Пайвандҳои дастрасӣ

Қариби ними талоқҳоро дар Тоҷикистон ҷавонони аз 18 то 24-сола анҷом медиҳанд.

Бино ба омори Вазорати адлияи Тоҷикистон, агар дар сол ҳудуди 6 000 издивоҷ номнавис шавад, беш аз 15 дарсади он ба талоқ анҷом меёбад ва ҳудуди 50 дарсади оилаҳои фурӯпошидаро ҷавонони то 24-сола ташкил мекунанд.

Барои намуна, Фарҳод Насимов, сокини ноҳияи Рашт пас аз хатми мактаби миёна издивоҷ кард. Ҳоло ду фарзанд дорад ва беш аз як сол аст, ки дар Русия кор мекунад. Ҳафтае қабл ҳамсараш бо ду кӯдак аз Рашт барои дидани волидон ба ноҳияи Рӯдакӣ омадааст. Шавҳараш дар Русия ин хабарро шунида, аз тариқи телефон ҳамсарашро талоқ додааст. Далели талоқ ин буда, ки зан бе иҷозати шавҳар аз Рашт ба Рӯдакӣ омадааст.

Фирдавс Саидов, донишҷӯи соли панҷуми донишгоҳ асту ба наздики издивоҷ кард. Вай гуфт, ки дар ҷавонӣ издивоҷ кардан ду паҳлу дорад -- хуб ва бад. Хубаш ҳамин, ки ҳамсари бофаҳм дошта бошиву вазъи ту ва хонаводаатро хуб бифаҳмад: «Ҷиҳати бади издивоҷ дар ҷавонӣ ин аст, ки аз ҳисоби падару модар зиндагӣ мекунӣ, агар ҳамсарат зани намефаҳмидагӣ бошад, барои андак масъала аз қабили «чаро ӯ дораду ман надорам» ҷанҷолу нохушӣ рух медиҳад ва дар бархе аз маворид ба ҷудоӣ мебарад. Ва ман инро дар мисоли чанд ҳамсоя таҷриба кардам.»

Ҳилолбӣ Ҷумъаева, муовини раиси Кумитаи занон афзоиши теъдоди талоқро ба бетаҷрибагии ҷавонон, бемасъулиятӣ дар хонадорӣ ва муноқишаҳои арӯс бо хусуру хушдоман рабт дод ва гуфт: «Теъдоди талоқ нисбати ба соли гузашта дар маҷмӯъ ҳудуди 400 нафар зиёд шудааст. Ва далели ин, бештар созгор наомадани арӯс бо хусуру хушдоман аст.»

Зарафо Раҳмонӣ

Зарафо Раҳмонӣ

Зарафо Раҳмонӣ, раис бахши кор бо бонувони ҲНИТ дар бораи издивоҷи ҷавонон чунин изҳори назар кард: «Беҳтар аст, ки писар ё духтар маълумотдошта бошанд, соҳиби кор бошанд ва барои таъмини зиндагии худ бикӯшанд. Дар ҳоле, ки таъмини зиндагӣ бар дӯши шавҳар аст.»

Бо вуҷуди ин, Зарафо Раҳмонӣ алорағми андешаҳои худ писари бекори ҷавонашро хонадор кард ва ба писараш мошин низ харида додааст. Вай гуфт, агар як далели издивоҷи писари ҷавони вай русуми тоҷикӣ бошад, сабаби дигар шахсӣ ва хонаводагӣ мебошад: «Писари ман ҳоло кор мекунад ва моҳона мегирад. Бо вуҷуди ин, ман ниёзи ӯ ва ҳамсарашро бароварда сохтаам.»

Бар асоси таҳлилҳои Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони ғайридавлатии «Перспектива+», ки ба масоили занон расидагӣ мекунад, бештар никоҳи ҷавононе бурида мешавад, ки дар хонаи волидон зиндагӣ мекунанд ва шавҳари ҷавон аз мушкили рӯзгор бехабар аст. Ба эътиқоди вай, ҳамчунин хонавайронӣ бештар ба ҷавононе рабт дорад, ки зудҳангом издивоҷ мекунанду барои таъмини рӯзгор аз ноилоҷӣ ба муҳоҷиратӣ Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова

корӣ мераванд. Дар аксар маворид ҷавонони муҳоҷир дар кишвари дигар низ издивоҷ мекунанду талоқи телефонӣ ва пас аз он масъалаи пардохти нафақаи фарзанд ва кашмакашҳои додгоҳӣ ба миён меояд.

Давлати Тоҷикистон дар ин авохир аз ноилоҷӣ дар ҷилавгирӣ аз ин рӯйдод муҷозоти сахттареро ба ҷуз ҷарима дар пардохт накардани алимет ё нафақаи фарзандро роҳандозӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, издивоҷи зуд ҷавононро аз таҳсилу касбомӯзӣ дур мекунад. Ва бархе аз ҷавонон бино ба насиҳатҳои падару модар, дар пайи серфарзандӣ ва ташвиши таҷлили маросими фарзандон, ҳатто аз тарбияи онҳо дур мемонанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, як далели дар ҷавонӣ хонадор кардани фарзанд, ин таомули суннатии мардуми тоҷик бошад, далели дигар таассуб ба ҳамсоя ва хешу табор аст, ки зери шиори «ман аз ӯ чӣ камӣ дорам?» ба амал меояд.

Ба ин шева бархе аз падару модар қарз карда, писари худро хонадор мекунанд. Ин қарзу издивоҷу нобаҳангом, ба гуфтаи таҳлилгарон, дар аксар маворид хонавайрониро ба дунбол дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG