Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чиниҳоро аз Хатлон ихроҷ карданд


Як гурӯҳ аз шаҳрвандони Чин барои будубоши ғайриқонунӣ дар Хатлон аз қаламрави кишвар ихроҷ шудаанд.

Илова ба ин, Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, дар моҳи феврал ба хотири танзими шумора ва шуғли шаҳрвандони хориҷӣ, ба вижа чиниҳо, 15 рейд гузаронад.

Ҳусниддин Зардиев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Хатлон гуфт, аксар шаҳрвандони Чин дар қаламрави ин вилоят кору фаъолияти мавсимӣ дошта, айни замон қисми зиёдашон ба ватани худ баргаштаанд. Аммо ӯ гуфт, пас аз ҷашни соли нави хитоӣ, ки дар моҳи феврал баргузор мешавад, бозгашти саросарии онҳо ба Тоҷикистон дар назар аст. Бинобар ин, ба иддаои масъулони Хадамоти муҳоҷират, имкони ғайриқонунӣ ворид шудани чиниҳо низ вуҷуд дорад. "Мақсади рейдҳои мо муайян кардани шумораи дақиқи шаҳрвандони хориҷӣ ва корхонаҳои хурду миёнаест, ки аз ҷумла бо саҳми хориҷиён бунёд шудаанд. Соли гузашта 733 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави вилояти мо кор мекарданд",-мегӯяд Зардиев.

Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон, айни замон беш аз 370 шаҳрванди Чин дар қаламрави вилояти Хатлон машғули тиҷорат ва кишоварзӣ будаанд.

Танҳо дар бозори хитоии мавсум ба "Атуш"-и шаҳри Қӯрғонтеппа камаш 75 шаҳрванди Чин ба тиҷорат машғул ҳастанд. Коршиносон мегӯянд, будубоши шаҳрвандони чинӣ дар Хатлон агар ҳам ба рушди тиҷорат, кишоварзӣ ва арсаи саноати хурд мусоидат мекунад, аммо дар пайи худ мушкилоти иҷтимоӣ низ доштааст. Масалан, соли гузашта чандин ҷавондухтари хатлонӣ аз масъулони бозори муштараки тоҷикию чиноии "Атуш" талаби пайдо намудани тоҷирони чиниасли ин бозорро пеш оварда буданд. Онҳо иддао доштанд, ки аз шаҳрвандони Чин, ки дар бозори яклухтфурӯшии "Атуш" соҳибкорӣ мекарданд, фарзанддор шуда, аммо падари тифлонашон масъулияти саробонии онҳоро ба дӯш нагирифта, нопадид гаштаанд.

Ҳошим Бобоев, раиси ин бозор мегӯяд, "пештар дар ин ҷо ноболиғону ҷавондухтарон хеле зиёд буданд, ки фурӯшандагӣ мекарданд. Мо онҳоро ҷавоб дода, ба ҷояшон занҳои калонсолу оиладорро ба кор қабул кардем. Албатта, ҳар хел овозаҳо шунида мешаванд, ки гӯиё нисбат ба занҳои мо бадрафторӣ мекунанд. Лекин ягон марди бонангу номуси тоҷик набояд ба ин роҳ диҳад."

Аммо чиниҳо натанҳо дар бахши тиҷорат, балки дар арсаи кишоварзии Хатлон ҳам фаъолият мекунанд. Садҳо гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ бозмонда ба кишоварзони чинӣ ба иҷора дода шудааст, то ки онҳо бо истифода аз имкониятҳои молӣ ва технологияи муосире, ки дар ихтиёр доранд, ин заминҳоро дубора ҳосилхез кунанд. Раҷабалӣ Тағоев, раиси ноҳияи Ёвон, гуфт, барои соҳибкорони чинӣ дар ин ноҳия 80 гектар замин дода мешавад. Вай афзуд, "мо ҳамчунин омодаем, ки 70 гектари дигар заминро барои кишти пахта ба чиниҳо пешкаш намоем."

Дар навори зер: Роҳҳои чинӣ, забони чинӣ...

Роҳҳои чинӣ, биноҳои чинӣ ва забони чинӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00
Линки мустақим


Ҳамчунин соли гузашта кишоварзони чинӣ дар ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 130 гектар заминро ба иҷора гирифта буданд. Дар ин заминҳо, ки аз гардиши кишоварзӣ бозмонда буданд, кишоварзони чинӣ биринҷ кишт кардаанд ва ҳосилнокии он беш аз 60 сентнер аз ҳар гектарро ташкил додааст. Масъулони вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, бар асоси шартномаи иҷора, маҳсулоти ин воҳидҳои кишоварзӣ ҳам бояд танҳо дар бозори дохилии Тоҷикистон арза шавад. Сармоягузорони чинӣ дар бахши кишоварзӣ то ду миллион доллари амрикоӣ сармояи худро дар ноҳияҳои ҷанубии Тоҷикистон, аз ҷумла Ёвону Ҷомӣ барои ин мақсад сарф хоҳанд кард.

Чиниҳо ҳамчунин чандин корхонаи хурди оҳангудозӣ бунёд кардаанд, ки дар он тавассути шаҳрвандон оҳанпораҳоро ба қимати поин харидорӣ ва коркард намуда, ба бозор ироа мекунанд. Аммо фаъолияти на ҳама корхонаҳои оҳангудозӣ низ ба талабот ҷавобгӯ буда,танҳо барои олудасозии ҳаво се корхонаи чиноии оҳангудозӣ ахиран ба андозаи қариб 100 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд.
XS
SM
MD
LG