Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷузъиёти қазияи “бомба” дар ҳавопаймои Душанбе – Маскав


Як занги ношинос сабаби як соат дармондани мусофирони тоҷик дар фурудгоҳи “Домодедово”-и шаҳри Маскав шудааст.

Занги як нафари ношинос дар бораи вуҷуди маводи тарканда дар ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” сабаби дармондани мусофирони парвози Душанбе – Маскав дар фурудгоҳи “Домодедово”и шаҳри Маскав шуд.

Маркази матбуоти фурудгоҳи “Домодедово” рӯзи 19 май дар посух ба дархости хаттии Радиои Озодӣ посух дод, ки дар ҳақиқат “шоми 18 майи соли 2015 пулиси Русия аз як нафари ношинос тавассути телефон дар бораи минагузорӣ кардани ҳавопаймои Маскав – Душанбе иттилоъ гирифтааст. Дар ин робита, тадбирҳои махсуси амниятӣ андешида шуд: Ҳам ҳавопаймое, ки аз Душанбе ба Маскав меомад ва ҳам ҳавопаймое, ки аз инҷо ба Душанбе парвоз мекард, мавриди тафтиши иловагӣ қарор гирифтанд. Ин парвозҳо аз тарафи маъмурони пулис бо ҳамдастии маъмурони амнияти ҳавоии фурудгоҳ тафтиш шуданд.”

Гуфта мешавад, соати 19-03-и шоми 18 май, вақте ҳавопаймои “Боинг 757-200”-и “Тоҷик Эйр” ҳанӯз дар ҳаво дар роҳ ба сӯи Маскав қарор дошт, нафари ношиноси ба маркази навбатдории сарраёсати вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар вилояти Маскав занг зада, хабар додааст, ки ин ҳавопаймо минагузорӣ шудааст.

Мунаввар Муллочаев, сухангӯи ширкати “Тоҷик Эйр” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рейси рақами 7J 627 бо 145 мусофир, ки соати 19 ба вақти Душанбе ба самти Маскав парвоз карда буд, дар “Домодедово” мавриди тафтиши иловагӣ қарор гирифт, вале “дар натиҷаи тафтиш маълум шуд, ки дар дохили ҳавопаймо ягон навъ маводи тарканда набудааст. Баъди анҷоми тафтиш ҳавопаймои мо аз он тараф низ мусофиронашро гирифта овард. Ин ҳодиса танҳо сабаби 34 дақиқа дертар баргаштани ҳавопаймо ба фурудгоҳи “Душанбе” шуд.”

Вақте рейси рақами 7J 627 соати 21-15 дар фурудгоҳи “Домодедово” нишаст, онро ба далоили амниятӣ ба як терминали дуртар бурда, бо сагҳои бӯгир тафтиш кардаанд. Тафтиши маводи тарканда дар дохили ҳавопаймо то соати 22-15 тӯл кашидааст, вале масъулони фурудгоҳи “Домодедово” мегӯянд, дар дохили ҳавопаймо ягон навъ маводи мунфаҷира пайдо нашуд. Баъди анҷоми амалиёт ҳамаи мусофиронро ҷавоб дода, ба омода кардани ҳавопаймо ба парвози Маскав-Душанбе пардохтаанд.

Гуфта мешавад, ба ҳар эҳтимол дар ин амалиёт, ки таҳти номи “Аноним” роҳандозӣ шуд, мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ва маъмурони амниятии фурудгоҳ низ ҷалб шуда буд.

Ширкати «Тоҷик Эйр» дар баробари «Сомон Эйр» аз бузургтарин ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ширкат ҳар рӯз аз Душанбе ба пойтахти Русия парвоз анҷом медиҳад. Дар баробари “ТоҷикЭйр” ширкатҳои маҳаллии “СомонЭйр” ва русии “ЮтЭйр” низ ҳар рӯз дар масири Душанбе – Маскав парвоз мекунанд.

“Домодедово” дар баробари “Шереметево-1”, “Шереметево-2”, “Внуково” ва “Биково” яке аз 5 фурудгоҳи пойтахти Русия буда, дар ҳоли ҳозир аз лиҳози таъмини парвозҳо бузургтарин фурудгоҳ дар он кишвар ба шумор меравад. Аксари парвозҳо аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба Маскав низ тавассути фурудгоҳи “Домодедово” сурат мегиранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG