Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди миллиардерҳои Русия ба дараҷаи рекордӣ расид


Алишер Усмонов, сарватмандтарин шахси Русия.

Алишер Усмонов, сарватмандтарин шахси Русия.

Дар як сол шумораи миллиардерҳои Русия 12 дарсад бештар шуда, ба 131 нафар расидааст.

Бино бар натиҷаҳои соли 2012 шумораи миллиардерҳои долларии Русия 11 нафар бештар шуд. Нашрияҳои Русия менависанд, ин афзоиш зимни кам шудани қурби доллар ба вуқӯъ пайваста, ба таҳкими мопополизм ва коҳиши рақобат сабаб мегардад.

Маҷаллаи “CEO” менависад, ҳоло дар Русия 131 миллиардери долларӣ ба сар бурда, ин шумораи рекордӣ дар шаш соли охир аст. Соҳибкори машҳур, асосгузори ширкати "Металлоинвест" ва саҳҳоми Facebook, Алишер Усмонов бойтарини ин миллиардерҳо номида шудааст. Сарвати ӯ дар соли гузашта қариб ба 19 миллиард доллар расидааст.

Феҳрастро соҳибкороне чун Владимир Лисин, Виктор Векселберг, Михаил Фридман ва номзади пешини раёсатҷумҳурӣ Михаил Прохоров идома додаанд. Бузургтарин пешрафтро дар ин «нардбони сарват» Виктор Векселберг анҷом дод. Вай дар як сол якбора шаш зина боло рафт.

Бештари миллиардерҳои Русияро тоҷирон ва қисман соҳибкорони соҳаи фанновариҳои иттилоотӣ, ба монанди муаллифи нармафзори зиддивирусӣ Евгений Касперский ё раҳбари "Яндекс" Аркадий Волож ташкил додаанд. Бо вуҷуди пешгӯиҳои шикаст, раҳбари ширкати РусАЛ Олег Дерипаска, ки аз бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун даст кашид, бо наздик ба 13 миллиард доллар дар даҳгонаи аввал боқӣ мондааст. Раиси ЛУКОЙЛ, Воҳид Алекперов бо 12 миллиард дар ҷойи даҳум аст ва аз соҳиби бошгоҳи футболи "Челсӣ" Роман Абрамович, ки барояш пешниҳод кардаанд, Тоҷикистонро харидорӣ кунад, ки ҳамагӣ 11 миллиард доллар доштааст, пеш гузашт.

Сарвати ин миллиардерҳо дар якҷоягӣ 450 миллиард доллар буда, танҳо даҳгонаи аввал 147 миллиардро соҳибӣ кардааст. Ин дар ҳоле ки пеш аз бӯҳрони молиявӣ даҳгонаи аввал дар якҷоягӣ соҳиби 220 миллиард доллар буд.

Таҳлилгарон мегӯянд, боло рафтани теъдоди миллиардерҳои Русия на танҳо ба афтодани қурби доллар, балки ҳамчунин афзоиши экспорти маводи хом аз Русия низ бастагӣ дорад. Сардори раёсати таҳлилии Бонки сармоягузории корпоративии Русия, Максим Осадчий, ба “Коммерсант” гуфтааст, “дар ҳоле ки дар Ғарб, бештари миллиардерҳоро тавлидкунандагони фанновариҳои иттилоотӣ ташкил медиҳанд, дар Русия ҳамоно содиркунандагони маводи хом дар сафи авваланд. Таҳкими сармояи русӣ ҳодисаи хуб аст, аммо монополӣ шудани бозор ва коҳиши рақобат, бешубҳа, пайомадҳои бад доранд. Ба ғайр аз ин бад аст, ки дар пушти бисёре аз афроди ин феҳраст, ҳукумат қарор дорад.”

Зуҳури сарватмандоне, ки бо ғасби моликияти умумии замони шӯравӣ ё ҳимояти ҳукумат ба майдон омадаанд, ба ҳама кишварҳои пасошӯравӣ хос аст. Дар Тоҷикистон низ чанд миллиардер ба сар мебаранд, ки сарвати худро бо ҳимояти давлат ва порлумон ҷамъоварӣ кардаанд. Гуфта мешавад, бархе аз онҳо хешовандону наздикони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мансабдорони дигари кишваранд. Аммо то ҳол ягон бор номи онҳо дар феҳрасти муваффақтарин соҳибкорон ё сарватмандтарин ашхоси Тоҷикистон рӯ назадааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG