Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси шеваи баргузории маросими арӯсӣ ақди никоҳи Нигора ва Далерро ҳашт моҳ боз зери суол қарор додааст.

Далер ва Нигора ҳашт моҳ ба ин сӯ номзад шудаанд, аммо то ҳол наметавонанд, тӯйи арӯсиашонро барпо кунанд.

Далер, ки таҳсилкардаи яке аз донишгоҳҳои Русия аст, мехоҳад маросими арӯсияш дар тарабхона ва бо ширкати овозхони маҳбубаш баргузор шавад.

Ӯ гуфт, ният дорад ҳамроҳ бо арӯсшавандааш бо либоси аврупоӣ паси мизи арӯсу домодӣ нишинад. Аммо мегӯяд ӯ, хонаводаи Нигора ба ин розӣ нестанд: «Ба ман тӯйҳои арӯсие ки бо даъвати рӯҳониён аст, маъқул нест, тӯйе карданиям, ки ҳам замонавӣ ва ба расму оини тоҷикҳо мувофиқ бошад.»

Робия Саидова, модари Нигора, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки намехоҳад, маросими арӯсии духтараш бо даъвати овозхонон ва дар тарабхона баргузор шавад. Ин модар рӯҳониёнро дар садри тӯй дидан мехоҳад ва мегӯяд: «Ман намехоҳам, ки духтарам пушти мизи арӯсӣ бо либоси аврупоӣ нишинад. Вақте ки арӯс либоси аврупоӣ мепӯшад, тамоми бадани ӯро дигарҳо мебинанд. Ин мумкин нест.»

Чанд соли охир арӯсиҳо бо ширкати рӯҳониёну қироати мавъизаҳо дар Тоҷикистон як амри роиҷ шудааст. Ихтилофи тарафҳо бар сари шеваи баргузории арӯсӣ гоҳо ҳатто ба фурӯ пошидани нақшаи тӯй низ овардааст.

Як нафар қисса кард, шоҳиди ҳодисае шудааст, ки тарафи арӯсу домод дар масъалаи шеваи баргузории маросими тӯй, бо ҳам вориди ҷанҷолу моҷаро гаштаанд: «Баҳона мекунанд, тӯй дар тарабхона ҳаром аст, мегӯянд. Лекин дар асл инҷо як чиз ҳаст, ки баъзе нафарон танҳо характер нишон медиҳанду тамом.»

Иддае бар инанд, ки тӯйи арӯсу домодӣ як базм аст, ки бояд волидайн ормони худро дар он шикананд. Бархи дигар бар ин назаранд, ки ҳузури рӯҳониён ба ҷиддияти маросим ва бақои издивоҷ мусоидат мекунад.
Вокуниши мақомоти расмӣ ба ин интихоб рӯшан аст. Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, дар баъзе мавридҳо бо баргузории туйҳои ба қавле «исломӣ» арӯсон бе никоҳи расмӣ мемонанд ва ин оиларо «нопойдор» мекунад. Вале ба эътирофи масъулони Кумитаи зан ва оила, то ба имрӯз нафаре дар мавриди шеваи баргузории тӯй ба ин ниҳод муроҷиат накардааст.

Ба гуфтаи онҳо, дар бархе мавридҳо баргузории чунин тӯйҳои исломӣ ба худи арӯсон мушкил пеш меоранд: «Чунин тӯй мекунем, гуфтани баъзеҳо танҳо як баҳонаҷӯист. Баъд арӯсонро никоҳи расмӣ намекунанд. Бояд баргузории ҳамаи маросимҳо дар доираи қонунгузорӣ бошад. Аз ҷониби дигар, қонунгузории мо чунин маросимҳоро ки бо даъвати рӯҳониён мегузарад, манъ кардааст. Лекин дар ин баробар ҳастанд ҷавононе, ки бо даъвати чандин сарояндаҳо тӯй баргузор мекунанду баъдан бо баҳонаҳои гуногун ин оилаҳо аз ҳам пош мехӯранд.»

Соҳибназарон бар ин назаранд, ки дахолати волидон ба интихоби шеваи баргузории тӯйи ҷавонон метавонад сабаби моҷароҳо ва ҳатто фурӯпошии издивоҷ гардад.

Бино бар омори расмӣ, дар соли 2013 дар кишвар 7608 оила аз ҳам пошидаанд.
Дар ҳоле ки бархе ҷавонон алоқа доранд, то тӯйи арӯсиву домодии онҳо ба шакли маъмулӣ, яъне бо омезиши унсурҳои аврупоиву миллӣ ҷараён гирад, аммо дар бештари маворид, сарнавишти тӯйро падару модарон ва ҳатто хешу табор ҳал мекунад.

Дар чунин ҳолу ҳавл, қаҳрамонҳои гузориши мо - Далер ва Нигора - 8 моҳ боз ба як қарори умумӣ нарасидаанд, ки тӯйи динӣ кунанд ё "дунявӣ"? Ва ин ки сарнавишти муҳаббати ин ду ҷавон чӣ хоҳад шуд, вақт нишон хоҳад дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG