Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шубҳаи Тоҷикистон дар мавриди тиҷорати Фирташ


Дмитрий Фирташ
Дмитрий Фирташ
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба қонунӣ будани ширкати муштараки Тоҷикистону Қибрис ё Кипр бо номи ”Тоҷик Азот” шубҳа дорад. Аз чаҳор се ҳиссаи саҳмияҳои ин ширкат дар ихтиёри Дмитрий Фирташ-соҳибкори украинӣ қарор дорад, ки дар Австрия боздошт шудааст.

Агар додгоҳ даъвои Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистонро собит созад, дар он сурат ин ширкат давлатӣ хоҳад шуд. Фиртишро ба эҳтимоли ғайриқонунӣ ба даст овардани саҳмияҳо ва имзои қарордоди хариду фурӯш ва истифодаи берун аз ҳадафи таюҷҳизоти корхона гунаҳгор медонанд. Зарари вориди 2 миллион долларро ташкил медиҳад.

Аммо гузоришҳо ҳокист, ки Фиртиш бо пардохти 125 миллион доллар васиқа аз ҳабс раҳо хоҳад шуд ва дар худи Австрия хоҳад монд. Ҳукумати Амрико истирдоди вайро тақозо мекунад.
XS
SM
MD
LG