Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз додгоҳи иқтиисодии Хатлон хостааст, то куҷо қонунӣ будани қарордоди таъсиси корхонаи муштараки "Тоҷиказот"-ро баррасӣ кунад.

Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо ирсоли як даъвои расмӣ аз додгоҳи иқтиисодии Хатлон хостааст, қарордоди таъсиси корхонаи муштараки "Тоҷиказот"-ро ғайриқонунӣ эълон кунад. Мақомоти Оҷонсӣ мегӯянд, ин даъво дар ҳоли ҳозир дар дасти баррасии додгоҳи иқтисодии Хатлон қарор дорад.

Ҳоло 75 дарсади саҳмияҳои корхонаи муштараки Тоҷикистону-Кипр ба ширкати «Хайрок холдинг лимитед»-и сармоягузори укроинӣ Дмитрий Фирташ, 5 дарсадаш аз Хайрулло Саидов ва 20 дарсади дигараш аз они давлат будааст.
Ин корхона дар гузашта ба истеҳсоли нирӯҳои минералӣ барои бахши кишоварзӣ машғул буд. Аммо аз соли 2008 ба далели камбуди газ, ки аз Узбакистон ворид карда мешуд аз кор бозмондааст.

Абдукарим Зарипов, раҳбари раёсати назорати будҷа ва хазинаи давлатии Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ рӯзи 17-уми март гуфт, даъвои ин оҷонсӣ ба шартномаи таъсиси корхонаи муштараки «Тоҷиказот» рабт дорад: «Вақте таъсис додани корхонаи муштарак, тамоми моликияти «Тоҷиказот»-ро ба қадри 20 дарсад сармояи оинномавӣ ташкил додаанду 80 дарсади саҳмияашро Фирташ тариқи ширкати «Хайрок холдинг лиметед» ворид кардааст. Аз ҳамин 80 дарсади саҳмияҳояш Фирташ 5 дарсадашро ба Хайрулло Саидов додааст.»

Оҷонсии мубориза бо коррупсия, зимни бурдани ин даъво ба додгоҳи иқтисодии Хатлон инчунин роҳбарияти ширкати «Тоҷиказот»-ро дар ғайримақсаднок истифода кардани маблағҳо ва фурӯши таҷҳизотҳои он ҳам гумонбар медонанд.

Ба гуфтаи масъулони Оҷонсии мубориза бо коррупсия, шартномаи мазкур соли 2002 имзо шудааст, замоне ки Зайд Саидов вазири саноати Тоҷикистон буд. Ба таъкиди ин масъулон дар сурате, ки додгоҳ шартномаи таъсис ва хусусигардонии корхонаи муштараки «Тоҷиказот»-ро ғайриқонунӣ эътироф кунад, ин корхона дубора ба моликияти давлат табдил дода хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Тоҳирхон Ғозиев роҳбари ҶСК «Тоҷиказот» воқеъ дар шаҳри Сарбанд дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ», иддаои Оҷонсии зиддифасодро рад карда гуфт, Фирташ ҳамаи ӯҳдадориҳояшро дар назди корхона иҷро карда, пас аз хариди саҳмияҳои корхона барои рушди он 4,5 миллион евро сармоягузорӣ кардааст. Ғозиев гуфт: «Ягон таҷҳизот фурӯхта нашудааст, ҳамааш коршоям аст ва дар ҷояш истодааст. Мо танҳо як қисм мутахассисонамонро аз даст додаему тамом. Агар ҳамин рӯз ба корхонаи мо газ дода шавад, пас аз як моҳ он ба кор шурӯъ хоҳад кард. Чунки мутахассисонро дубора ба кор ҷалб кардан даркор аст».

Талаби оҷонсии зидди коррупсияи Тоҷикистон дар ҳолест, ки додгоҳи Австрия рӯзи 14 март муҳокимаи парвандаи истирдоди миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ ба Амрикоро оғоз карда, барои раҳоии молики "Тоҷиказот" ва "Гулистон" 125 миллион евро гарав таъин кард.

Миллиардери маъруфи украинӣ Дмитрий Фирташи 48-сола, ки бо 3,3 миллиард долллар дороиҳояш яке аз сарватмандтарини нафарон дар Украина ба шумор меравад, рӯзи 13 март дар пойтахти Австрия дастгир шуд. Ӯ аз тарафи Амрико бо иттиҳоми ришвадиҳӣ ва қасди ҷиноӣ таҳти таъқиб қарор доштааст.

Дмитрий Фирташ, молики "Group of DF" ва "РосУкрЭнерго", як бозигари асосӣ дар муомилоти харидуфурӯши газ байни Русияву Украина, аз соли 2006 аз сӯи Дафтари федеролии тафтишоти Амрико таъқиб мешуд. Ин ниҳод то ҳол дар бораи боздошти Фирташ шарҳе надодааст.

Фирташ дар авоили солҳои 2000 талош карда буд, то дар Тоҷикистон низ барои тиҷоратҳояш ҷои по биёбад. Дмитрий Фирташ аз ҷумла корхонаи нуриҳои азотии Вахш - "Тоҷиказот"- дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, корхонаи "Абрешими Хуҷанд" дар шимол ва корхонаи дӯзандагии "Гулистон" дар Душанберо хусусӣ гардонда буд. Ӯ бо Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик, ки соли гузашта боздошт ва ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, равобити хеле наздик дошт ва аз ҷумла идораи умури корхонаи "Гулистон"-ро дар солҳои охир ба Саидов супурда буд.

Аммо ба сурати умум кори Дмитрий Фирташ дар Тоҷикистон чандон омад накард. "Тоҷиказот" - бузургтарин корхонаи марбут ба ин миллиардер дар Тоҷикистон - ба далели қатъ шудани воридоти гази Узбакистон 6 сол боз аз кор мондааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG