Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як соли домоду арӯсе, ки якдигарро рӯзи тӯй дар зери чодар дидаанд (ВИДЕО)


Алиакбар ва Фирсатмоҳ
Алиакбар ва Фирсатмоҳ

Алиакбару Фирсатмоҳ дар оғози соли 2013 издивоҷ карданд. Бо гузашти соли аввали зиндагии муштарак ин ду ҷавон аз таҷрибаи рӯзгоре, ки ин як сол барояшон додааст, қисса мекунанд.

Алиакбари 26-сола ва Фирсатмоҳи 23-сола дар оғози соли 2013 хонадор шуданд. Алиакбар 5 сол пеш аз Бадахшон ба Душанбе омадааст ва ҳар мавсим ба муҳоҷират меравад. Ӯву ҳамсараш феълан дар дар хонаи бародараш ба сар мебаранд. Алиакбар то издивоҷ бо Фирсатмоҳ хушкардае доштааст, вале модар интихоби писарро напазируфт ва худ дар ҷустуҷӯи арӯси арзанда барои писар шуд.

Фирсатмоҳ духтари бадахшониест , ки дар Кӯлоб бузург шуда ва чанд соли пеш бо волидонаш ба Душанбе кӯчид. Фирсатмоҳро модари Аликбар дар як тӯйи арусӣ таги чашм мекунад. Баъд аз хостгорӣ Алиакбар ва Фирсатмоҳ бори аввал ҳамдигарро зери чодари арӯсӣ мебинанд, зеро Фирсатмоҳ то рӯзи тӯй нахостааст, бо домод мулоқот кунад.

Ҳамин тавр, ин ду нафар ҳаёти оилавии худро бо дуои волидайн оғоз карданд. Фирсатмоҳ мегӯяд, дар ин як сол бо вуҷуди мушкилоти мухталиф, бо ҳидоят ва роҳнамоии хушдоман бо ҳам зиндагии хотирмоне доштаанд.

Як соли арӯсӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00

Алиакбар ва Фирсатмоҳ дар ҳоле тавонистаанд хонаводаи тозабунёди худро дар ин як сол ҳифз кунанд, ки бино ба омори расмӣ, ҳар сол дар кишвар то 6 ҳазор оила пош мехӯрад. Мақомоти Тоҷикистон аз он бонги изироб мезанад, ки аксари ин талоқҳо ба навхонадорон рост меояд.

Соҳибназарон набуди фарҳанги оиладорӣ, дахолати шахси сеюм, вазъи бади иҷтимоӣ, бекорӣ ва ҳамчунин раванди муҳоҷирати ҷавонон ба Русияро дар шумули омилҳое ном мебаранд, ки боиси азҳампошидани оилаҳои ҷавон мешавад.

Аммо Алиакбари Фирсатмоҳ, ки як соли аввали сарнавиштсози оиладориро пушти сар карданд, ба оянда бо умедҳои зиёд нигоҳ мекунанд. Фирсатмоҳ умед дорад, ки дар соли нави 2014 барои Алиакбар нахустин тифлашонро ба дунё биорад.Тифле, ки ба бовари ин зану шавҳари ҷавон, занҷири муҳаббат ва никоҳи онҳоро барои умрбод кафшер хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG