Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Тоҷикистон аз ҷараёни интихобот дар ҳавзаи шумораи 39-и ноҳияи Восеъ изҳори қаноатмандӣ карданд, вале яке аз номзадҳо мегӯяд, раъйдиҳӣ бо тақаллуб гузашт.

Раиси Куммиссиюни марказии интихобот ва райъпурсӣ(КМИРТ) Шермуҳамади Шоҳиён дар як ҷаласаи махсуси натиҷаҳои ин корзор гуфт, ки дар интихоботи вакил ба Маҷлиси намояндагон дар ин ҳавза беш аз 88 дарсади райъдиҳандагон ширкат варзиданд ва номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Зайниддин Сафаров бо касби 73,2 дарсади оро ғолиб омад: «Мараимов Раҷабалӣ 6 ҳазору 543 овоз ва ё 7, 9 дарсади овозҳоро касб кардааст. Неъматов Ибодулло бо 13 ҳазору 441 овоз 16, 3 фисади райи мардумро ба даст овард.»

Интихоботи вакили парлумон дар ҳавзаи Восеъ бо ширкати 3 номзад рӯзи 5 май доир шуд. Ҷаноби Шоҳиён гуфт, дар маҷмӯъ интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи №39 шаффоф ва тибқи талаботи қонун баргузор гашт ва ба ҷуз аз Раҷабалӣ Мараимов(Раҷаби Мирзо) нафаре аз номзадҳо аз ҷараёни ташкил ва баргузории интихобот шиокоят накардаанд.


Рустам Латипов- раиси ноҳияи Восеъ

Рустам Латипов- раиси ноҳияи Восеъ

Ҷаноби Шоҳиён гуфт, ки Куммиссиюни интихобот аз ҷониби номзад Раҷаб Мараимов чор шикояти хаттӣ ва як шикояти шифоҳӣ гирифтааст. Вай афзуд, ки ҷаноби Мараимов як рӯз қабл аз баргузории интихобот тариқи телефон ба вай шикоят кард, ки раиси ноҳияи Восеъ дар ҷаласаҳои алоҳида ба раисони ҷамоатҳо дастур додааст, ки дар интихобот яке аз номзадҳоро ҷонибдорӣ кунанд. Шоҳиён дар навбати худ бо раиси ноҳияи Восеъ дар тамос шудааст: «Аз соати 7:40 аз сӯи номзад Мараимов чор аризаи шикоятӣ ворид шудааст. Ин шикоятҳо аслан дар мавриди он буд, ки як шахс аз тани чанд нафар овоз медиҳад ва ҳамчунин дар назди участкаҳои интихобот гуфтугузори афроди алоҳида барои ҷонибдорӣ кардани номзади алоҳида гуфтугузорҳо сурат мегиранд. Ҳамчунин шикояти дигар дар мавриди он буд, ки дар варақаҳои овоздиҳӣ номи номзади чорум Ҷӯрабек Қурбонов вуҷуд дорад, ҳол он ки вай як рӯз қабл номзадии хешро бозпас гирифта буд.»

Аммо ҷаноби Шоҳиён гуфт, ки ба ҷуз аз хатогии техникӣ дар мавриди номи номзади чорум, шикоятҳои дигар тасдиқ нашудаанд. Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигорон ва нозирони Раҷаби Мирзо (Мараимов) аз мавориди густардаи тақаллуб ва қонуншиканӣ дар рафти интихобот гузориш медиҳанд.

Сафарбек Сафаров - хабарнигори рӯзномаи «Имрӯз нюс», ки чун нозир дар қитъаи рақами №5, воқеъ дар мактаби миёнаи №53-и ноҳияи Восеъ ширкат дошт, мегӯяд, дар ин ҳавза ҳузури андаки райъдиҳандагон мушоҳида мешуд. Ба таъкиди ҷаноби Сафаров ки то соатҳои 4-и дар ин ҳавзаи интихобот ширкат доштааст, то ин вақт камтар аз 30 дарсади интихобкунандагон овоз дода буданд: «Буданд ҳолатҳое, ки як нафар панҷ ва ё шаш варақаи раъйдиҳиро ба қуттӣ ворид мекарданд. Ман аз рӯи ин ҳолат ба раиси Куммиссиюни ҳавзаи интихоботӣ шикоят бурдам, аммо бо ин вуҷуд масъулон ин варақаҳоро ба ҳисоб мегирифтанд. Ҳамин тариқ, аз 2661 райдиҳандаи ин ҳавза то наздикии шом беш аз 700 нафар ҳозир шуданду халос.»


Номзади норозӣ Раҷаби Мирзо

Номзади норозӣ Раҷаби Мирзо

Айни чунин шикоятҳоро нозирони дигар ҳам дар сӯҳбат бо Озодӣ карда, гуфтанд, ки дар бархе аз ҳавзаҳо мардум бо гирифтани баргаи райъ аз раисони куммисиюнҳои интихоботӣ мепурсиданд, ки бо ин варақаҳо чӣ кор кунанд. Масъулон дар ҷавоб мегуфтаанд, ки онҳо бояд «ду номзади аввалро хат зананд.»

Шокирҷон Ҳакимов таҳлилгари тоҷик мегӯяд: «Аз нуқтаи назари тарзу усул ва технология интихобот дар ноҳияи Восеъ аз райпурсиҳои қаблӣ ҳеҷ фарқе надошт. Аз қабл маълум буд, ки дар мувофиқа бо дастгоҳи раёсатҷумҳур ин ҳавза барои намояндаи ҳизби агарарӣ муайян шуда буд ва бо ин роҳ мақомот мехоҳанд бисёрҳизбиро дар таркиби парлумон вонамуд кунанд. Ҳол он ки ин ҳизб бо дастури ҳукумат таъсис шудааст.»

Зимнан коршиносон интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Восеъро як имтиҳон ё ҳатто репетитсияи интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон меноманд ва мегӯянд, ин корзор нишон дод, ки мақомоти кишвар то куҷо барои баргузории як интихоботи озоду демократӣ омодаанд. То кунун ягон интихоботи доиршуда дар Тоҷикистони пасошӯравӣ аз сӯи нозирони ғарбӣ ҷавобгӯи меъёрҳои интихоботи демократӣ шумурда нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG