Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як, ду, се... Аз "хоб" хестани аҳзоб барои интихоботи моҳи ноябр


Ҳизбҳои мухолиф ба санҷидани нирӯву тавон ва шеваи ширкати худ дар интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мекунанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) бо даъвати 20 коршинос ба дафтари худ имкониятҳои ширкаташ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Коршиносон ин нишастро «маҳрамона» унвон карданд, аммо раҳбарияти ҲНИТ мегӯяд, аз ҳоло ба омӯзиши афкори ҷомиа дар бораи иштироки ҳизб дар интихоботи раисҷумҳурии моҳи ноябр шурӯъ кардааст.


Нахустин иқдомҳои пешазинтихоботии аҳзоби мухолиф
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:33 0:00
Линки мустақим


ҲНИТ: Пуштибонии мо аз Раҳмон эҳтимоли хеле заиф дорад

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин нишаст ширкатдорон се наҳви иштироки ҳизб дар интихоботро ба баррасӣ гирифтаанд: «Мову коршиносон бар ин иттифоқи назар ҳастем, ки ҳизби наҳзат барои он ки бақо ва эътибори худро дар ҷомиа ҳифз кунад, бояд дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ширкат кунад. Ду вариант дар мадди назар дошта мешавад, яке ин ки номзади худро дошта бошем, дуввум, аз як номзади берун аз ҳизб ва мӯътабар ҳимоят кунем. Варианти сеюм – ҳимоят аз номзади ҳукумат - эҳтимоли хеле заъиф дорад.»

Ин аввалин қадами ҲНИТ – қавитарин ҳизби мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи интихоботи раёсатҷумҳурӣ аст, ки ба қавли коршиносон, то ҷое «маҳрамона» ва хеле эҳтиёткорона аст. Аммо бозгӯӣ аз он мекунад, ки ҳизбҳои мухолифи Тоҷикистон барои шинохти нерӯ ё потенсиали худ шурӯъ кардаанд ва имкониятҳои худро ҳисобу китоб мекунанд. Он ҳам дар ҳоле, ки то ба имрӯз номзади асосӣ дар ин интихобот, ки бояд аз сӯи ҳизби ҳокимиТоҷикистон пешбарӣ шавад, маълум нашудааст ва фурсати чормоҳаи гаштҳои сиёсӣ барои мухолифин ҳам кам мешавад.


Номзади ҳизби ҳоким кӣ мешавад?


Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо, сарвари Маркази таҳлилии «Бозтоб», яке аз ширкатдорони нишасти коршиносон дар дафтари ҲНИТ мегӯяд, аз иқдомҳои ҳизби наҳзат бармеояд, ки худро як нерӯи масъул меҳисобад ва ҳар қадами худро на танҳо дар дохил, балки берун низ дониста мегузорад. Вай мегӯяд, ба назар мерасад, ҳама мунтазири ин нишастаанд, ки рақиби аслиашон, яъне ҳизби ҳоким, чӣ тасмим хоҳад гирифт.

«Суоли «номзади аслӣ кӣ мешавад?» ба як суоли стратегӣ табдил ёфтааст. Ин як воқеият аст ва бояд ҳамин тавр ҳам бошад. Қабл аз ҳама ба он хотир, ки то ба ҳол мавқеъ ва бархӯрди кишварҳои абарқудрати дахил дар Тоҷикистон, аз ҷумла Русияро надидем. Онҳо дар интихоботҳои гузашта эълом медоштанд, ки аз фалон нафар ҷонибдорӣ мекунанд. Мавқеъи онҳо то ягон ду моҳи дигар маълум мешавад, ҳизбҳои мухолиф, қабл аз ҳама наҳзати исломӣ ҳам ин фурсатро мунтазиранд,» - мегӯяд Раҷаби Мирзо.

Раддаҳои поёнии ҳизби ҳокими халқӣ – демократӣ ҳанӯз як сол пеш эълон карда буданд, ки раиси ҳизб, ҳамзамон раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро номзади худ дидан мехоҳанд. Аммо мавсуф моҳи апрели соли ҷорӣ дар Брюссел эълон дошт, ки кафолати як интихоботи шаффоф ва демократӣ дар Тоҷикистонро хоҳад дод, вале дар бораи ширкати худаш ҳанӯз тасмим нагирифтааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, як мояи танишҳои ахир дар равобити Душанбеву Маскав низ ба интихоботи моҳи ноябри Тоҷикистон ва инки оё Маскав мушаххасан аз кӣ ҳимоят кардан мехоҳад, бармегардад. Гаштҳои Русия, ба ақидаи маҳофил, нишон медиҳад, ки “шарики стратегӣ”-и Тоҷикистон инбор босароҳат дар қафои Эмомалӣ Раҳмон нест ва маҳз ҳамин Душанберо ин қадар асабонӣ карда, ба иқдомоти тунде, чун боздошти Зайд Саидов ва ҳамлаҳои тунди лафзӣ алайҳи номзадҳои дигари эҳтимолӣ, назири Муҳиддини Кабирӣ ё Раҳматуллоҳ Зойиров таҳрик медиҳад.

Зойиров ва-банк меравад?


Раҳматулло Зойиров
Раҳматулло Зойиров
Раҳматулло Зойиров, раиси ҳизби мухолифи сотсиал – демократ, чанд рӯз қабл тавассути «Одноклассники», яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 270 ҳазор истифодабаранда дорад, эълон дошт, ки номзадии худро барои ширкат дар интихобот хоҳад гузошт. Иддае ин суханони ӯро ҷиддӣ нагирифтанд, аммо оқои Зоиров рӯзи 25 июн дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки қасдаш хеле ҷиддист: «Ман он ҷо дар посух ба як суол гуфтам, ки бале ширкат хоҳам кард, аммо на танҳо аз сӯи нерӯҳои мухолиф, балки аз тамоми нерӯҳои демократӣ. Ин посухи ман ҷиддӣ буд.»

Раҷаби Мирзо дар робита бо суҳбатҳое, ки раиси ҳизби сотсиал – демократ мекунад ва ҳам ахборе, ки ба ӯ рабт медиҳанд, назари мутафовит дорад. Вай мегӯяд, гапу калочаҳо дар бораи мулоқотҳои сатҳи баланди Раҳматулло Зойиров дар Маскаву Тошканд хоҳ аз сӯи худи ӯ ва хоҳ мақомоти амниятии Тоҷикистон пахш мешаванд, ки кӯшиши огоҳона ва ё ноогоҳона барои ба як шахсияти ҷиддӣ, ҳатто калидӣ табдил додани ӯро бармало месозанд. Вай гуфт, дар асл худи раҳбари сотсиал – демократҳо хуб медонад, ки чӣ нерӯ ё потенсиале дорад.

Идомаи баҳси номзади ягона

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест ки нирӯҳои мухолифи давлат ба талошҳои худ барои интихоб ва пешбарии як номзади ягона дар интихоботи моҳи ноябр идома медиҳанд. Талоше ки натиҷааш то ҳол маълум нашудааст.


Иброҳим Усмон
Иброҳим Усмон
Профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд, аслан ба созиши қатъӣ ва кӯшиши муштараки равандҳо аз сӯи як эътилофи аҳзоби мухолиф бовар надорад: «Эътилоф ҳеҷ гоҳ шакли ягона надорад, метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад. Агар Раҳматулло Зойиров гуфта бошад, ки ӯро ба ҳайси номзади ягона қабул кунанд, ин имконнопазир аст. Ҳамчунин номзади ягонаеро ҳам аз ҲНИТ дигарон қабул намекунанд. Онҳо дар алоҳидагӣ метавонанд вориди мубориза шаванд ва дар давоми раванд ба ин хулоса расанд, ки эътилоф кунанд ё не. Раванд инро муайян мекунад.»

Дар ҳамин ҳол, кӯшишҳои эҳтиёткорона, вале ба ҳар сурат бармалои аҳзоби мухолиф барои омӯхтани нирӯву тавони худ дар ин корзорро аксари коршиносон аломати шурӯъи хеле камранги маъракаи ғайрирасмии интихоботӣ дар Тоҷикистон меҳисобанд. Аммо инки ин корзор ҳамчунон то моҳи ноябр чунин камранг хоҳад монд ваё чӣ ранге хоҳад гирифт, ба қавли манобеъи огоҳ, то 1-2 моҳи дигар муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG