Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти тоҷик мегӯяд, ки гуфтугӯҳо миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи азсаргирии парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд қатъ шудааст. Ин музокирот дар авоили соли ҷорӣ оғоз шуда буд.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки музокирот дар бораи аз сар гирифтани парвозҳои миёни Душанбеву Тошканд боздошта шудааст. Ба гуфтаи оқои Ганҷалзода, ин музокирот бо ташуббуси ҷониби Тоҷикистон оғоз ёфта буд.

Як манбаи муътамади Радиои Озодӣ дар ширкати “Ӯзбекистон Ҳаво Йӯлларӣ” дар Тошканд, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, низ боздоштани корҳои омодагӣ ба парвозҳо дар масири Тошканд-Душанберо тасдиқ кард, вале ба суоли Радои Озодӣ дар ин бора, ки умуман ин парвозҳо аз сар гирифта хоҳанд шуд, посух дод, ки “то ҳол санадҳои онҳо дар ин бора омода нестанд ва ҳар вақт, ки санадҳои байниҳукуматӣ таҳия шаванд, парвозҳо оғоз меёбанд”. Ин манбаъ гуфт, "оғози парвозҳо камтар ба мо вобаста аст" ва бояд ин парвозҳо аз 29 моҳи марти соли ҷорӣ оғоз меёфтанд.

Шералӣ Ганҷалзода

Шералӣ Ганҷалзода

Ин манбаъ мегӯяд, ки масъалаи парвозҳоро раҳбарони ҳар ду кишвар баррасӣ карданд, вале баъд аз он кор пеш нарафт, зеро ба ҷуз аз қарордоди байниҳукуматӣ, санадҳои дигари марбут ба парвозҳо заруранд. Ба гуфтаи ин манбаи Радиои Озодӣ, дар “Узбакистон Ҳаво Йӯлларӣ”, онҳо барои оғози парвозҳо омодагӣ мегирифтанд. “Вале омодагиро нигоҳ доштанд ва ба мо сабабашро намегӯянд. Бар иловаи масъалаҳои дигар масъалаҳои бозорёбӣ ва иқтисодӣ низ ҳал шуда буд”.

23 феврали соли ҷорӣ, вақте ки музокироти ҷонибҳо ҷараён дошт, Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе таъйид кард, ки ҷониби Тошканд ба фурудгоҳи Душанбе номаи расмӣ ҳам фиристодааст ва дар нома “онҳо хостаанд, ки дар бораи омодагии фурудгоҳ, дар бораи нархи хадамоти фурудгоҳӣ, аэронавигатсионӣ ва шароити таъмини сӯзишворӣ маълумот бигиранд. 12 апрел оқои Шодиев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бори дигар дарёфти чунин мактубро таъйид кард ва гуфт, фурудгоҳ дар ин бора маълумоти заруриро ба ҷониби Тошканд пешкаш кардааст, то ҷониби Тошканд бо назардошти шароити хидматрасонӣ нархи билетҳоро муайян кунад”.

Мақомоти зидахли ҳар ду ҷониб дар ибтидо бар ин ақида буданд, ки дар марҳилаи аввал парвозҳоро ширкати “Ӯзбекистон Ҳаво Йулларӣ” анҷом диҳад, вале бо ҷой афтодани парвозҳо дар ин масир ширкатҳои Тоҷикистон ва Узбакистон ин парвозҳоро тибқи созишнома баробар анҷом хоҳанд дод. Дар рӯзҳое, ки музокирот идома дошт, фурудгоҳи байналмиллаии шаҳри Душанбе гуфта буд, ҷонибҳо мехостанд, ки парвози нахустини байни Тошканду Душанбе бояд то 29 марти соли ҷорӣ анҷом бигирад ва қарор буд, ки то ин парвоз коршиносони ҳар ду ҷониб парвози фаннӣ анҷом диҳанд, то вижагиҳои парвозро дар ин масир биомӯзанд.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.

Дар бораи сабабҳои дақиқи қатъи корҳои омодагӣ ё музокирот ҳам ҷониби Тоҷикистон ва ҳам ҷониби Узбакистон аз додани маълумот худдорӣ мекунанд. Ҷониби “Ӯзбакистон Ҳаво Йулларӣ” ба он ишора мекунад, ки ин корҳо бо майли кадом мақоме аз боло боздошта шудааст, ки дар зинаҳои поёнӣ касе аз он огаҳӣ надорад. Аммо вазири нақлиёти Тоҷикистон ба он ишора мекунад, ки ҳангоми бастани қарордод дар бораи парвозҳо бо ҳар ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ бояд паритет ё баробарӣ дар мадди аввал гузошта шавад. Яъне агар ду парвозро ширкати хориҷӣ баТоҷикистон анҷом диҳад, ҳамин гуна ду парвози дигар ба он кишварро бояд ширкатҳои Тоҷикистон анҷом диҳанд, то суду зиёни парвозҳо баробар тақсим шавад.

Дар гузаштаҳо низ гуфтугӯҳо дар бораи азсаргирии парвозҳои миёни Тошканду Душанбе борҳо сари забонҳо омада ва расонаӣ шуда буд, вале дар марҳилаҳои поёнӣ ин гуфтшунидҳо ба натиҷае нарасид.

ОЁ ШИРКАТҲОИ ҲАВОИИ ТОҶИКИСТОН НАРХҲОРО

ПОЁН МЕБАРАНД?

Нархи билети ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон як аз гаронтарин дар ҷаҳон ба шумор меравад. Чунин нарх мусофиронро водор кардааст, ки онҳо ширкатҳои хориҷиро аз ширкатҳои тоҷикӣ бартар шуморанд ва гоҳо бо он ширкатҳо сафар кунанд. Масалан, барои муқоиса нархи як билети рафту баргашти парвози Душанбе-Маскав тавассути ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” бештар аз 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки парвози Бишкек-Маскав 1 ҳазору 817 сомонӣ нишон дода шудааст. Намунаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ба вижа сокинони шимоли кишвар аз хадамоти ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон даст кашидаанд ва парвози Бишкек-Маскавро интихоб кардаанд. Дар ин бора Радоиои Озодӣ низ гузоришҳо пахш кардааст.

Аз Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон пурсидем, оё имкон надорад, ки таъйини нархи билет аз инҳисори ин ду ширкат бароварда ва ё нархи одилонаи билетҳо муқаррар шавад, то муштариён бо ҳавопаймоҳои ширкатҳои ватанӣ сафар кунанд, на бо ширкатҳои хориҷӣ?

Вазири нақлиёт мегӯяд, вазорат ин пешниҳодро матраҳ кардааст, вале ширкатҳои ҳавоӣ махориҷи худро сабаб нишон медиҳанд. Вазир эътироф мекунад, ки то як соли пеш шумораи мусофирон зиёд буд ва ҳавопаймоҳо ҷои холӣ надоштанд. Ба ин сабаб мусофирон маҷбур буданд гаронии нархҳоро таҳаммул кунанд ва ширкатҳо ин масъаларо хуб мефаҳмиданд. Вале акнун шароит дигар шудааст ва вазорат мехоҳад барои ҷалби мусофирон нархҳоро поин барад, вале на ба он сатҳе, ки ширкатҳои ватанӣ ҳам зарар бинанд.

Поин бурдани нархи билет танҳо ба вазорат вобаста нест, ба сохторҳои дигар ҳам вобастагӣ дорад. Ба ин сабаб бо супориши ҳукумат аз ҳисоби намояндагони вазорати нақлиёт, намояндагони Ожонсии зидди монополӣ ва сохторҳои дигари ҳукуматӣ як гурӯҳи корӣ ташкил шудааст ва ин гурӯҳ сабабҳои гаронии билетҳоро меомӯзад, то бубинад, ки аз чӣ ҳисоб кам кардани нархи билет имконпазир аст. Вале вазир бо назардошти нархи гарони сӯзишворӣ ҳали онро як муаммо медонад.

ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ ТРАНЗИТӢ МЕШАВАД?

Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки онҳо чунин барномаҳоро рӯи даст гирифтаанд ва мехоҳанд байни кишварҳои Аврупову Осиёи Ҷанубӣ Душанбе нақши фурудгоҳи таранзитиро бар ӯҳда бигиранд. Омодагиҳо ба ин кор шурӯъ шудааст ва дар бораи бунёди манораи аэронавигатсионӣ ё манораи идораву ҳидояти парвозҳо бо Фаронса қарордод барои имзо таҳия шудааст ва барои қабули парвозҳои транзитӣ Тоҷикистон бо ниҳодҳои байналмиллалии аэронавигатсионӣ музокираро оғоз кардааст .Ин манора бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин хоҳад шуд. Таҷҳизоти муосирро низ барои ин манора Душанбе аз ҳоло харидорӣ кардааст.

Гузашта аз ин дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Ҷопон сохтмони терминали боркашонӣ соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Душанбе оғоз меёбад, то аҳамияти байналмиллалии он барои ба фурудгоҳи транзитӣ табдил ёфтани он боло равад. Ба гуфтаи вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳоло ширкатҳои ҳавоии ин кишвар бо 14 кишвари хориҷӣ иртиботи ҳавоӣ доранд. Ин парвозҳоро 6 ҳавопаймои Boeing-и ширкати “Сомонэйр” ва 7 ҳавопаймои ширкати “Тоҷикэйр” анҷом медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG