Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати русии "Алафастрахование" мегӯяд, русиягиҳо аз ҳама бештар аз парвозҳо ба самти Душанбе, бим доранд.

Ширкати русии «Алфастрахование», ки ба суғурта ё бимаи мусофирон машғул аст, эълон кардааст, аз ҳама бештар мусофирон аз парвоз ба Душанбе, Деҳлӣ ва Одесса бим доранд. Ба иттилои ин ширкат, бештар аз нисфи мусофирон, ки ба ин шаҳрҳо парвоз мекунанд, суғуртаи ҳаёти худро фармоиш медиҳанд. Гузориши «Алфастрахование» дар асоси теъдоди бимаҳои фурӯхташуда ба русиягиҳо таҳия гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки дар худи Тоҷикистон ҳам аз хизматрасониҳои ҳавоӣ нигарониҳои зиёд вуҷуд дорад. Охирин ҳолате, ки ташвиши мусофиронро ба бор овард, ҳафтае пеш, зимни парвоз аз самти Хуҷанд ба Душанбе рух дод. Мусофироне, ки бо истифода аз хизматрасонии ширкати «Тоҷик Эйр» дар ин самт парвоз кардаанд, аз он шикоят намуданд, ки дар нимароҳ ҳавои дохили ҳавопаймо тамом шуд ва мушкили нафаскашӣ боиси беҳуш гаштани чанд мусофир гашт.

Ахиран дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон низ нигарониашро аз сатҳи пасти хизматрасонии ширкатҳои ҳавоӣ дар Тоҷикистон баён карда буд. Муҳаммад Ҳабибов, масъули бахши нақлиёти дастгоҳи иҷроияи президент, зимни ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти нӯҳмоҳаи Вазорати нақлиёт, хизматрасонии ширкатҳои ҳавоиро мавриди интиқоди шадид қарор дод: "Мавридҳое мешаванд, ки мусофирон рӯзи тамом, ё аз шаб то рӯз мунтазири ҳавопаймо мешаванд. Онҳо на ба хона рафта метавонанду на ба ҷои дигар. Дар бинои фурудгоҳ ва саҳни он соатҳои тӯлонӣ дар ҳавои сард интизор шудан магар ин хизматрасонист? Ин на хизматрасонӣ, балки асабонӣ кардани онҳост. Қариб дар ҳама хатсайрҳо таъхир ба миён меояд."

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳам дар ин робита таъкид кардааст, ки шикоятҳои мардум аз хадамоти ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз бештар шудаанд. Ба гуфтаи Ҳакимов, тайи 9 моҳи соли ҷорӣ дар 3 фурудгоҳи кишвар 1 ҳазору 110 ҳодисаи таъхири парвозҳо ба қайд гирифта шудааст. Ҷаноби Ҳакимов таъкид кардааст, ки мусофир танҳо ба хотири саривақт ба ҷои дилхоҳаш расидан, нақлиёти ҳавоиро интихоб мекунад ва ширкатҳо бояд ба интихоби ӯ сазовор бошанд.

Ҳамзамон вазири нақлиёти Тоҷикистон интиқод кардаст, ки қисми зиёди ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нестанд. Ба гуфтаи ӯ, алҳол чаҳор ширкати ватанӣ дорои 73 ҳавопаймо мебошанд, ки 42 ҳавопаймо коршоям ва ҳамагӣ 21 ҳавопаймо ҷавобгӯи талаботи хатсайрҳои байналмилалӣ мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG