Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ниҳодҳои дигари масъул таҳқиқи "мушкили техникӣ" дар кори ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр"-ро шурӯъ карданд.

Ин тасмим баъди он гирифта шудааст, ки ду рӯз пеш боз як ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" дар хатсайри Душанбе – Санкт-Петербург ба далели нуқси фаннии марбут ба чархҳояш натавонист парвозро пурра анҷом диҳад. Ин ҳавопаймо, ки мебоист ба Санкт-Петербург парвоз кунад, баъди чархиши 3-соата бар фарози Душанбе, шаби 14 сентябр дубора дар фурудгоҳи пойтахт нишаст.

Вақте мефаҳмӣ, ки ҳавопаймоҳо ба таври изтирорӣ аз роҳ баргаштанд, албатта, кас дар як ҳолати стресс қарор мегирад. Махсусан, пеш аз сафар. Ман ҳоло дар ҳамин ҳолат ҳастам.

"Мушкили техникӣ"

Масъулони бахши бехатарии парвозҳо дар Вазорати нақлиёти кишвар мегӯянд, мушкилоти фаннӣ дар кори ҳавопаймо ҳарчанд хеле ҷиддӣ набуд, аммо бо таъсиси як гурӯҳ онҳо сабаби пеш омадани нуқсон дар ин ва ҳавопаймоҳои дигарро меомӯзанд.

Зафарбек Гулбеков, раҳбари шӯъбаи бехатарии парвозҳо дар Вазорати нақлиёт, рӯзи 16 сентябр гуфт, "кормандони хадамот, фурудгоҳ ва умуман мутахассисони техникиро ҷалб кардаем ва ин ҳодисаро тафтиш дорем. Ҳавопаймо ин техника аст ва техника ҳар вақт метавонад ба мушкил дучор шавад. Мо ҳоло ҳам дар "Тоҷик Эйр" ва ҳам дар "Сомон Эйр" тафтиш бурда истодаем."

Масъулони соҳаи нақлиёт мегӯянд, дар воқеъ, як моҳи ахир барои соҳаи ҳавонавардии Тоҷикистон мушкил омад ва ба фарқ аз моҳҳои пеш дар ин авохир ҳавопаймоҳо бештар дар парвоз нуқс пайдо карданд.

Видеои мусофирони ҳавопаймои таъхиркардаи "Сомон Эйр":

Нишастҳои изтирорӣ

Дар давоми як ҳафтаи ахир 3 ҳавопаймои ширкатҳои Тоҷикистон ба иллати нуқси фаннӣ натавонистанд парвози худро пурра анҷом диҳанд ва дар ду ҳолат маҷбур шуданд нишасти изтирорӣ анҷом диҳанд. Ҳодисаи рӯзи 14 сентябр бо ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” дар ҳоле рух дод, ки 3 рӯзи пеш ҳавопаймои дигари он бо чунин як мушкил натавонист беш аз 100 мусофирашро аз шаҳри Красноярск саривақт ба Тоҷикистон расонад.

Ҳамин тавр, 6 сентябр ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” баъди ним соати парвоз аз Бишкек дубора ба он ҷо баргашт. Масъулони ширкатҳо таъкид мекунанд, ки ҳавопаймоҳо пурра аз санҷиш гузаштаву ба парвоз иҷоза доштанд, аммо якбора бо пеш омадани нуқс дар комютерҳои идоракунанда, онҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кард. Темур Бандишоев сухангӯи ширкати “Сомон Эйр” мегӯяд, “ин танҳо як мушкилӣ техникӣ буд ва бо ҳар нақлиёту техникае метавонад чунин мушкил рух диҳад”.

Пайиҳам расонаӣ шудани чанд ҳодисаи таъхир дар парвозҳо ва мушкили фаннӣ ба вижа парвози чандсоатаи ҳавопаймои “Сомон Эйр” болои Душанбе, баҳси бехатарии парвозҳоро дар кишвар сари забонҳо кардааст. Бо вуҷуди узрхоҳии ширкатҳо ва шарҳи оромонаи сабабҳои пеш омадани мушкил, мусофирон мегӯянд, ин ҳама эътимоди онҳоро ба парвозҳои бехатар то ҷое коҳиш дод. Як мусофири ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ки ахиран ба мушкил дучор шуд, гуфт, ин ҳодиса ӯро, ки бояд бо кӯдаки хурдсолаш ба Русия ва баъдан ба кишвари дигар парвоз мекард, хеле сарсон кард ва парвозаш ҳам ба як рӯзи баъд ба таъхир афтод.

Назари мусофирон

Муҳайё Нозимзода, як сокини пойтахт, ки бо сафарҳои корӣ бештар дар парвоз аст, мегӯяд, рӯзҳои наздик як сафари тӯлонӣ дорад ва бояд аз 3 хатсайр истифода кунад, аммо зуд - зуд дучори нуқсони техникӣ шудани ҳавопаймоҳо ӯро ба андеша водор кардааст. “Вақте мехонӣ, ки ҳавопаймоҳо ба таври изтирорӣ аз роҳ баргаштанд, албатта, кас дар як ҳолати стресс қарор мегирад, махсусан пеш аз сафар. Ман ҳоло дар ҳамин ҳолат қарор дорам”, - гуфт Муҳайё Нозимзода.

Мусоҳиби мо мегӯяд, арзиши билету хизматрасонии ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон барои шароити ин кишвар кам нест ва бояд масъулини ширкатҳо бехатарӣ ва эҳтироми муштариёнро дар мадди аввал гузоранд.

Нуқси фаннӣ дар кори ҳавопаймоҳо ва ба таъхир афтодани парвозҳо ба гуфтаи таҳлилгарон метавонад ба нуфузи ширкатҳои ҳавоӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳам таъсири манфӣ расонад ва дар ниҳоят бо зиёд шундани чунин ҳолатҳо Оҷонсии байналмилалии авиатсияи гражданӣ метавонад ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистонро аз парвоз ба бархе аз хатсайрҳо маҳрум созад. Ин таҷриба дар гузашта бо як ширкати Қазоқистонӣ рух додааст.

"Тоҷик Эйр" дар қатори ширкатҳои бадтарини ҳавопаймоӣ

Дар ҳамин ҳол, мутахассисони бахши авиатсияи Вазорати нақлиёт мегӯянд, вазъи ҳавопаймоҳои кишвар хатарнок нест. Зафарбек Гулбеков, раҳбари бахши бехатарии парвозҳо гуфт, онҳо ҳамеша ширкатҳои ҳавоиро ташхис мекунанд ва ба ҳавопаймоҳое, ки қобили истифодаанд, иҷозаи парвоз медиҳанд. Мунаввар Муллочаев аз ширкати “Тоҷик Эйр” ҳам мегӯяд, ҳодисаҳои тасодуфии техникӣ набояд боиси тарсу ҳароси мусофирон гардад.

Тақрибан як соли пеш созмони консалтингии Skytrax ширкати "Тоҷик Эйр"-ро ба қатори 23 ширкати бадтарини ҳавопаймоӣ дар ҷаҳон шомил карда буд. Ва ҳамин тавр дар соли равон ширкати “Сомон Эйр” бо дарёфти сертификати бехатарии парвозҳо ба талаботи байналмилалии бехатарии парвозҳо ҷавобгӯ дониста шуда буд.

Ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” – ду ширкати бузургтарини ҳавопаймоии Тоҷикистон ҳастанд, ки ҳавопаймоҳои амрикоии Boeing ва русии ТУ доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG