Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумори рӯзафзуни чеҳраҳои чинӣ дар бозорҳо ва сохтмонҳои Тоҷикистон мояи нороҳатиҳое дар миёни ҷомеа шудааст.

Дар қисмати яклухтфурӯшии бозори «Корвон», бузургтарин нуқтаи савдои Тоҷикистон, ҳоло ҳудуди 100 шаҳрванди Чин ба тиҷорат машғуланд.

Баҳром, ҳамсӯҳбати мо аз ҷумлаи тоҷирони маҳаллӣ мегӯяд, ду сол қабл дар ин бозор пурра мардуми маҳаллӣ тиҷорат мекарданд: "Аввал тоҷикон кор мекарданд, тоҷикон бор меоварданд. Инҳо фаҳмиданду омаданду корро давом дода истодаанд. Тоҷикистон нимашон мардикор шуданду ними дигарашон муфлис. Инҳо борро арзонтар мефурӯшанд, зеро истеҳсолот дар дасташон аст. Аз ин хотир, худашон меоранду ҷои кориро соҳиб мешаванд. Нархи ман барои харидор рост намеояд, аммо аз ин меояд. Бадии кор дар он аст, ки ҷои корӣ аз даст меравад."

Чиниҳо шоливу пахта мекоранд

Ҳамасола, тибқи иттилои расмӣ, 720 ҳазор ва ғайрирасмӣ беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон, ки 7,5 миллион нуфус дорад, ба Русия мардикорӣ мераванд, аммо теъдоди коргарони хориҷӣ дар корхонаву иншоотҳои ин кишвар бамаротиб меафзояд.

Тибқи иттилои расмӣ, агар соли 2007 ин теъдод 30 ҳазор нафарро ташкил мекард, соли 2010 ин рақам ба 82 ҳазор нафар расидааст, ки умдатан шаҳрвандони Чин мебошанд. Чин бузургтарин сармоягузор ва қарздиҳандаи Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ҳудуди 4 миллиард доллар ба иқтисоди ин кишвар сармоя ворид кардааст ва мекунад.



Аммо ширкатҳои чиние, ки дар Тоҷикистон бо сохтмони роҳҳову биноҳо, тарҳҳои энержӣ ва коркарди оҳан машғуланд, кормандони худро умдатан аз Чин меоранд. Ахиран вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълом дошт, ки дар вилояти Хатлон 3 ҳазор ҳектор заминро ба ихтиёри кишоварзони Чин хоҳад гузошт.

Тиломурод Дониёров, раиси шӯъбаи равобити байналмилалии ин вазорат гуфт, чиниҳо дар парвариши шолӣ ва пахта фаъолият хоҳанд кард: "Дар ноҳияҳои Ҷомӣ, Қумсангир ва Бохтар ин гуна нақшаҳо ҳаст. Ҳамчунин дар вилояти Хатлон кишоварзони Чин парвариши қатраии пахтаро роҳандозӣ хоҳанд кард."

“Чин стратегияи худро пиёда мекунад”

Оқои Дониёров гуфт, мутахассисони Чин дар ин тарҳҳо ҳамкорӣ мекунанд, аммо коршиносон мегӯянд, на як бору ду бор чунин рух додааст, ки чиниҳо дар оғоз коргарони маҳаллиро ба кор ҷалб карда, пасон бо ҳамватанони хеш иваз кардаанд.

Рустам Ҳайдаров, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, дар стратегияи миллии Чин ҷойгир кардани шаҳрвандонаш дар кишварҳои дигар як масъалаи муҳим арзёбӣ мешавад: "Албатта, ин ба сиёсати худи Чин бастагӣ дорад, ки ором, бе ягон сарусадо, яъне ботамкин сиёсатҳои иқтисодии худро дар Тоҷикистон пиёда сохтанд. Ва он қудрате, ки таъсири худро ба иқтисоди кишвар расонд, дер ё зуд дар сиёсат ҳам таъсири худро мерасонад. Яъне Чин бо роҳҳои иқтисодӣ стратегияҳои худро дар Тоҷикистон пиёда мекунад."

Оқои Ҳайдаров афзуд, эҳтимол дорад фазои аз ҳудуди якуним миллион муҳоҷири меҳнатии тоҷик холишудаи Тоҷикистонро чиниҳо пур кунанд.

“Умед Ли”- номи нави тоҷикӣ?

Дар миёни мардум аз пайдо шудани издивоҷҳои чиниҳо бо занони маҳаллӣ низ сӯҳбат мешавад. Шабнам, як зани тоҷик, ки шавҳари чинӣ дорад, мегӯяд, ба шарте ба издивоҷ розӣ шудааст, ки ӯ дини исломро қабул кунад. Ба қавли ӯ, ҳоло шавҳараш номи чиниашро ба Умед иваз карда, Умед Ли шудааст.

"Шахсан барои ман фарқ надорад, ки ӯ чинӣ аст, тоҷик аст ё ягон миллати дигар. Ман мехоҳам шавҳар, фарзанд ва оила дошта бошам. Рӯзгорам таъмин бошад. Дар кӯча намонаму кӯчагӣ нашавам",-афзуд ӯ.

Афзоиши чиниҳо дар Тоҷикистон бархӯрдҳои манфӣ ба ҳузури онҳоро низ дар пай доштааст. Мақомоти интизомии кишвар қаблан аз латукӯб ва ғорат шудани чиниҳо низ дар Тоҷикистон иттилоъ дода буданд.

Як чинӣ: "Мегӯянд, ки хонаат рав"

Ави, тоҷири чинӣ дар бозори "Корвон" мегӯяд, Тоҷикистон одамони хуб ҳам дорад ва гоҳо бадбинии мардуми маҳаллиро ҳис мекунад: "Ба мо мегӯянд, ки хонаат рав. Чиниро дар Тоҷикистон дидан намехоҳанд. Бисёр ғамгин мешавам. Чаро?"

Коршиносон мегӯянд, афзоиши чиниҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз эҳсосшаванда нест, аммо аз эҳтимол дур нест, ки ба ҳамин наздикиҳо дар кишвар маҳаллаҳои чинӣ пайдо шаванд. Аммо як масъули ҳукумат, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, раванди ба Тоҷикистон сарозер шудани чиниҳо таҳти назорат аст ва теъдоди шаҳрвандони ин кишвар набояд аз 1,5 ҳазор нафар зиёд бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG