Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

125 миллион $ гарав - барои озодии соҳиби "Тоҷиказот"


Дмитрий (Дмитро) Фирташ
Дмитрий (Дмитро) Фирташ

Додгоҳи Австрия муҳокимаи парвандаи истирдоди миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ ба Амрикоро оғоз карда, барои раҳоии молики "Тоҷиказот" ва "Гулистон" 125 миллион доллар гарав таъин кардааст.

Додгоҳи Австрия рӯзи 14 март барои раҳоии миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ, ки дар Тоҷикистон низ чандин корхона дорад, 125 миллион доллар пули гарав таъин кард. Додгоҳ ҳамин тавр парвандаи истирдоди Фирташ ба Амрикоро боз кардааст? Сухангӯи додгоҳ Андреас Ҳаутс гуфтааст: "Парвандаи истирдод боз шуд. Ба ин далел ки мабодо фирор накунад, ба маблағи 125 миллион доллар гаравпулӣ таъин шудааст. Бар изофаи ин, ҷаноби Фирташ ҳаққи тарки қаламрави Австрияро то поёни муҳокимаи парвандаи истирдодаш нахоҳад дошт."

Дмитрий Фирташ ҳанӯз дар боздоштгоҳ аст, вале ба муҷарради супурдани 125 миллион доллар пули гарав метавонад раҳо биёбад.

13 март: Боздошти соҳиби "Тоҷиказот" дар Австрия

Миллиардери маърууфи украинӣ Дмитрий (Дмитро) Фирташ рӯҳи 13 март дар Австрия дастгир шуд. Ӯ аз тарафи Амрико бо иттиҳоми ришвадиҳӣ ва қасди ҷиноӣ таҳти таъқиб қарор доштааст.

Бино ба хабарҳо, Дмитрий (Дмитро) Фирташи 48-сола шоми чоршанбе дар пойтахти Австрия, шаҳри Вена дастгир шуд. Сухангӯи пулиси Вена Марио Ҳейл ба дунбол боздошти нафаре бо номи Дмитро Ф.-ро тасдиқ кард, вале гуфт, пулис барои ифшои исми хонаводагии ӯ ҳанӯз иҷозат надорад.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи вазорати хориҷаи Украина гуфт, сафорати ин кишвар дар Австрия тасдиқ кардааст, ки боздоштшуда Фирташ аст.

Дмитрий Фирташ, молики "Group of DF" ва "РосУкрЭнерго" , як бозигари асосӣ дар муомилоти харидуфурӯши газ байни Русияву Украина, аз соли 2006 аз сӯи Дафтвари федеролии тафтишоти Амрико таъқиб мешуд. Ин ниҳод то ҳол дар бораи боздошти Фирташ шарҳе надодааст.

Ин ҳам рӯшан нест, ки оё боздошти ӯ ба бӯҳрони ахири Украина рабте дорад ё на? Дар рӯйхати таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо алайҳи мақомоти дахил дар ғорати пулҳои давлати Украина исми Фирташ набуд.

Фирташ, ки сарваташро дар соҳоти мухталифе, чун саноати кимиё, газ, матбуот ва бонкдорӣ ҷамъ овардааст, бо 3,3 миллиард доллар чорумин нафари сарватмандтарини Украина ва як фарди наздик ба Русия маҳсуб мешуд.

Аммо мегӯянд, ки равобити ӯ бо раҳбари барканоршудаи Украина Виктор Янукович аз соли гузашта ба сардӣ гароида буд ва ба гуфтаи раҳбари собиқи Хадамоти амнияти Украинаа Якименко, Фирташ ба таври ғайриаланӣ эътирозҳои ахир алайҳи Януковичро таъмини молӣ ҳам мекардааст.

Фирташ ва Тоҷикистон

Ӯ як муддат талош карда буд, то дар Тоҷикистон низ ҷои по биёбад. Дмитрий фирташ аз ҷумла корхонаи нуриҳои азотии Вахш - "Тоҷиказот"- дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, корхонаи "Абрешими Хуҷанд" дар шимол ва корхонаи дӯзандагии "Гулистон" дар Душанберо хусусӣ гардонда буд. Ӯ бо Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик, ки соли гузашта боздошт ва ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, равобити хеле наздик дошт ва аз ҷумла идораи умури корхонаи "Гулистон"-ро дар солҳои охир ба Саидов супурда буд. Аммо ба сурати умум кори Дмитрий Фирташ дар Тоҷикистон чандон омад накард. "Тоҷиказот" ҳам ба далели қатъ шудани воридоти гази Узбакистон 4 сол боз аз кор мондааст.

Украина Горди миллии 60 000-нафара месозад

Порлумони Украина дар пасманзари ишғоли Қрим аз сӯи нирӯҳои Русия рӯзи 13 март бо иттифоқи оро аз пешниҳоди таъсиси Горди миллии иборат аз 60 000 аскару афсар ҳимоят кард. Порлумони Украина рӯзи 13 март бо иттифоқи оро аз пешниҳоди кафили раисиҷумҳур Олександр Турчинов ҷииҳати ташкили ниҳоди нави низомӣ - Горди миллӣ - бо ҳудуди 60 000 сарбоз пуштибонӣ кард. Верховни Рада ҳамчунин имрӯз расман ба СММ муроҷиат кард, то масъалаи ишғоли Қрим аз сӯи Русияро баррасӣ кунад. Ин санад ҳамзамон аз азми Украина барои равобити наздиктар бо Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ мекунад.

Бо ин ҳол, сарвазири Украина Арсений Ятсенюк рӯзи 13 март дар Шӯрои Амнияти СММ роҷеъ ба вазъи кишвараш суханронӣ мекунад. Интизор меравад, Ятсенюк ба Шӯрои Амният бори дигар бигӯяд, ки райъпурсӣ дар Қрим ғайриқонунист ва истиқлолу тамомияти арзии Украина бояд ҳифз шавад.

Аммо дар ҳоле ки дар Ғарб Русияро ба дахолати ошкору рӯирост дар умури Украина, бавижа дар ишғоли низомии Қрим айбдор мекунанд, Владимир Путин - раиси ҷумҳури Русия рӯзи 13 март дар Сочи гуфт, дар бӯҳрони Қрим набояд Русияро гунаҳкор кард. Путин аз Украина ном набурд, вале гуфт, "шумо ҳама дар бораи шароити мушкил хеле хуб хабар доред. Ман бояд изҳор намоям, ки ташаббускори ин шароит нест, ки мо ҳоло рӯбарӯ шудаем, Русия нест.”

Андрей Илларионов, мушовири собиқи Владимир Путин, ки аз сиёсати Маскав дар Украина шадидан норозист, имрӯз дар Киев бо доншиҷӯёни донишгоҳи Могилянка мулоқот дорад. Пахши мустақими сӯҳбати Илларионовро метавонед аз ин нишонӣ тамошо кунед:

https://www.youtube.com/watch?v=4u-JqXkHsvM&feature=share



Меркел: Ин фалокати танҳо Украина нест

Чунин ба назар мерасад, ки раҳбарони ғарбӣ дар қиболи рафтори Русия дар Украина аз лаҳни рӯз то рӯз шадидтар кор мегиранд. Ҳарфи таҳрим ва “баҳо”-и чунин рафтори Русия торафт аз ҷониби Ғарб баландтар садо медиҳад.

Ангела Меркел дар Бундестаг
Ангела Меркел дар Бундестаг
Cадри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи 13 март ба порлумони Олмон гуфт, Русия бо рафтораш дар Қрим дучори осебҳои "сангин"-и сиёсиву иқтисодӣ хоҳад шуд. Хонум Меркел, ки аз оғози бӯҳрони Украина бо як лаҳни шадидтарин сӯҳбат мекард, ба вакилони Бундестаг дар Берлин гуфт, "агар Русия сиёсати ҳафтаҳои охирашро идома диҳад, ин фалокате танҳо барои Украина нахоҳад буд." Меркел гуфт, Русия ба ҷои инки ба ҳайси як шарик барои суботи Украина амал кунад, аз сустии ин кишвари ҳамсояаш сӯиистифода кардааст. Ангела Меркел гуфт, “якпорчагии Украина наметавонад мавзӯи баҳс бошад.” Меркел гуфт, агар Русия "музокироти натиҷадор"-еро шурӯъ накунад, Иттиҳодияи Аврупо алайҳи мақомҳои Русияву Украина таҳримот ҷорӣ хоҳад кард.

Нирӯҳои Русия қаламрави Қримро тасарруф кардаанд ва мақомоти рӯ ба Маскави ин вилояти Украина мехоҳанд рӯзи 16 март масъалаи ба Русия ҳамроҳ шудани ин минтақаро дар райъпурсии саросарӣ гузоранд.


Паёмҳои торафт тундтари Ғарб ба Русия баъди ишғоли Қрим

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҳам, ки шоми чоршанбе дар Кохи Сафед сарвазири Украина Арсений Ятсенюкро ба ҳузур пазируфт, изҳор дошт, ки Вошингтон дар рӯёрӯии Киев бо Маскав қатъиёна аз Украина ҳимоят мекунад.
Як ҳадаф аз мулоқоти шоми 12 марти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама бо сарвазири Украина Арсений Ятсенюк дар Кохи Сафед намоиши мухолифати муштарак ба раъйпурсии рӯзи 16 март дар вилояти Қрим буд, ки метавонад анексия ё пайвастани Қрим ба Русияро дар пай дошта бошад.

Обама бидуни тафсилот гуфт, агар раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба истиқлоли Украина эҳтиром нагузорад, Маскав “баҳо”-и ин амалро хоҳад пардохт: “Мавқеи мо рӯшан аст, ки мо тохтутози Русия ба Қрим, ба манотиқи фаротар аз пойгоҳҳояшро нақзи қонуни байналмилалӣ ва созишномаҳои байналмилалие, ки Русия ҳам имзо кардааст, ва ҳам нақзи якпорчагӣ ва истиқлоли Украина мешиносем.”

Барак Обама ҳамчунин гуфт, ӯ мутмаин аст, ки ҷомиаи байналмилалӣ босароҳат дар ин қазия аз давлати Украина пуштибонӣ хоҳад кард.

Обама ва Ятсенюк дар Кохи Сафед
Обама ва Ятсенюк дар Кохи Сафед
Арсений Ятсенюк гуфт, Киев барои музокирот бо Маскав омода ҳаст, вале дар муборизааш барои истиқлоли Украина “ҳеҷ гоҳ таслим нахоҳад шуд.” Ятсенюк афзуд: “Ин ҳама марбут ба масъалаи озодии мост. Мо барои озодӣ мубориза мебарем, мо барои мустақилият мубориза мебарем, мо барои истиқлол ва якпорчагӣ набардмекунем ва ҳеҷ гоҳ таслим нахоҳем шуд.”

Сарвазири Украина: "Мо ҳеҷ гоҳ таслим намешавем!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:47 0:00

В. Матвиенко: "Мушкили Украина бе дахолати Русия ҳал намешавад"

Дар ҳамин ҳол, Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия, рӯзи 13 март дар мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Душанбе гуфт, "мушкили Украина бидуни дахолати Русия ҳал нахоҳад шуд." Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар ин мулоқот ширкат дошт, гуфт, "суоли яке аз устодони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия сабаби изҳори назари Валентина Матвиенко дар бораи Украина шудааст."

Ин аст, ки хонум Матвиенко гуфтааст, "ҳукумати нави Украина ғайриқонунӣ аст ва қобили қабул нест." Ба таъкиди раиси Шӯрои Федератсияи Русия, "бо вуҷуди он ки Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина пешниҳодоти мухолифонро қабул кард ва ҳама корро кард, то қазияи Украина ба таври осоишта ҳал шавад, аммо мухолифон боз ҳам аз эътирозу нооромиҳо ва ҳатто куштор кор гирифтанд."

Вай гуфт, "агар дар Ғарб фикр мекунанд, ки буҳрони мавҷуд танҳо мушкили Украина аст, иштибоҳ мекунанд. Чун ин гуна ҳодиса метавонад дар дигар кишварҳо ва ҳатто дар Русия сар занад. Аз ин рӯ, Русия дар чунин ҳолат бетараф буда наметавонад." Валентина Матвиенко дар мавриди Қрим гуфт, ки 75 дарсади ҷамъияти Қрим рустаборанд ва сокинони дигар минтақаҳои Украина ҳам ба Русия муроҷиат кардаанд, ки ҷонашон дар хатар аст ва аз Маскав кумак хостаанд.



Рӯзи 12 март раҳбарони G7, гурӯҳе ки 7 кишвари аз нигоҳи саноатӣ пешрафтаи дунёро муттаҳид мекунад, дар як баёнияи муштарак бо як лаҳни шадид изҳор доштанд, ки агар Русия аннексияи Қримро бас накунад, метавонад ба иқдомоти байналмилалӣ рӯбарӯ шавад. Ин баёнияро раҳбарони Канада, Фаронса, Олмон, Италия, Ҷопон, Британия ва Амрико ҳамроҳ бо сарони Кумиссиюни Аврупо ва Шӯрои Аврупо имзо кардаанд.

Ангела Меркел ва Доналд Туск
Ангела Меркел ва Доналд Туск
Дар ҳамин ҳол, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ҳушдор дод, ки дар сурати ба ҷое нарасидани талошҳои дипломатӣ, Иттиҳодияи Аврупо метавонад алакай дар ҳафтаи оянда алайҳи мақомҳои Русияву Украина таҳримот ҷорӣ кунад: “Тақрибан як ҳафта пеш мо гуфта будем, ки агар дар чанд рӯзи дигар ба ҷое нарасем, мо бояд рӯи марҳалаи дувуми таҳримот бияндешем. Аз он замон 6 рӯз гузашт ва мо бояд эътироф кунем, ки ҳарчанд мо ба талошҳоямон барои таъсиси гурӯҳи тамос идома медиҳем, вале ягон пешрафт накардаем.”

Меркел, ки рӯзи чоршанбе дар Варшава дар пайи музокирот бо сарвазири Лаҳистон Доналд Туск сӯҳбат мекард, ҳамчунин гуфт, бахши сиёсии созишномаи калидӣ байни Украинаву Иттиҳодияи Аврупо метавонад алакай дар ҳафтаи оянда ба имзо бирасад. Ба гуфтаи ӯ, ин паймон “шояд дар саммити ояндаи Иттиҳодияи Аврупо”, ки қарор аст, рӯзҳои 20-21 март баргузор шавад, ба имзо бирасад.

Бино ба хабари дигар, вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ рӯзи 12 март гуфт, ӯ ба Лондон сафар мекунад, то рӯзи ҷумъа дар музокироти навбатӣ бо ҳамтои русаш Сергей Лавров боз як бори дигар барои ҳалли дипломати бӯҳрони Украина талош кунад.

Шибҳинизомиҳо дар Қрим
Шибҳинизомиҳо дар Қрим
Ва рӯзи 12 март кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико тарҳеро тасвирб кард, ки имкони ироаи 1 миллиард доллар қарз ба ҳукумати ҷадиди Украинаро фароҳам оварда, ба маъмурияти Обама иҷозат медиҳад, то алайҳи он мансабдорони Русия, ки дар таҳоҷуми низомӣ ба қаламрави Қрим даст доранд, муҷозот ё таҳримоти иқтисодӣ ҷорӣ кунад. Ин тарҳ дар кумитаи Сенат бо 14 раъйи мувофиқ дар муқобили ҳамагӣ 3 раъйи мухолиф тасвиб шуд, вале он танҳо баъди тасвиби комил аз сӯи тамоми вакилони Сенат ва Маҷлиси намояндагон ба ҳукми иҷро хоҳад даромад.

Дар Украина баъди 3 моҳи эътирозҳо раҳбари рӯ ба Русияи ин кишвар Виктор Янукович рӯзи 22 феврал аз Киев фирор кард ва худи ҳамон рӯз бо қарори парлумон аз мақом барканор шуд. Ӯ ба баъди чанд рӯз дар Русия зоҳир шуд ва Маскав ба дунбол эълон кард, ки аз Янукович дархост гирифтааст, ки бо ҳадафи "барқарор кардани тартиботи конститутсионӣ" ба Украина нирӯи низомӣ ворид кунад. Нирӯҳое, ки бовар меравад, аз Русия бошанд, вилояти Қримро тасарруф карда, як ҳукумати рӯ ба Русияро рӯи кор овардаанд. Ин ҳукумат рӯзи 16 март дар Қрим райъпурсиро барпо мекунад, ки як суол дорад: Ин вилояти аксари аҳолиаш русзабон дар ҳайати Украина бимонад ё ба Русия бипайвандад?
XS
SM
MD
LG