Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мутахасиссисон мегӯянд, ки  агар Тоҷикистон ҳам ба фурудгоҳҳои бекорхобидаи вилоятҳояш ширкатҳои камхарҷро роҳ медод, шояд вазъи соҳаи ҳавонавардӣ беҳтар ва парвозҳои дохилӣ миёни шаҳрҳояш эҳё мегашт.

Ҳукумати Тоҷикистон ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” ва муассисаи давлатии “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”-ро аз ҳам ҷудо кард. Ба ин тартиб, тасмими ҳамоиши ин ду ширкат, ки ҳамчун кӯшиши эҳёи монополияи соҳаи ҳавонавардии Тоҷикистон арзёбӣ мешуд, ба моли таърих табдил меёбад.

Ин қарор фурудгоҳи байналмилалии Душанберо, ки соҳиби терминалу таҷҳизоти замонавӣ шуда, имконоти қабул ва гусели ҳавопаймоҳоро тавсеа бахшидааст, дар вазъи беҳтар қарор медиҳад ва ин муассисаро аз бозпардохти қарзҳои “Тоҷик Эйр” раҳо мекунад.

Коршиносон мушкили ширкати “Тоҷик Эйр”-ро ба чанд омил, аз ҷумла қарзи ин ширкат, ки соли гузашта ба 110 миллион сомонӣ баробар буд, иртибот медиҳанд. Масъулини «Тоҷик Эйр» дар гузашта гуфтаанд, ки мушкилоти иқтисодии ширкат аз соли 2009 дар пайи берун шудани ширкатҳои кунунии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», «Ширкати нафтрасон» ва «Тоҷикаэронавигатсия», ки ҳамагӣ дар тобеияти «Тоҷик Эйр» буданд, оғоз шуд. Парки ҳавопаймоҳои «Тоҷик Эйр» ба истилоҳ “пир шуда”, ин ширкат аз имкони парвозҳои сердаромад ба мамолики аврупоӣ маҳрум аст. Шуморе аз кормандони «Тоҷик Эйр» ихтисор ё ба ширкати "Сомон Эйр" гузаштанд. “Сомон Эйр” чанд ҳавопаймои нави “Боинг” харидорӣ кардааст ва ба 20 самт, аз ҷумла дар хатсайри Душанбе - Франкфурти Олмон парвозҳо анҷом медиҳад.

Муовини директори генералии “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Азиз Иброҳимов ҷой доштани монополияи ширкатҳои маҳаллӣ дар соҳаи ҳавонавардиро комилан беасос мешуморанд. Ӯ мегӯяд: “Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ду ширкати маҳаллӣ: “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” ва 16 ширкати хориҷӣ фаъол мебошанд. Феълан 44 дарсади парвозҳо ба ду ширкати тоҷикӣ ва боқимонда 56 дар сад ба ширкатҳои хориҷӣ рост меояд. Дар ҷумҳурии мо бар асоси қонун ташкил намудани монополия имкон надорад.”

Мушкили дигари ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон рақобат барои мусофирон аст. Дар шароити коҳиши рафтуомади муҳоҷирони корӣ ва поин шудани нархи нафт ширкатҳои тоҷикӣ дар муқобили ширкатҳои хориҷӣ, ки маводи сӯхтро бо нархҳои хеле арзон ба даст меоранд, душвортар кардааст.

Барои солим мондан дар баробари рақибони нируманд, акнун ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон муштариёнеро, ки барвақт барои сафар омодагӣ мегиранд, бо билетҳои арзон қадрдонӣ мекунад.

Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон вобаста ба мавсим арзиши билетҳоро поин мебаранд, аммо имсол поиншавии қурби пули миллии Тоҷикистон ин иқдомро беасар кард.

Имкони дигари беҳбуди вазъ дар шароити бӯҳрон ва рақобати шадид ташкили ширкатҳои зердаст ё худ “ширкатҳои камхарҷ - “Low-cost” дар назди ширкатҳои бузурги ҳавонавардӣ номбар мешавад. Қирғизистони ҳамсоя ширкатҳои камхарҷи хориҷиро ба фурудгоҳҳои манотиқи дурдасти шабеҳи вилояти Ӯш роҳ дода, ҳам фурудгоҳҳоро фаъол намудааст ва ҳам муваффақ шудааст, ки шуморе аз мусофирони ҷумҳуриҳои ҳамсояро ба сафар аз роҳи Ӯш ташвиқ намояд. Ба ҳисоби миёна, қимати парвози рафту баргашт аз Душанбе ба Истанбул тавассути ширкатҳои ҳавоии Туркия ва ё тоҷикӣ аз 440 евро шурӯъ мешавад. Нархи парвоз дар хайтсари Ӯш - Истанбул бошад, аз 280 евро оғоз меёбад.

Мутахасиссисон мегӯянд, ки агар Тоҷикистон ҳам ба фурудгоҳҳои бекорхобидаи вилоятҳояш, ки мавриди таваҷҷӯҳи ширкатҳои маҳаллӣ низ нестанд, ширкатҳои камхарҷро роҳ медод, эҳтимол вазъи соҳаи ҳавонавардӣ беҳтар шуда ва ҳатто парвозҳои дохилӣ миёни шаҳрҳои ҷумҳурӣ эҳё мегашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG