Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Алишер Усмонов 10 дарсади саҳмияҳошро мефурӯшад


Алишер Усмонов

Алишер Усмонов

Алишер Усмонов-миллиардери Русия ва сарватмандтарин шахс дар ин кишвар 10 дарсади саҳмияҳои силсилаширкатҳои USM-ро ба ширкате мефурӯшад. USM дар изҳороте 12 август гуфт, саҳмияҳои худро ба яке аз раҳбарони аршади худи ҳамин ширкат пас пешниҳод кардааст ва вай узви мудирияти ширкат будааст, ки гӯё ин кор тибқи ваъдаи ду сол пеши Усмонов сурат мегирад.

Дар ихтиёри Усмонов 48 дарсади саҳмияҳои умумии силсилаширкатҳои USM боқӣ хоҳад монд ва вай бузургтарин саҳҳом хоҳад буд.

Бар асоси нишондоди Блумберг Усмонов соҳиби 17 миллиард доллар дороӣ мебошад. Аммо маҷаллаи "Forbes" навишта буд, ки арзиши дороиҳои Усмонов 18,6 миллиард доллар ҳисоб шудааст.

Ҳоло USM таъкид мекунад, ки ин тасмими Усмонов бо таҳримҳои Ғарб бар зидди Русия иртибот надорад. Номи Усмонов ва ё ҳамкорони вай дар феҳристи таҳримҳои Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ворид нашудааст.

XS
SM
MD
LG