲНИТ низ ин гуна фишорҳо болои аҳзоби мухолиф дар маҳалҳоро таъйид кард ва гуфт, "масъулони ҳукумат дар асоси мактуби КМИРТ дар аксари ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла Норак, Турсунзода аз раҳбарони созмонҳои ноҳиявӣ талаб доранд, ки рӯйхати аъзои ҳизб ба ҳукумат пешниҳод карда шавад."

Раиси ҳизби коммунист ва ҳам намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ мегӯянд, дар бархе аз навоҳии кишвар ҳатто мақомоти ҳукуматӣ аз созмонҳои маҳаллии онҳо талаб кардаанд, ки рӯйхати аъзои худро пешниҳод кунанд. Ба қавли онҳо, гӯё ин дастур аз Куммиссиюни марказии интихобот ба ҳукуматҳо рафтааст.

Аммо Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, ҳамчунин дастурро ниҳоди ӯ надодааст ва ҳам КМИРТ ниҳоди интихоботист, на иҷроия.Вай бори дигар таъкид кард, ки ҳамаи фаъолиятҳо бояд дар чаҳорчӯби қонун сурат гиранд. Ин нуктаро бисёре аз ширкаткунандагони ҳамоиш ба дафтарчаҳои худ сабт карданд. Ба эҳтимоли зиёд барои он ки рӯзе ин ваъдаҳояшро ба ҷанои Шоҳиён аз нав ёдрас шаванд.

Мавзӯъи муҳоҷирон

Д
ар ин мулоқот аҳзоби сиёсӣ аз КМИРТ ҳамчунин хостанд, ки барои таблиғу ташвиқи барномаи интихоботии номзадҳо дар ҳавзаҳои интихоботӣ дар Русия шароити баробар фароҳам орад

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон пешниҳод кард, дар ҳавзаҳое, ки муҳоҷирини корӣ дар Русия раъй медиҳанд, барои ҳизбҳо шароити баробар фароҳам оварда шавад, то ки тавонанд барномаҳои номзадҳои худро дар миёни муҳоҷирини корӣ ташвиқ кунанд.

Ба назари намояндагони аҳзоби сиёсӣ, то кунун мавзӯъи таблиғу ташвиқ, барнома ва номзади аҳзоб дар миёни муҳоҷирини корӣ матраҳ нашуда буд.

Ва инак аксари аҳзоб пешниҳод доранд, ки бо мусоидати КМИРТ дар марҳилаи таблиғу ташвиқи барномаҳои ҳизбӣ дар миёни муҳоҷирони корӣ дар Русия худро муаррифӣ кунанд ва соҳиби раъйи муҳоҷирин шаванд.

КМИРТ рӯзи шанбе эълон кард, ки муҳоҷирони кории тоҷик, ки берун аз Тоҷикистон ба сар мебаранд, на ҳаққи пешбарии номзадии худро доранд ва на ҳаққи доданри имзо ба тарафдорӣ аз номзадҳоро. КМИРТ гуфт, номзадҳо бояд ҳамаи 210 000 имзои лозим барои сабти номашонро дар дохили Тоҷикистон ҷамъ биоранд.

КМИРТ барои интихобот пули кофӣ надоштааст

Раиси Кумиссиюни Марказии Интихоботи Тоҷикистон(КМИРТ) ҳамчунин дар ин нишаст иқрор кард, ки ба сабаби ҳимояти молӣ наёфтан аз сӯи созмонҳои байналмилалии молӣ, ин ниҳоди баргузоркунандаи интихобот ба мушкили молӣ рӯ ба рӯст. Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, "бо вуҷуди чандин мулоқот бо иддае аз созмонҳои байналмилалӣ, назири СММ, САҲА, ва IFES ё Бунёди байналмилалии низомҳои интихоботӣ, аммо ин созмонҳо ҳеҷ кумакеро барои раванди омодагӣ ва баргузории интихоботи президентии Тоҷикистон накарданд."

Ҳарчанд, ба таъкиди ҷаноби Шоҳиён, созмонҳои байналмилалӣ барои баргузории интихоботҳо дар Молдова ва Украина маблағҳои ҳангуфтеро тахсис додаанд. Ба ин далел, гуфт раиси КМИРТ, ин ниҳод танҳо дар доираи имконоти молии худ ҳуҷҷатҳо ва маводи лозим барои интихоботро омода хоҳад кард.

Интихоботи навбатии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба рӯзи 6 ноябр таъйин шудааст. Ин шашумин интихоботи президентии Тоҷикистон аст. Дар се интихоботи охир раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон баранда эълон шуд. Оқои Раҳмон, ки алакай 21 сол боз ба Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад, ғолибан барои даст ёфтан ба боз як давраи ҳафтсолаи раёсат дар интихоботи моҳи ноябр аз ҷониби ҳизби ҳокими халқии демократӣ номзад хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG