Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ ҷузъиёти зиндагии миллиардер Алишер Усмонов


Алишер Усмонов
Алишер Усмонов

Бо харидани нишони тилои Ҷоизаи Нобел дар музояда ва тақдим кардани он ба соҳибаш миллиардер Алишер Усмонов бори дигар ба қаҳрамони расонаҳои ахбори ом табдил ёфт.

Алишер Усмонов, пулдортарин марди Русия, ки решаҳои узбакӣ дорад, дар заминаи як муомилот ҳайратангез чеҳраи хабарсози ҳафта шуд. Усмонов медали тилои барандаи ҷойизаи Нобел Ҷеймс Ватсони 86-соларо дар музояда харид ва дафъатан ба худи Ватсон тақдим кард. Пажуҳишгари амрикоӣ ин ҷойизаро барои кор дар бахши DNA дарёфт карда буд.

Албатта, 4 миллиону 800 ҳазор доллар, ки Усмонов дар музояда сарф кард ба ҷайби ин сарватманд, ки “Форбс” дороияшро беш аз 15 миллиард ҳисоб кардааст, зарбаи ҷиддӣ намезанад. Дар иваз, чанд рӯз боз чеҳраи ӯ аз экрани телевизион ва интернет дур намешавад.

Алишер Усмонови 61-сола, ки аз Чуст, рустое дар водии Фарғона баланд шудааст, бо доштани бизнесҳои бузурге мисли бизнеси фулоду тиллову мухобирот дар Русия ва берун аз он сарватмандтарин фарди Русия ва дуввумирн нафари серпул дар Бритониё ҳисоб мешавад.

Усмонов, ки гуфта мешавад ки манзили аслияш дар “Рублёвка” -- деҳкадаи саватмандону ситораҳову сиёсатмадорони пулдори рус буда, ӯ гаҳ-гоҳе дар виллаи чандмиллиондолларии худ дар Лондон ва Сурей низ вақт мегузаронад.

Ин султони сарват, ки роҳи пулкоркуниро аз халтаҳои селофанӣ оғоз карда буд, як-ду хусусияте дорад, ки ба ӯ дар хайли мардуми пулдор ё олигархҳо ҷойгоҳи хоса медиҳад. Маҷаллаи “Форбс” Усмоновро “Марди сангини Русия” ном гузоштааст.

Усмонов зани дуюм надорад

Сарватмандтарин марди Русия ба ишқи даврони бачагияш, ки панҷ сол аз ӯ бузургтар аст издивоҷ кардааст. Ӯ як марди мусалмони узбак аст, ки бо издивоҷ бо Ирина Винер, як хонуми шадидан яҳудӣ, ки аз ҳамсари аввалаш як бача ҳам дошт, дар Тошканд ҳангома бапо кард. Онҳо бори аввал якдигарро дар яке аз клубҳои Тошканд диданд ва он вақт ҳарду ҳам ҷавонҳои наврас буданд. Аммо издивоҷи онҳо муддатҳо баъд, дар соли 1992 дар Тошканд сабт шуд.

Ин ҷуфт бачаи муштарак надорад ва ҳар ду ҳам дар майдонҳои фаъолияти худ чирадастанд. Ирина Винер қаҳрамони секаратаи Узбакистон ва сарвари Федерасиюни гимнастикаи мавзуни Русия аст.

Дар баробари ҳамсари як сарватманди дӯсти Кремлин будан, Ирина Винер бо Кремлин робитаи дигар низ дорад. Винер устоди Алина Кабаева, гимнасти рус аст, ки гуфта мешавад, Путин ошиқи ӯст.

Усмонов дар гузашта варзишгари ҳирфаӣ буд

Ҳарчанд ҳоло тану туши Алишер Усмонов ишорае ба гузаштаи варзишии ӯ надорад, аммо ӯ шамшербози ҳирфаӣ ва узви тими миллии Узбакистон буд. Ӯ ҳоло ҳам ба шамшербозӣ ҳавас дорад ва сарвари Федерасиюни байнулмилалии шамшербозон аст.

Усмонов тавонистааст бизнесро бо ҳавасҳои варзишии худ ба ҳам биёрад. Ӯ соли 2007 беш аз 14 дар сади саҳмияҳои клуби машҳури "Арсенал"-ро харид. Саҳмияҳои ӯ дар соли 2011 афзунтар шуданд ва ҳоло Усмонов наздик ба се ҳиссаи ин клуби фоидавовари футболро дар ихтиёр дорад.

Ҳар ҷо кӣ пул аст, Усмонов онҷост- Шабакаҳои иҷтимоӣ ва тиҷорати электронӣ

Гуфта мешавад, ки магнат Усмонов аз сармоягузорони бузурги шабакҳои иҷтимоӣ ва тиҷорати электронӣ аст. Пакети назоратии саҳмияи Гурӯҳи интернетии Маил.ру дар дасти Усмонов аст. Ӯ аз аввалин сармоягузорони Фейсбук буд, аммо соли равон хабар дод, ки тамоми саҳмияҳояшро фурӯхтаст. Усмонов ҳамчунин мегӯяд, ки ӯ аз сармоягузорони Алибобо – гурӯҳи бузурги тиҷорати эелектронии Чин аст, аммо ҳаҷм ва фоидаи саҳмияҳояшро ошкор намекунад. Xiaomi, як шикати дигари Чин, ки дунёро бо смартфонҳои арзон таъмин мекунад, низ аз назари ин султони сарват дур намонд. Усмонов мегӯяд, ки ин ширкат дар оянда ба “ғули текноложӣ” табдил мешавад.

Каме бизнес, каме сиёсат. Чаро Усмонов медали Ватсонро харид?

Харидории медали тилои ҷоизадори Нобел, Ҷейм Ватсон аввалин кори хайри Усмонов нест. Ӯ дар соли 2007 коллексияи оҳангсози машҳури рус Мстислав Ростроповичро ба маблағи 20 миллион доллар харид ва онро баъди як ҳафта ба яке аз осорхонаҳои Русия тақдим кард. Ӯ ҳамчун барои харидории коллексияи филмҳои аниматсионии замони шӯравӣ аз Амрико аз 5 то 10 миллион доллар сарф кард ва баъдан онро ба канали бачагонаи телевизиони кишвар дод. Кремлин хайрхоҳии Алишер Усмоновро бо ордени “Хизмат барои ватан” қадр кард.

Баъди Усмонов кӣ Усмонов мешавад?

Алишер Усмонов фарзанд надорад. Матбуоти Узбакистон Бобур Усмонов -- бародарзодаи Алишер Усмоновро, аз меросбарои империяи бузурги ӯ унвон мекарданд. Аммо Бобур Усмонов, ки гуфта мешавад 20 сол дошт, моҳи маи соли 2011 дар як садамаи нақлиётӣ дар Тошканд ба ҳалокат расид. Алишер Усмонов бародарзода ва хоҳарзодаҳҳои бисёр дорад ва ҳамчунин як писарандар бо номи Антон, ки соли 1973 дар Тошканд таваллуд шудааст.

XS
SM
MD
LG