Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулони корхонаи "ТоҷикАзот", бо гузашти дуюним сол аз замони тавқифи кори ин ширкат, дар бораи азсаргирии фаъолияти он хабар медиҳанд.

Беш аз 600 корманди мураххасшудаи ширкат ҳоло дубора ба кор даъват шуда, қарор аст, то поёни соли ҷорӣ 70 ҳазор тонн карбомид истеҳсол ва вориди бозори дохилию байналмилалӣ гардад.
Таҳлилгарони масоили иқтисодӣ аз корандозии дубораи «ТоҷикАзот» истиқбол карда, мегӯянд, дар сурати ҳадди ақалл ба 50 дарсади иқтидори солона кор кардани ин корхона, буҷаи давлат даромади чашмгири молӣ ба даст меорад...

Ширкати муштараки Тоҷикистону Кипр - «ТоҷикАзот» - аз корхонаҳои азимтарин ва ягонаи саноатӣ дар кишвар аст, ки то поёни соли 2008-ум ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва дигар маводи муҳим барои анҷоми умури кишоварзӣ машғул буд. Аммо корхонаи мазкур сар аз моҳи декабри соли 2008-ум ба сабаби қатъ шудани интиқоли гази воридаи Узбакистон, аз фаъолият бозмонда буд. Хисороти расида аз тавқифи кори ин ширкат танҳо дар соли 2010-ум, беш аз 100 миллион сомонӣ арзёбӣ шудааст ва ин рақами ниҳоӣ набудааст.

Вале ҳоло гуфта мешавад, бузургтарин корхонаи саноатӣ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон дар мушкили набуди гази табиӣ ва нерӯи барқаш роҳҳал пайдо карда, рӯзҳои наздик ба тавлиди нуриҳои минералӣ шурӯъ мекунад.

Тоҳирхон Ғозиев, раиси корхонаи муштараки «ТоҷикАзот», дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, пас аз гуфтушунидҳои пайопай бо мақомоти Узбакистон, интиқоли газ ба «ТоҷикАзот» аз сар гирифта шуд. Барои хариди беш аз 7,5 миллион метри мукааб
Тоҳирхон Ғозиев

гази узбакӣ ширкат ду миллион доллари амрикоӣ пешпардохт кардааст. Ҷаноби Ғозиев афзуд, гази ворида тақрибан баробар бо нархи ҷаҳонӣ харидорӣ мешавад, ки ҳар 1000 метри мукаабаш ба чизе беш аз 260 доллари ИМА баробар аст.

"Вале мушкили мавҷуда ин аст, ки дар зарфи қариб 40 рӯзи фаъолияти «ТоҷикАзот» 9 дафъа интиқоли газ ба ин корхона қатъ шуда, кори ширкатро кунд кардааст. Тибқи арзёбиҳои муқаддамотӣ, дар пайи ин беназмиҳо дар зарфи беш аз як моҳи фаъолият танҳо аз талафи гази табиӣ «ТоҷикАзот» 360 ҳазор доллар ва аз нерӯи барқ - кариб 700 ҳазор сомонӣ зиёни молӣ бардоштааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки корхона ҳанӯз ягон килограмм нуриҳои минералӣ истеҳсол накардааст",-илова кард ӯ.

Аммо масъулони ширкати «Тоҷиктрансгаз», ки масъули интиқоли гази воридаи узбакӣ то ба корхонаи «ТоҷикАзот» аст, мегӯянд, бинобар ин ки корона дар дуюним соли ахир пурра аз фаъолият бозмонда ва гази табиӣ ба он интиқол намешуд, қубурҳои газгузар фарсуда ва таъмирталаб шудаанд. Аз шаҳри Душанбе то маҳалли корхонаи «ТоҷикАзот» 103 километр қубурҳои газгузар кашида шуда, ҳоло дар чанд қисмати қубурҳо таъмир ҷараён дорад.

Ба гуфтаи Тоҳирхон Ғозиев, раиси «ТоҷикАзот», дар сурати роҳандозӣ шудани кори ширкат ба иқтидори пешин, кормандони дигари мураххасшуда низ дубора ба кор ҷалб хоҳанд шуд. Бо қатъи фаъолияти «ТоҷикАзот», беш аз ҳазор нафар корманд тарки ин корхона кардаанд.
Бинои корхонаи "ТоҷикАзот"

Миралӣ Содиқов, сокини шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон низ аз зумраи кормандонест, ки аз «ТоҷикАзот», ба истилоҳ, «ихтисор» шудааст. Вай мегӯяд, раҳбарияти ширкати мазкур ӯ ва даҳҳо нафари дигарро бо баҳонаи бӯҳрони молиявӣ аз кор хориҷ карда, манзили зисти хизматиашро низ бозпас гирифтааст: "Ҳоло бекор гаштаам. Ҳамсарам бемор шуду фавтид. Кори доимӣ нест. Дар «ТоҷикАзот» маоши хуб медоданд, ба рӯзгор мерасид, аммо ҳоло проблема зиёд аст. Умедворам, ки дар сурати дубора фаъол шудани кори «ТоҷикАзот» раҳбарияти корхона ба суроғи мо ҳам хоҳад омад."

Таҳлилгарони масоили иқтисодӣ аз корандозии дубораи «ТоҷикАзот» истиқбол карда, мегӯянд, дар сурати ҳадди ақалл ба 50 дарсади иқтидори солона кор кардани ин корхона, буҷаи давлат даромади чашмгири молӣ ба даст меорад.

Агар «ТоҷикАзот» то поении сол ҳадди ақалл 60 ҳазор тонна карбомид истеҳсол намояд, танҳо аз ААИ (андоз аз арзиши иловашуда) ба давлат дастикам 13 миллион сомонӣ пардохта метавонад.

Вале Қаландар Садриддинзода, иқтисоддони маҳаллӣ, мегӯяд, ҳоло бозори нуриҳои минералии Тоҷикистонро маҳсулоти тавлиди Узбакистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя аз худ кардааст ва «ТоҷикАзот»-ро мебояд ба хотири дубора ба даст овардани бозори дохилӣ муваққатан аз баҳри ба истилоҳ, «бизнеси калон», барояд:

Қаландар Садриддинзода
"Баъд аз дуюним соли бефаълиятӣ бозори то ҷое аздастрафтаро мушкил мешавад дубора аз худ кардан. Шояд каме зарар ҳам бинад корхона; маоши кормандонро кам мекунад, дигар масрафоташро кам мекунад, то ки нархи маводи истеҳсолкардаашро поин барад. То чанд муддат ин корхона ба саноати минтақа фоидаовар нахоҳад буд. Фоидаи дилхоҳро базудӣ ба даст нахоҳад овард, чун ба ин бозор маҳсулоти кишварҳои дигар фаровон ворид шудааст. Як роҳи дигар ин аст, ки корхона аз роҳҳои расмӣ ё ғайрирасмӣ воридот ва фурӯши нуриҳои минералии истеҳсоли хориҷиро дар бозори дохилӣ манъ кунад. Аммо ин шояд чандон дуруст нест."

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта имкон дошт, «ТоҷикАзот» расман муфлис эълон шуда, дороиҳояш барои пӯшондани қарзҳои корхона аз молиёт, газ ва барқ ба фурӯш гузошта шавад. Идораи молиёти вилояти Хатлон аз додгоҳи иқтисодии минтақа хоста буд, ки ширкати «ТоҷикАзот»-ро ба сабаби афзоиши қарзи андоз ва дар ду соли ахир аз фаъолият бозмонданаш расман муфлис эълон кунад.

Ҳотамшо Саъдуллоев, масъули шӯъбаи ҳуқуқи идораи молиёти вилояти Хатлон, мегӯяд: "Дар ҳолате ки истеҳсолот набошад, дар ҳоле ки корхона фаъолият накунад, кормандон бекор монанд, қарзҳо афзудан гиранд, мо тамоми вазъиятро омӯхта, ба суди иқтисодӣ пешниҳод мекунем, ки фаъолияти чунин корхонаро муфлис эълон кунад."

Аммо додгоҳи иқтисодии минтақа дар мавриди муфлис эълон кардан ё накардани ширкати «ТоҷикАзот» тасмиме нагирифт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои коршиносон, ҳоло натанҳо ширкати «ТоҷикАзот», балки бахши аъзами корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон дар ҳоли варшикастагӣ қарор доранд. Аксар аз текнолоҷии корхонаҳои саноатию тавлидотӣ дар Хатлон кӯҳнаву бозмонда аз замони Шӯравӣ буда, ягона роҳи нигоҳ доштани он ҳамеша бо барқ таъмин будан ва дар истеҳсолот истифода кардани он мебошад.

ҶСП-и корхонаи муштараки «Тоҷиказот» соли 1964 дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон бунёд ёфтааст. Соли 2002-юм дар заминаи корхонаи азотии Вахш корхонаи муштараки тоҷикию киприи «ТоҷикАзот» таъсис ёфт, ки 80%-и саҳмияи он ба ширкати «Хайрок Ҳолдинг Лимитед» (Кипр) ва 20 дарсади дигараш ба ҷониби Тоҷикистон мансуб аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG