Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин баҳси рӯбарӯии мақомоти давлатӣ ва аҳзоби мухолиф дар пешорӯи интихоботи президентии Тоҷикистон бо ибтикори САҲА доир шуд.

Куммиссиюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон(КМИРТ) рӯйхати интихобкунандагон барои ширкат дар интихоботи президентии моҳи ноябрро то миёнаи август таҳия хоҳад кард.

Нурулло Маҳмадуллоев, намояндаи КМИРТ дар як ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо(САҲА), ки рӯзи 2 июл бо иштироки аҳзоби мухолиф, созмонҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ҳукумати Тоҷикистон оғоз ёфт, гуфт, аз ҳоло дастурамалҳоеро омода кардаанд, ки пас аз эълони таърихи интихобот байни масъулони интихоботӣ тақсим шуда, таҳияи заминаи як интихоботи озоду демократиро ба ҳадаф доранд. “Мо ба хубӣ дарк мекунем, ки рушди минбаъдаи кишвар, беҳсозии зиндагии мардум, пойдории сулҳу суббот ва оромии ҷомеа аз ҳар ҷиҳат ба баргузории интихоботи қонунӣ ва шафоф вобастагӣ дорад,” - гуфт оқои Маҳмадуллоев.





Музаффар Ашӯров, намояндаи дастгоҳи президенти кишвар, ки ҷониби ҳукуматро дар ҷаласаи САҲА намояндагӣ мекард, гуфт, «ҳамеша ҷонибдорӣ баргузории интихоботи шафоф ҳастанд ва ҳукумат бо эътимоди комил дар асоси рияои қонун кафолат медиҳад, ки интихоботи президентӣ шафофу демократӣ баргузор хоҳад шуд.»

Аммо намояндагони аҳзоби мухолиф дар баҳси «Меъёрҳои интихоботи демократӣ» гуфтанд, ки ба ҳарфҳои намояндаи дастгоҳи президенти кишвар ва намояндаи КМИРТ бовар надоранд.

Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, нобоварии онҳо ба баргузории интихоботи шаффофу демократӣ аз он бештар шуд, ки пешниҳоди ислоҳи қонуни интихоботро парлумони кишвар рад кард. “Дар Тоҷикистон расм шудааст, ки агар ҳар пешниҳоде мухолифон кунанд, беҳтарин пешниҳод ҳам бошад, ҳукумат қабул нахоҳад кард. Ҳоло дигар ба баргузории интихоботи демократӣ умед бастан душвор аст, зеро«Қонуни интихобот ба Сарқонун мухолифат дорад ва интихоботи шафофро тариқи ин қонун таъмин кардан номумкин аст,”- афзуд Зоиров.

Ҳамчунин Зоиров гуфт, аз соли 1994 то кунун дар Тоҷикистон ягон интихоботи шаффоф баргузор нашудааст ва ҷониби ҳизби ҳокими халқӣ-демкоратӣ ҳамеша ин маъракаро ба сӯди худ истифода мебарад. Аммо ин иддаоро Абдулло Нуров, ҳуқуқшиноси ҳизби ҳоким як ҳарфи «кӯчагӣ» унвон кард ва ҳоҳиш кард, то бештар аз нуқтаи назари қонун ва бо далелҳо сӯҳбат шавад.


Миёни ҷонибҳо дар мавриди баргузории интихоботи шафоф баҳси ҷиддӣ сурат гирифт. Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, нишасти САҲА дар Тоҷикистон ҳеҷ таъсире ба раванди сиёсӣ надорад. Ӯ гуфт, маъракаҳои интихобот дар Тоҷикистон сол то сол ношафофтар баргузор мешаванд ва САҲА бо хомӯшии худ дар ин маврид як навъ ҳукуматро ҷонибдорӣ мекунад.

Ин баҳс дар бинои «Душанбе Плаза», ки Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик сохтааст, доир шуд. Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон ва узви гурӯҳи ташабускорӣ ҳизби Тоҷикистони нав гуфт, «дар ин бинои боҳашамати зебо нишастаем ва аз созандаи он Зайд Саидов, ки мехост, ҳизб таъсис бидиҳад ва ҳоло дар зиндон аст, ҳарфе намегӯем.» Ӯ аз боздошт ва фишорҳо болои Зайд Саидов ва ҳамақидаҳои ӯ сӯҳбат кард. Аммо Ҳаким Мирсаев, намояндаи вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, «ин бино бо пули ҳукумати кишвар сохта шудааст ва ҳар нафар бо маблағгузории ҳукумат метавонист онро бисозад. Аз ин рӯ, аз ин бино ба манфиати ҷонибе тарғибот бурда нашавад.»

Зарафо Раҳмонӣ, узви ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, дар интихоботҳо ва дар сиёсати Тоҷикистон занҳо нақши камранг доранд. Ӯ гуфт, дар ҳоле ки то интихоботи президентӣ фурсати каме боқӣ мондааст, дар миёни занҳо ҳеҷ нафаре ҳанӯз муаррифӣ нашудааст, ки дар ин маъракаи муҳим иштирок карда тавонад.

То интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 4 моҳи дигар боқӣ мондааст. Аммо ин барои аввалин бор аст, ки бо ташаббуси САҲА мавзӯъи интихоботи имсола миёни аҳзоби сиёсӣ, КМИРТ, ҳукумат ва созмонҳои ҷамъиятӣ баҳс мешавад. Соҳибназарон мегӯянд, САҲА дар интихоботҳои қаблии Тоҷикистон нақши хеле фаъолтар дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG