Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Тоҷик Эйр" аз мусофиронаш узрхоҳӣ кард


Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"

Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"

Раҳбарияти ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" аз мусофирони хатсайри Бишкек-Душанбе узрхоҳӣ кард, ки натавонистааст онҳоро рӯзи 7-уми сентябр дар вақти таъиншуда ба пойтахти Тоҷикистон расонад. Ҳавопаймои навъи Боинг-757-231-и ширкати "Тоҷик Эйр" рӯзи гузашта баъди ним соати парвоз ба далели фаннӣ дубора ба фурудгоҳи "Манас"-и Бишкек нишаст ва танҳо рӯзи 8-уми сентябр мусофиронро ба Душанбе овард.

Масъулони ширкати "Тоҷик Эйр" гуфтанд, ин мушкил ба далели нуқси фаннӣ дар ҳавопаймо ба вуҷуд омада буд ва барои муоина ва рафъи ин нуқс ба вақт зарурат доштанд. Ин ширкат хабар дод, ки барои пеш омадани ин мушкил намояндаашро дар Бишкек аз кор рондааст.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки ҳудуди як сол қабл ширкати консалтингии Skytrax аст Tajik air−ро ба қатори 23 ширкати бадтарини ҳавопаймоӣ дар ҷаҳон шомил карда буд.

Дар як навори видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз мусофирони ин хатсайр фарёд мезанад, ки хеле хавотир шудааст ва ҳамроҳи кӯдакони хурдсол чӣ кор карданашро намедонад. Аммо раҳбарияти ширкати "Тоҷик Эйр" мегӯянд, онҳо барои муоинаи техникӣ маҷбур буданд, ки ҳавопайморо дар фурудгоҳи "Манас" гузоранд ва ҳоло ҳавопаймои онҳо аз фурудгоҳи Бишкек ба Душанбе ва баъдан аз Душанбе ба Маскав парвоз анҷом додааст. "Барои таъҷилан овардани мусофирон аз Бишкек ба Душанбе гурӯҳи корӣ ва ҳавопаймоҳо омода шуда буданд. Аммо ба далели объективӣ хатти қабули парвозҳо аз соати 19-и 7-уми сентябр то соати 3-и 8-уми сентябр кор намекард," - таъкид шудааст дар иттилоияи расмии "Тоҷик Эйр".

Қаблан манобеи фурудгоҳи "Манас"-и Қирғизистон гуфта буданд, ки далели нишасти изтирории ҳавопаймоии Тоҷикистон рӯшан нест ва мусофирон дар бинои фурудгоҳ ба муддати 5 соат мунтазири ҳавопаймои дигар мондаанд. Ҳоло онки, ба гуфтаи онҳо, дар ин гуна шароит ширкати мусофирбар бояд мусофиронро бо маводи ғизоӣ ва дар сурати зарурӣ бо меҳмонхона таъмин кунад.

Аммо ин иттифоқ сурат нагирифтааст ва мусофирони ин хатсайр дар толори фурудгоҳ мунтазир мондаанд. Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки ҳудуди як сол қабл созмони консалтингии Skytrax ширкати "Тоҷик Эйр"-ро ба қатори 23 ширкати бадтарини ҳавопаймоӣ дар ҷаҳон шомил карда буд.

Торномаи Aviation Republic, ки хабарҳои хоси соҳаи ҳавопаймоиро пайгирӣ мекунад ва марбут ба ширкати консалтингии Skytrax аст, моҳи сентябри соли гузашта сабаби ба феҳристи "бадтаринҳо" шомил шудани "Тоҷик Эйр"-ро дар мушкилоти марбут ба сифати хидматрасонӣ, парки ҳавопаймоҳо ва рух додани нуқсонҳои техникӣ ҳангоми парвоз шарҳ дода шуда буд.

Ба навиштаи таҳлилгарони ин торнамо, ҳавопаймоҳои ин ширкат ҳангоми парвоз зуд-зуд дучори нуқсони техникӣ мешаванд ва ба ин иллат парвозҳо ҳам ба таъхир меафтанд. Аммо масъулони ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" он замон гуфтанд, ки баҳогузории ширкатҳои хориҷӣ нисбат ба онҳо мунсифона нест.

Бори охир моҳи апрели соли гузашта ҳавопаймои Boeing-737-и Тоҷикистон, ки аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти Маскав парвоз мекард, маҷбур шуд дар шаҳри Қизилурдаи Қазоқистон нишасти изтирорӣ анҷом диҳад. Дар як ҳодисаи соли 2013 ҳайати халабонҳои ҳавопаймои “Боинг-737-400”-и хатсайри Маскав – Хуҷанд ба таври изтирорӣ ба майдони ҳавоии Хуҷанд фуруд омада аз вуқӯи садамаи эҳтимолӣ пешгирӣ карданд. Дар ин ҳавопаймо, ҳамроҳ бо мусофирону ҳайати ҳавонавардон 100 нафар нишаста буд.

Ширкати давлатии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дар паркаш як чархбол ва 35 ҳавопаймо дорад. Бино ба маълумоти расмии нашршуда дар сомонаи ин ширкат, ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр” ба 5 шаҳри Русия – Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Новосибирск ва ҳамчунин ба Бишкек, Теҳрон, Деҳлӣ, Урумчӣ ва дар дохили Тоҷикистон ба Хуҷанду Хоруғ парвоз мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG