Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими арӯсӣ. Маҳфили рӯҳониён ё овозхонҳо?


Як сокини ҷавони ноҳияи Ашт натавонистааст ба маросими арӯсияш чанде аз рӯҳониёнро даъват бикунад.

Абдураззоқ Одинаматов мегӯяд, орзу дошт, ки маросими арӯсии худро бо иштироки рӯҳониён доир кунад, вале мақомоти ҳукумати ноҳияи Ашт ба ин иҷоза надодаанд.

Вай дар ҳафтаи гузашта ба унвонии президенти Тоҷикистон низ нома навишта ва хоҳиш карда буд, ки дар баргузор кардани тӯйи исломӣ ба ӯ кӯмак кунад, вале то ҳанӯз посухе дарёфт накардааст.

"Аз мақомоти ҳукумати ноҳия омаданд, сардори Идораи амнияти ноҳия ва аз идораи танзим омада гуфтанд, ки дар тӯй бояд овозхонҳоро даъват кунем. Ман гуфтам, дар қонун гуфта нашудааст, ки ҳатман бояд овозхон биёрем. Дар қонун таъкид шудааст, ки маърака бояд камхарҷ гузарад. Барои ҳамин, на овозхон овардам ва на мулло. Ҳамин хел камхарҷ ва хеле содда маросими арӯсиро ташкил кардем",-афзуд ӯ.

Абдурозиқ Одинаматов худ хатмакардаи Мадрасаи мутавасситаи исломии Шайдон, маркази ноҳияи Ашт аст ва аз хонаводаи рӯҳонӣ мебошад. Аз ин лиҳоз мехост, ки дар маъракаи хонадоршавиаш рӯҳониён иштирок ва ба мардум аз шариату ахлоқи исломӣ сӯҳбат ва ҳамсабақонаш аз Ҳофизу Саъдӣ ғазалхонӣ кунанд.

Исомиддин Салоҳиддинов, раиси ҷамъияти "Пайванд" дар Тоҷикистон мегӯяд, таи чанд соли ахир ҷавононе ҳам, ки хатмкардаи мадрасаҳо нестанд, майл ба тӯйҳои исломӣ доранд ва иҷоза ҳам намедиҳанд, ки арӯс паси мизи арӯсӣ нишинад.

Ҷаноби Салоҳиддинов меафзояд, сабаби аслии тамоюли ҷавонон ба тӯйҳои исломӣ ва арзишҳои динӣ вуҷуди холигоҳест, ки онро донишмандону олимон ва марказҳои фарҳангию илмӣ ва фанноварӣ бояд пур мекарданд. Аммо ба гуфтаи ӯ, имрӯз нуфузи муллоҳо бештар аз донишмандон аст: "Ҷавонон, ки ҳоло саводи кофӣ ва ҷаҳонбинии комил надоранд, гирифтори ҳамин равандҳо мешаванд. Афроди рӯҳонӣ дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон аз олимону донишмандон ва адибону фозилон дида, бештар минбари васеъ ва мавқеи ҷиддӣ дар рӯзномаҳову нашрияҳо ва радиову телевизионҳо доранд."

Исомиддин Салоҳиддинов нақл мекунад, ки вақте як духтари ҷавон аз ҳамсари ҷавони худ тақозо мекунад, ки қабл аз тӯй дар пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ гулгузорӣ кунанд, вале ҷавон сарпечӣ мекунад ва мегӯяд, ки ин амал бутпарастӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон чанд омилҳоеро дастабандӣ мекунанд, ки боиси бештари ҷалби ҷавонон ба масҷиду ибодату пайравӣ аз арзишҳои мазҳабӣ шудааст. Яке аз омилҳо ҷилавгирии мақомот аз ҳузури навҷавонон дар масҷидҳо бошад, омили дигар роҳнамоии норӯшан ва нодурусти ҷавонон ба арзишҳои мазҳабӣ баршумурда мешавад.

Муҳиддин Кабирӣ
Вале Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, омили севвум ва муҳимтарро пеш меорад, ки тайи 20 соли мустақилияти Тоҷикистон ҷомеаи ин кишвар идеологияеро натавонист шакл диҳад, ки хусусан ҷавононро ба маҷрои худ кашонад: "Омили севвум вуҷуди холигоҳи идеологӣ ҳаст, ки мо баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ як ғояи пурқудрати дигаре, ки ин холигиро пур кунем, ба даст оварда натавонистем. Баъзеҳо аз пайи идеологияи зардуштӣ, ориёӣ ва ба дунболи андешаҳои дигар ҳастанд ва ташвиқ мекунанд ва қабул надоштанд, ки Ислом метавонад ин холигоҳро пур кунад."

Ҳоло ба қавли тақилилгарон, вазъи кишвар, ба вижа раванди тамоюли ҷавонон ба арзишҳои мазҳабӣ тақозо мекунад, ки дар ҷомеаи демократии Тоҷикистон роҳбурдҳои тозае пайдо карда шавад, то қишри ҷавони кишвар битавонанд хостаҳои худро берун аз масҷидҳо низ битавонанд бароварада кунанд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, пешниҳод мекунад, ки фурсате пеш омадааст, то мақомоти ҳукумати кишвар бо нерӯҳои мухталифи иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва фарҳангии кишвар паси мизи гуфтугӯ нишинанд.

Ҳоло ба сурати умум қишри ҷавони Тоҷикистон тақрибан «бочка»-и нависандаи ҳаҷвнигори рус Криловро ба ёд меорад, ки аз се тараф нерӯҳои мухталиф мехоҳанд онро ба тарафи худ кашанд. Агар аз як сӯ ҳукумати кишвар талош дорад, ки ҷавононро аз масҷид дур намуда ба тарафи худ кашад, аз тарафи дигар рӯҳониён кӯшиш доранд, онҳоро ба тарафи худ моил кунад. Тарафи севвум ниёзмандиҳои иҷтимоӣ ба шумор меояд ва ин ниёзмандӣ ҷавононро ҳаққи интихоб медиҳад, ки ба кадом тараф нигоҳ кунанд.
XS
SM
MD
LG