Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти миллионҳои Усмонов барои ҳимоят аз Путин


Алишер Усмонов, миллиардери Русия, зодаи Намангон.
Алишер Усмонов, миллиардери Русия, зодаи Намангон.

Ҳукумати Бритониё зери фишор аст, то зидди тоҷирони сарватманди Русия, ки дар ин кишвар сармоя доранд, таҳрим ҷорӣ кунад.

Вакилони порлумони Бритониё ва коршиносони умури хориҷӣ аз сарвазир Дейвид Кемерон хостанд, соҳибкорони наздик ба президенти Русияро зери фишор қарор диҳад. Онҳо мегӯянд, ин як посухи таъсирбахше ба Владимир Путин хоҳад буд, ки аз ҷудоихоҳони украин ҳимоят мекунад. Дар ин гуфтугӯҳо тақозо мешавад, ки пеш аз ҳама нисбати сарватмандоне монанди Роман Абрамович, Алишер Усмонов и Михаил Фридман, ки дар Бритониё манфиатҳои молӣ доранд, таҳримҳо ҷорӣ гардад.

Нашрияи The Times навишт, «ин даъватҳо замоне садо медоданд, ки Иёлоти Муттаҳида ба сарони Иттиҳоди Аврупо фишор меоварад то нисбати Русия аз таҳримҳои қавитар кор гиранд. Дар ҳарду соҳили уқёнуси Атлас бесабрӣ ва хоҳиши тезондани амал вусъат мегирад”.

Пажӯҳишгоҳи Петерсон, Маркази мутоилоти байнулмилалӣ ва Ҷамъияти сиёстшиносии Ҳенрӣ Ҷаксон ба ин даъватҳо ҳамроҳ шуда гуфтаанд, ки пуштибонии ин сарватмандон аз ҳукумати Путин хеле муҳим аст.

Агар ҳукумати Бритониё барои ҷорӣ кардани чунин таҳримҳо тасмим гирад, на танҳо се сармоядори номбаршуда, балки даҳҳо соҳибкори дигари Русия, ки бахше аз тиҷорати худро дар Бритониё пеш мебаранд, зарари молӣ хоҳанд дид. Ба ин сабаб, тавре нашрияҳои Русия менависанд, онҳо кӯшиш доранд, ки захираҳои молии худро аз Бритониё бароранд. Ҳукумати Бритониё низ густариши ин равандро тасдиқ кардааст.

Бино бар иттилои матбуоти Русия, аз сарватмандони раддаи аввал, беш аз ҳама сармояи Алишер Усмонов дар ин минтақа мечархад ва соли гузашта ӯ бойтарин шахси Бритониё ва Ирлонд шумурда шудааст. Соҳибимтиёзи ширкатҳои “Металлоинвест” ва «Майл.ру», ки сарваташ ба сурати умум 20,3 миллиард доллар шумурда шудааст, соҳиби 30 дарсади саҳмияҳои дастаи футболи «Арсенал» буда, ҳоло талош дорад, фурудгоҳи “Внуково”-и Маскавро харидорӣ кунад.

Вале акнун гуфта мешавад, сарвати Алишер Усмонов рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Аз оғози моҷарои Украина то ҳоло, ба навиштъаи шабакаи Bloomberg, 19 миллиардери Русия ба ҳисоби умумӣ 14,5 миллиард доллар зиён дидаанд. Дар ҳамин муддат 64 миллиардери амрикоӣ сарвати худро 56,5 миллиард доллар бештар карданд.

Сарватманди зодаи Намагони Ӯзбакистон – Алишер Усмонов дар ин муддат қариб 2,5 миллиард доллар зарар дидааст. Олигархи дигари рус, тоҷири пӯлод Владимир Лисин 2,4 ва соҳибкор Александр Мелиниченко 2,1 миллиард доллар гум кардаанд.

Як манбаи пинҳон ба Bloomberg гуфтааст, аксари соҳибкорони дараҷаи аввали Русия аз сиёсати Владимир Путин дар Украина хашмгинанд ва бим доранд, ки таҳримҳои афзоянда иқтисоди Русияро ба зону хоҳад нишонд.

XS
SM
MD
LG