Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳавопаймои "Сомон Эйр" ба мушкил дучор шуд (ВИДЕО)


Мусофирон ҳамингуна мунтазири парвози ҳавопаймо буданд.

Мусофирон ҳамингуна мунтазири парвози ҳавопаймо буданд.

Ширкати «Сомон Эйр» ба сабаби мушкилоти техникӣ дар яке аз ҳавопаймоҳояш, натавонистааст бештар аз 100 мусофирашро аз шаҳри Красноярски Русия саривақт ба Тоҷикистон расонад.

Ҳавопаймои навъи "Боинг"-и ширкати "Сомон Эйр"-ро, ки бояд бомдоди рӯзи 11-уми сентябр аз шаҳри Красноярск ба Душанбе парвоз мекард, пеш аз нишастани мусофирон ба ҳавопаймо, иҷозаи парвоз надодаанд. Яке аз мусофирони ҳавопаймои хатти парвози «Красноярск-Душанбе» дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди супурдани бағоҷ ва комилан омода шудан, ба онҳо гуфтаанд, ки парвоз ба таъхир меафтад.

«Вақте моро ба автобус савор карданд ва ба назди самолёт бурданд, дар он вақт эълон карданд, ки ба сабаби техникӣ шумо наметавонед, парвозро давом диҳед. Яъне боз гардед ва дар толори фурудгоҳ моро интизор шавед.» -гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ аз дохили фурудгоҳ.

Дар байни мо пиразанҳо ва занон бо кӯдакони навзод ҳастанд.

Мақомоти фурудгоҳ ба мусофирони ҳавопаймо эълон карданд, ки баъди соати 6-и субҳ ба онҳо сабаби аслии таъхири ҳавопайморо мегӯянд, вале баъди норозигӣ ва дархостҳои пай дар пай шарҳ додаанд, ки ҳавопаймо нуқси техникӣ дошт ва набояд парвоз кунад: «Баъди ин ба мо эълон карданд, ки аз Тоҷикистон бояд як ҳавопаймои дигар биёяд ва моро аз инҷо барад. Ҳавопаймое, ки моро аз инҷо мебурд, вайрон шудааст ва онро дар байни ду се рӯз таъмир мекунанд.»

Навбатдори фурудгоҳи байналмилалии Емеляново дар шаҳри Красноярск низ гуфтаҳои мусоҳиби Радиои Озодиро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, «ҳавопаймое, ки бояд парвоз мекард, мушкилоти фаннӣ дошт ва ба ҷойи он ҳавопаймои дигар омада мусофиронро мебарад.»

Ӯ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи мушкилоти фаннӣ гуфт, мувофиқи муқаррарот ба онҳо «чӣ будани мушкилоти техникиро» намегӯянд.

Темур Бандишоев.

Темур Бандишоев.

Маҳинбону Холова, навбатдори Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳам гуфт, ки қарор буд, ҳавопаймои "Боинг" соати 6:20 ба Душанбе мерасид, вале ба сабаби мушкилоти техникӣ таъхир кард ва мумкин аст, имшаб, соати 22:20 ба вақти маҳаллӣ ба пойтахт бирасад.

Темур Бандишоев, сухангӯи ширкати «Сомон Эйр» рӯзи 11-уми сентбр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан ҳавопаймо мушкилоти фаннӣ доштааст ва ҳавопаймои нав барои овардани мусофирон ба Красноярск рафт ва қарор аст, мусофирон имшаб, соати 22:30 ба вақти маҳаллӣ ба Душанбе бирасанд. Ӯ низ аз ҷузъиёти мушкилоти фаннӣ изҳори бехабарӣ кард.

Таъхири тӯлонӣ ва дуруст бо ҷой ва обу ғизо таъмин нашудани мусофирон, сабаби норозигии онҳо шудааст. «Аз соати 4 саҳар, ки мо дар фурудгоҳ будем, соати 8 як бор моро хӯрок доданд, баъди он ба мо чизе надоданд, вақте соат ду шуд ва мо муроҷиат кардем ва гуфтем, ки чаро касе моро таъмин намекунад. Дар байни мо пиразанҳо ва занон бо кӯдакони навзод ҳастанд. Мо ба кормандони фурудгоҳ муроҷиат кардем, онҳо гуфтанд, ки ин масъулияти ширкати «Сомон Эйр» аст» - гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Мушкилоти фаннӣ дар ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикӣ дар як ҳафтаи ахир бори дуввум аст, ки рух медиҳад. Аз ин пештар дар рӯзи 6-уми сентябр ҳавопаймои Боинг-757-231-и ширкати "Тоҷик Эйр" баъди ним соати парвоз ба далели фаннӣ дубора ба фурудгоҳи "Манас"-и Бишкек нишаст ва танҳо рӯзи 8-уми сентябр мусофиронро ба Душанбе овард. Масъулони ширкати "Тоҷик Эйр" гуфтанд, ин мушкил ба далели нуқси фаннӣ дар ҳавопаймо ба вуҷуд омада буд ва барои муоина ва рафъи ин нуқс ба вақт зарурат доштанд.

Ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” – ду ширкати бузургтарини ҳавопаймоии Тоҷикистон ҳастанд, ки ҳавопаймоҳои амрикоии Boeing ва русии ТУ доранд. Аз ҷумла “Сомон Эйр” 6 ҳавопаймои навъи Boeing 737 дар ихтиёр дорад. Бо вуҷуди пеш шикоят аз сатҳи хидматрасонӣ ва пеш омадани мушкилоти фаннӣ ҳавопаймоҳои ҳеҷ яке аз ин ширкатҳо солҳои ахир ба фалокат дучор нашудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG