Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси собиқи "Тоҷик Эйр" президенти клуби “Равшан” шуд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Музаффар Исҳоқов -- раиси собиқи “Тоҷик Эйр” президенти клуби “Равшан”-и Кӯлоб интихоб шуд.

Музаффар Исҳоқов, раиси собиқи “Тоҷик Эйр” ва узви Кумиҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон президенти нави клуби “Равшан”-и Кӯлоб интихоб гардид. Ин тасмим рӯзи 12 феврали соли ҷорӣ дар ҷаласае бо ҳузури раҳбарони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Федератсияи футбол ва 30 тоҷир аз шаҳри Кӯлоб дар меҳмонхонаи “Ҳятт Реҷенсӣ”-и Душанбе гирифта шудааст.

Ҳадаф аз ин ҷаласа наҷоти дастаи пуровозаи “Равшан”-и Кӯлоб буд, ки ҳоло бо мушкили молӣ рӯбарӯст.

Рустам Неъматов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, иброз дошт, имсол аз буҷаи шаҳрӣ барои “Равшан” ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ ихтисос дода мешавад. Вале дар ин мулоқот зикр шуд, ин маблағ барои ҳамаи хароҷоти даста дар мавсими соли 2015 басанда нест. Дар натиҷа,

роҳбарияти ФФТ, бошгоҳи футболи “Истиқлол” ва соҳибкорони кӯлобӣ дар бораи ҳамкории муштарак ба мувофиқа расиданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, дастаи “Равшан”, ки ду бор - солҳои 2012 ва 2013 – ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст, соли гузашта ба иллати мушкили молӣ қариб буд, барҳам хӯрад. Вале дар лаҳзаҳои мушкил ба даста Федератсияи футболи Тоҷикистон дасти ёрӣ дароз кард ва бошгоҳро аз пошхӯрӣ наҷот дод.

Соли равон бошгоҳи “Равшан”, ки дар кишвар аз ҳама мухлисони зиёд дорад, боз бо мушкили молӣ рӯбарӯ шудааст. Барои ҳалли ин масъала бо ибтикори роҳбарияти ФФТ мулоқоти соҳибкорон, ки дар он 30 тоҷир ширкат дошт, баргузор шуд.

Дар ин мулоқот Аҳтам Рустам Абдуллозода -- раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Хуршед Мирзоев -- муовини аввали раиси ФФТ, Шоҳрух Саидов -- раиси бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва узви кумиҷроияи ФФТ ва Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ҳам ширкат доштанд.

Ширкаткунандагони мулоқот баъд аз баррасии ин масъала ба хулосае омаданд, дастае, ки таърихи бою рангин дорад, набояд пош хӯрад.

Маъруф Рустамов, сармураббии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар ин мулоқот иштирок дошт, рӯзи 13 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо аз ин иқдоми Федератсияи футболи Тоҷикистон хеле хушҳол шудем ва тоҷирони кӯлобӣ моро бовар кунонданд, ки дастаро имсол ҳаматарафа дастгирӣ мекунанд. Мо аз онҳо миннатдорем ва ба мисли ду – се соли пеш, ки медалҳои тилои чемпионати Тоҷикистонро ба даст оварда будем, кӯшиш мекунем, бозии хуб нишон дода, хотири ҳазорҳо мухлисонамонро шод гардонем. Инчунин, мо аз он хурсандем, ки бозигари собиқи “Равшан” Музаффар Исҳоқов, ки дар ин мулоқот иштирок дошт ва ҳиссаи худро барои кумаки молии даста гузошт, ба вазифаи президенти клуб интихоб гардид.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG