Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳоле, ки шумори коргарони чинӣ дар Тоҷикистон ба 80 ҳазор нафар расидааст, Хадамоти муҳоҷирати кишвар мехоҳад буду боши онҳоро танзим кунад.

Беназмӣ дар буду бош ва афзоиши теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунии Чин - сераҳолитарин кишвари ҷаҳон, Тоҷикистони кӯчакро, ки барои таъмини сокинони худаш бо шуғлу ҷои кор мушкилот дорад, ба ташвиш овардааст.

Ходимони идораҳои муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, ки ин мавод ва нерӯи арзони корӣ, ки ҳоло бозорҳоро пур кардааст, дар панҷсоли дигар ба як проблемаи ҷидии иҷтимоӣ ва демографӣ табдил мешавад.

ТОҶИКИСТОН БАРОИ ЧИНИҲО ПИСАНД АСТ...

Агар шумо дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе гардиш кунед, сари ҳар қадам бо шаҳрвандони чинӣ рӯ ба рӯ мешавед, ки ду-ду ва се-се нафарӣ гардиш доранд. Яке аз соҳибкорони чинӣ, ки дар рӯ ба рӯи қасри раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мағозаи пойафзолфурӯшии худро боз кардааст, мегӯяд, дар Тоҷикистон нафаре роҳ ёфта метавонад, ки моли арзон пешниҳод кунад. Вай мегӯяд, ки зиндагиаш бисёр хуб аст ва ҳеҷ мақоме ё нафаре монеъи пешрафти кораш нест ва мағозааш ҳам серхаридор аст.

Ин соҳибкори чинӣ, ки худашро Сзян Лу ва ё бо номи русии Андрей муаррифӣ кард, Тоҷикистонро беҳтарин макони зист ва соҳибкорӣ медонад: «Корам бисёр хуб аст, ҳеҷ кас халал намерасонад, ман тоза ин дӯконро боз кардаам, ҳеҷ мушкил надорам, лекин рафиқам (ба як нафаре, ки дар паҳлӯяш буд, ишора мекунад), вай дӯкони айнак барои чашм боз кардааст, лекин иҷозатномаи кораш намедиҳанд. Умуман Тоҷикистон ҷои хуб аст.»

2 МИЛЛИОН ТОҶИК ДАР РУСИЯ, 80 ҲАЗОР ЧИНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Аммо як соҳибкори тоҷик, ки дар ҳамин дӯкони пойафзолфурӯшӣ ҳамроҳи ин марди чинӣ ҳамкорӣ мекунад, мегӯяд, ки дар ҳақиқат барои соҳибкори чинӣ ва коргари чинӣ Тоҷикистон ҷои хуб аст, зеро вай моли худро ҳамчун дасти аввал меорад ва арзон ба фурӯш мегузорад. Соҳибкори тоҷик вақте, ки аз Чин мол меорад ҳатман сарфу харҷи роҳро болои моли худ мегузорад ва қиматтар ба фурӯш мегузорад.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, агар вазъ ҳамин хел идома кунад, на ин ки ҷои кор барои соҳибкорони тоҷик танг мешавад, балки афроде, ки ба кори сиёҳ ниёз доранд, кор пайдо карда наметавонанд: «Тоҷикистон як кишвари хурд аст ва 20 миллион аҳолӣ надорад, ки ҳузури 100 ҳазор чиниро эҳсос накунӣ, инҳо ҳоло тамоми бозорҳоро соҳиб шуданд, дар бозори компютерфурӯшӣ, чарчинфурӯшӣ, мебелфурӯшӣ, латтафурӯшӣ ҳамаи бозорҳоро аз худ кардаанд. Касе инҳоро намепурсад, ки чӣ кор мекунед. Ҳудуди 2 миллион аҳолии Тоҷикистон дар Русия кор мекунад, агар ҳамин хел роҳ ёфтан гирад, барои ягон тоҷик ҷой намемонад дар Тоҷикистон.»

ЧИНИҲО ДОМОДИ ТОҶИКОН?

Чиниҳо забони тоҷикӣ, англисӣ ва ё русиро намедонанд. Шояд аз даҳ нафар як нафар забони русиро балад бошад. Вале сарфи назар аз ин ҳама, чиниҳоро ҳатто дар хонаводаи тоҷикҳо дидан мукин аст, ки ҳамчун домод рафтуомади хешутаборӣ доранд.

Ба иттилои Беморхонаи марказии шаҳри Душанбе, дар 9 моҳи соли равон танҳо дар зоишгоҳҳои Душанбе 13 мавриди таваллуди кӯдак ба қайд гирифта шудааст, ки аз пушти падари чинӣ ва раҳми модари тоҷик ба дунё омадаанд.

Баъзе аз Марказҳои шуғли муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, ки шаҳрвандони чинӣ ҳатто агар бо раводид ва асноди лозима ба Тоҷикистон оянд ҳам, пас аз анҷоми муҳлати раводид, дигар дар инҷо мемонанд ва ришват дода ҳузури худро тамдид мекунанд.

"... БИМ ДОРАМ, КИ ДЕР МЕШАВАД..."

Дар ҳамин ҳол мудири Маркази муҳоҷират ва рушд дар Тоҷикистон Музаффар Зарифов мегӯяд, ки таъсиси Маркази ягонаи муҳоҷират дар ин кишвар дар шабу рӯзе, ки як бебандуборӣ дар шуғлу буду бошӣ муҳоҷирони корӣ рӯшан дида мешавад, бисёр муҳим аст: «Протсесҳое, ки дар ин раванд идома дорад, ман бим дорам, ки баъд дер мешавад. Ин беназмиҳое, ки дар равуои шаҳрвандони Чин ва кишварҳои дигар ба Тоҷикистон дида мешавад, бояд пеши роҳи онро гирифт ва ҷиддан танзим бояд кард. Хусусан тарҳҳои сармоягузорие, ки дар Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар иҷрои он саҳми шаҳрвандони маҳаллиро бештар кард. Масалан дирӯз вақте, ки сохтмони роҳи Душанбе - Турсунзодаро ифтитоҳ, карданд президент таъкид кард, ки 80 фисад дар он шаҳрвандони Тоҷикистон бояд саҳм дошта бошанд, ин пешниҳод хуб аст. Ва ҳамаи тарҳҳоро аз рӯи ҳамин саҳмия тақсим бояд кунем. Ҷавонони мо биёр бекоранд ба онҳо касбу ҳунар бояд омӯзем.»

Дар ҳоле, ки Хадамоти омори Тоҷикистон теъдоди шаҳрвандони Чин дар ин кишварро ҳудуди якуним ҳазор нафар нишон медиҳад, созмонҳои байналмилалии муҳоҷират ин рақамро ҳудудан 80 ҳазор нафар тахмин мезананд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG