Пайвандҳои дастрасӣ

Дар фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ пардохтани пул барои арӯс як урфи оддист ва кам духтаре аз ин гуна "нархгузорӣ" эҳсоси таҳқир мекунад.

Аммо тағйири сохти иҷтимоӣ, фақру бекорӣ ва муҳоҷирати рӯзафзун пояҳои суннатии фарҳанги хонаводадориро низ иваз кардааст.

Қалин дигар қариб аз байн рафта, маҳр низ акнун бештар як чизи рамзист, ки дар иҷрои ҳадафи аслиаш - таҳкими пояҳои оила ва ҷилавгирӣ аз фурӯпошии хонаводаҳо - дасткӯтоҳӣ мекунад.

Тӯй бо 800 доллар?

Бино ба омори расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 130 000 тӯю маросим, аз ҷумла 94 618 тӯйи арӯсӣ барпо шуда, хароҷоти ин ҳама қариб 362 миллион сомонӣ, ё ҳудуди 74 миллион доллар шудааст. Яъне тақрибан 800 доллар барои ҳар тӯю маросим. Мақомот мегӯянд, чунин коҳиши хароҷоти тӯйҳо бо шарофати қонуни 5 сол пеш тасвибшудаи танзими расму оин аст.

Аммо Дилафрӯз, як сокини Душанбе мегӯяд, масрафоти тӯйҳои арӯсӣ баръакс боло рафта, ба фарқ аз солҳои пеш ҳоло бештар ба гардани ҷониби доротар ва асосан ба гардани волидайни арӯс уфтодааст: “Ҳама чиз ба гардани духтардор аст. Як дугонаи ман, ки духтарашро ба наздикӣ шавҳар дод, мегӯяд, қариб 25 000 доллар сарф кардааст. Гарнитураи хонаи хоб бояд бихарад, камаш 15 либоси арӯсӣ, ки фақат барои дӯхтани ҳар кадомаш 50-60 доллар меравад. Агар гарнитура набарад, дар хонаи домод таънааш мекунанд, ки ина наовардӣ, вай наовардӣ. Ҷудошавиҳо маъмулан аз ҳамин таънаҳо сар мешавад. Як гарнитураи хонаи хоб дар инҷо то 7 000 доллар аст.”

Ҳама чиз барои обрӯи арӯс!

Қонуни танзим бисотеро, ки арӯс ба хонаи домод меорад, низ маҳдуд карда, бисоти беш аз меъёр то 3 500 сомонӣ ҷарима низ дорад. Аммо дар фарҳанги мардум таҳияи бисоти кироӣ барои арӯс то ҳол як меъёри обрӯи ӯву хонаводааш маҳсуб шуда, волидайн ҳама нозу нӯзи духтари худро мебардоранд, ки духтари онҳо аз арӯсони дигар мӯе кам наояд ва бо сари баланду бисоти фаровон по ба хонаи шавҳар гузорад. Бисоти арӯс ба зану шавҳари ҷавон имкон медиҳад, ки то чанд соли дигар ҳеҷ эҳтиёҷе эҳсос накунанд.

Вале дар Тоҷикистон таҳияи бисоти арӯс ба як навъ мусобиқа табдил ёфтааст, ки оё кӣ бо куртаи бештари арӯсиву гарнитураи пурбаҳотар ба шавҳар мебарояд? Суннати дигар ҳамчунон “обрӯсоз” чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ боз ҳам тӯй аст ва ҳар тӯйдор мехоҳад аз нигоҳи дабдаба ва шукӯҳ аз дигарон боло бошад. Дар Тоҷикистон хароҷоти тӯй маъмулан байни ҷониби домоду арӯс тақсим мешавад ва ҷониби домод бархе хароҷоти асосии тӯйи арӯс, аз ҷумла равғану биринҷ ва гӯшташро ба гардан мегирад.


Абдулбасир Саидов

Абдулбасир Саидов

Дилафрӯз мегӯяд, ҷои қалинро феълан ҳамин тақсими хароҷоти тӯй гирифтааст: “Ҳангоми хостгорӣ вақте рӯйхат мебароранд, бисёриҳо қалин намегиранд, вале харҷи тӯйро тақсим мекунанд. Аммо писардорҳо як роҳи осонро ёфтаанд, ки ягон сӯм бурда медиҳанд, ки кифоят намекунад ва ман духтардорҳои зиёдеро медонам, ки баъди тӯй қарздор мешаванд.”

Қалин як урфи бостонии халқҳои Осиёи Марказист, ки баъдҳо ба одатҳои исломии ин мардум ҳам печид, то инак батадриҷ аз байн биравад. Аммо маҳр реша дар шариати исломӣ дорад ва ҳамоно побарҷост. Эшони Абдулбасир Саидов, муовини раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, маҳр василаест барои гирифтани пеши роҳи фурӯпошии оилаҳо ва ҳикматаш ҳам ин аст, ки зан дар сурати талоқ гирифтан аз шавҳар рӯи роҳ намонад: “Додани маҳр ба гардани ҳар марде ки тазвиҷ мекунад, фарз аст ва миқдори маҳр дар шариат на камтар аз 10 дирҳам муайян шудааст. Ин ба ҳисоби имрӯз тақрибан 100 доллар аст. Ҳикматаш ин аст, ки оилаҳо вайрон нашаванд.”

1362 сиккаи тило - барои ҳар арӯси эронӣ

Дар ҷомеаҳои суннимазҳаби Осиёи Марказӣ маҳрро барои рӯзи, худое нохоста, талоқи байни зану шавҳар ҳисоб мекунанд. Вале дар Эрон, ки такя ба мазҳаби шиа дорад, ҳаҷми маҳр аз як маблағи андаки рамзӣ то ҳадди ҳатто як миллион доллар фарқ мекунад. Хабарнигори эронӣ Денис Ожирӣ мегӯяд, зани эронӣ ҳаққ дорад, маҳри худро бидуни талоқ ҳам аз шавҳараш биситонад: “Ҳастанд хонаводаҳои суннатии мазҳабӣ, ки як ҷилд “Қуръон” ё ҳатто як шоха гулро маҳр мекунанд. Вале маъмулан дар Эрон маҳр бо сиккаи тило хеле мӯд шудааст. Арӯсҳо бештар баробар ба соли таваллуди худ маҳр талаб мекунанд. Масалан, агар зодаи соли 1362 шамсӣ бошад, 1362 сиккаи тило мепурсад. Ҳангоми хондани хутбаи никоҳ ин маҳр мешавад мутолиба ва арӯс ҳар мавқеъ ки хост, метавонад маҳри худро аз шавҳар талаб кунад.”

1362 сиккаи тило баробари тақрибан 1 миллион доллар аст, ки на ҳар шавҳар тавони доданашро дорад ва бисёр шуда, ки мардони эронӣ бо ҷурми напардохтани пули маҳр ба кунҷи зиндон мераванд. Абдулбасир Саидов, муовини раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, дар мазҳаби ҳанафӣ низ талаби маҳри болотар аз ҳадди ақал ҷоиз ҳаст: “Маҳр чанд навъ аст. Маҳри мусаммо ҳамон аст, ки байни ҳам шартнома мебанданд арӯсу домод, ки агар ҳамин қадар маҳри маро диҳӣ, ман туро мегирам. Агар номбар накарда бошанд, маҳри мисл лозим мешавад. Маҳри мисл ҳисоби маҳри духтарони монанд аст. Ҳикмати додани маҳр ин аст, ки мардҳо сабуксарӣ накунанд ва агар занашро талоқ дод, он зан дар кӯча намонад. Маҳрашро талаб кунад, хона бигирад ва зиндагиашро то дубора шавҳар кардан пеш бубарад.”

Рейтинги арӯсҳои туркман

Дар Узбакистон одати қалингирӣ фақат дар чанд вилоят, аз ҷумла дар Хоразму Сурхондарё боқӣ монда, пули қалин низ то ҳудуди 1000 доллар будааст. Дар Қирғизистон қалин бештар дар вилояти шимолии Талос роиҷ буда, аммо дар Туркманистон ин расм то ҳол як ченаки асосии бароварди эътибори арӯс боқӣ монда, аз 3 000 то 10 000 доллари амрикоист ва бастагӣ дорад ба “сифати мол”, яъне таҳсилоти арӯсу обрӯву боигарии волидони ӯ ва амсоли ин. Аммо агар қалини зиёдтар боиси сарбаландӣ бошад, қалини кам арӯсони туркманро баръакс шармзада мекунад, ки оё чӣ нуқсе дошт, ки ӯро назар ба духтари ҳамсоя “нарх”-и камтар карданд?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG